Фарзона Талбиева соли 1988 дар шањри Душанбе чашм ба дунёи њастї кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёна ў дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе тањсил намуда, тахассуси кори момодоягиро соњиб мегардад.
- Апаам Зарина њамшира аст. Ман аз хурдсолї њангоми назди беморон рафтанаш ўро њамроњї менамудам. Аз њамон овон ба худ мегуфтам, ки ман низ мисли апаам бояд њамшира шавам. Аз шохчањои дарахту ручка сӯзандору месохтаму худро њамшира вонамуд карда, дугонањоямро табобат мекардам, - мегўяд Фарзона.
Њоло Фарзона дар Маркази саломатии “Сарикиштии поён”- и Љамоати дењоти Сарикиштии ноњияи Рўдакї ба њайси њамшира фаъолият дорад. Масъулиятнокї, кордонї ва садоќаташ ба кор сабаб гардид, ки як сол инҷониб мудирии Бунгоњи саломатиро низ ба зимааш вогузор намудаанд.
- Дар бунгоњ се нафар фаъолият менамоем ва дар минтақаи хеш ба 3 њазор нафар ањолї хизматрасонии тиббиро амалї менамоем. Дар бунгоњ бо ман инчунин њамширањои ботаљриба, устодам Сарварой Ќосимова ва Саломат Авазова кор мекунанд, ки ман аз онњо бисёр нозукињои кори њамширагиро омўхтаам, - мегўяд ин бонуи мушфиќ.
- Тайи солњое, ки Фарзона бо мо кор мекунад, худро њамчун корманди масъулиятшинос, уњдабаро ва зањматталаб муаррифї намудааст. Дар баробари он, ки бисёр бонуи ҳалиму мењрубон аст, ба кор муносибати љиддї зоҳир менамояд. Бемороне, ки аз табобату нигоњубинии ў бархурдор гаштаанд, изњори миннатдорї ва ризоият баён месозанд, ки бароямон ифтихор аст. Тањияи њисоботњои оморї ва њуљҷатгузории бунгоњи ба зимааш вогузоршуда низ намунаи хуби коргузории ӯст, ки дигар њамкасбон аз ӯ меомӯзанд, – мегўяд сартабиби Маркази саломатии “Саркиштии поён” Сирољ Табаров.
Дар давоми солњои корияш Фарзона курси табиби оилавиро низ бомуваффаќият хатм намуд. Тавре њамкорон иброз медоранд, донистани ному насаби њар як бемор, чӣ пиру чӣ барно, боз ҳам аз њушёриву зиракї ва масъулиятшиносии ў гувоњї медињад.
- Фарзона њамшираи дилёбу ширинзабон аст. Тавре худи беморон мегўянд, бо як дидани чењраи кушоду табассуми ширинаш аллакай худро бењтар њис мекунанд. Давоми фаъолияташ собит намуд, ки ба касби хеш содиқ буда, њамеша дар пайи худомўзї ва такмили ихтисос љањд мекунад, - мегўяд Нурулло Сафаров, духтури оилавии маркази саломатии мазкур.
- Пас аз ташхис муайян гардид, ки ба илтињоби шуш (пневмания) гирифтор шудам. Њарчанд духтурон бистарї шуданамро тавсия доданд, розї нашудам. Доруву дармон гирифтаму ба хона баргаштам. Бо њолати вазнин, шубња дар дил ба Фарзона занг задаму аз хулосаи ташхисам огоњаш намудам. “Њозир ба наздатон меоям холаљон” - гуфту чанде пас расида омад. Бо диданаш бенињоят хурсанд шудам, зеро пас аз пањн гардидани бемории COVID-19 дар Тољикистон аз шахсони ба илтињоби шуш гирифторшуда бисёриҳо дурї мељустанд. Фарзона ман ва дар ин баробар ба дигар беморон низ сӯзандору мегузаронду дору мечаконд. Њар рўз се маротиба ба аёдатам меомад. Бо доруву дармон ва суњбатҳои гарм маро болидаруњ мегардонд ва тарсу ҳаяҷонро аз ман дур месохт, - мегўяд Зарина Ѓиёсова.
Фарзона соњиби ду духтараки дўстрў - Сумая ва Оиша мебошад. Тавре худи ў мегўяд, ягон кори ѓайриоддї накардааст, танњо рисолати ба дӯш доштаашро сомон медиҳад. Мардуми мањаллаи «Завод» ва «Бурёбоф» њамеша дар њаќқи ў ва фарзандонаш дуои нек мекунанду аз самими қалб дўсташ медоранд ва њурмату эњтиромашро ба ҷо меоранд, зеро ӯ воқеан ҳам арзандаи эҳтироми ҳамагон аст.
Д. САФАР