19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАҲДАТ – ҶАВҲАРИ АСЛИИ ҲАЁТ

 

 

--12Раҳима Шамсуллоева дар хонаводаи яке аз маорифпарварони муътабари ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Нуфузу эътибори калони хонавода ва сахтгирию таваӌӌуҳи бесобиқаи модар дар таълиму тарбияи фарзандон буд, ки бо мурури солҳо ҳама 10 нафар хоҳару бародар соҳибмаълумот гашт. Маҳз насиҳату раҳнамоии зодмандон буд, ки се нафар насли ин дудмон, аз ӌумла Раҳима ба соҳаи тиб рӯ овард.

- Фикру хаёли беохиру завқу ковишҳои кӯдакӣ атрофи чӣ гуна пайдову таваллуд шудани инсон шавқу шуни тезтар ӌавонсолу момодоя шуданро дар замирам ангехта буд. Баъди интизориҳои зиёд лаҳзаҳои ӌонбахши ҳаёт чун ба бар кардани хилъати сафед ва илму таӌрибаомӯзӣ дар коллеӌи тиббии ноҳияи Данғара фаро расиданд. Баъди се моҳи таҳсил бо мусоидати бародарам, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия, маро ба ҳайси навбатдори шабонаи шуъбаи таваллудхона ба кор гирифтанд. Дар баробари таҳсил ва таӌрибаомӯзии шабона, адабиёти фаннию лексияҳои заруриро бо ҳар роҳу восита аз шаҳри Кӯлоб дастрас мекардем, - мегӯяд Раҳима.

Дар ин ӌода нахустин раҳнамои ӯ момодояи собиқадори беморхонаи марказии ноҳия Гулбаҳор Ҳайдарова дар радифи донишу маҳорати касбӣ диду андешаи ӯро ба пешаи интихобнамудаву ӌанбаҳои гуногуни ҳаётӣ дигар кард. Ба қавли ҳампешагон, лаёқати баланду меҳру садоқати беандоза ба касбу кор, фидокориҳои самимонаву дигар шоистакориҳои Раҳимаи маҳбуби ҳамагон аз таъсири тарбияву ҳамкорию пайравӣ бо устоди ҳидоятгараш мебошад.

- То итминон ҳосил кардан, ки монои устодону мутахассисони баландпоя аз уҳдаи ҳама корҳои момодоягӣ ба хубӣ мебароям, имтиҳону санӌишҳои ҳаётро паси сар намудам, - хаёлангез идома ме­диҳад ӯ.

Сарфи назар аз мушкилиҳои дурии роҳ, солҳо дар шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳия фаъолият дошт. Он солҳо дар масири рустои Розиён, ки аз маркази ноҳия 40 километр дур буд, рӯзе як автобус ҳаракат мекарду халос.

- Аз қазо зарурати гузариши ихтисосманди соҳаи таваллуд ба беморхонаи деҳоти Хоӌа Шақиқи Балхӣ (собиқ Себистон) пеш омаду ин дархостро бе дудилагӣ пазируфтам.

Вобаста ба самти беҳбудии солимии аҳолии рустоҳои дурдаст, он шабу рӯз кор дар муассисаҳои тиббии деҳот масъулияту заҳмати бештар талаб мекард. Панди устодон буд, ки барои муваффақ гаштан дар самти фаҳмондадиҳию корҳои профилактикӣ миёни аҳолӣ бояд, ки духтурони маҳаллӣ илова ба илму таӌрибаи касбӣ, инчунин, бо меҳрубонию дилбардории сокинон бовариву маҳбубияти халқро ба даст биёранд,- мегӯяд Раҳимабону.

– Ворисони Сино, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ ва мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаётӣ вазифаи муқаддаси худро иӌро кардаанд, то абад аз ёди мардум намераванд. Рӯзҳое буданд, ки дар роҳ сӯи беморхона боварии бозгашт назди фарзандонамонро надоштем. Шабҳои сарду тӯлонии навбатдорӣ дар беморхона то саҳар бо Худо розу ниёз мекардем, ки бори дигар дидори хонаву фарзандонро насиб гардонад,- буғзи гиря дар гулу ироа медорад табиби ҳозиқ.

– Як шаби зимистон силоҳбадасте ману як ҳампешаамро аз беморхона пеш-пеш карда, ба самти номаълум мебурд. Аз тарс маӌоли овоз баровардан надоштем ва дар хомӯшии атроф танҳо садои гомҳои барфшикани мо ба гӯш мерасиду халос. Дар деҳае вориди як хонаи истиқоматӣ шудем, ки модари ӌавоне дарди интизорӣ мекашид. Танҳо баъди таваллуди навзод ва кафолати беҳбудии модару навзод рафтору гуфтори силоҳбадастон дигар шуд. Шукронаи дасти сарнавишт, ки ба бар хилъати сафед дорему он намоди покию қатъи низоъ ва кашмакашиҳои бемаънист, - ёд меорад ҳамсуҳбатам.

Ҳолиё ин бонуи фархундапай рисолати касбиро ба наслҳои ӌавон супурдаву худ ба тарбияи набераҳо ва кори боғистону қитъаҳои ёрирасони хоӌагӣ шуғл меварзад. Тавре худ иқрор меояд, дар паси ҳама хушбахтию комёбиҳои беш аз чиҳилсолаи момодоягиаш пуштибонии ҳамсари меҳрубонаш Аскаршо Сангалиев меистад, ки ба хотири саҳми бештари ӯ дар сиҳатии мардум ҳама кору масъулиятҳои хонаводагиро бар зимма гирифта буд.

-Ӌавҳари аслии ҳаёти мо ӌидду ӌаҳд ба хотири беҳбудии ҳаёт ва солимии наслҳои ояндаи кишвар буду ҳаст, - ифтихормандона изҳор медорад Раҳимабону.

                                                                                                                                                     Ӌ. Усмон,
                                                                                                                                                     ноҳияи Данғара

:.  Тандурустӣ 11.06.2020 10:29 1082

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz