Бо либоси ягонаи худмуҳофизатӣ аз мошин бадар шуду ба нафароне, ки ниқоби тиббӣ ба рӯй надоштанд, ниқоб тақдим намуд. Роҳравон солхурдаеро дид. Аз вазъи саломатиаш пурсон шуду аз ноҷурии ӯ дарак бурд ва чанд доруро ба ӯ пешкаш кард.
Ӯ аз вируси хатарзои COVID-19 наҳаросида, вориди майдони набард гаштааст, то марҳаме ба ҷони дардманди маризон бошад. Воқеан, кам иттифоқ меафтад, ки нафаре бо иродаи матин аз сирояти вируси ҳамагири корона хавфе набурда, бо ҷасорат ба кӯмаки ниёзмандон шитобад, то модаре ба хотири ҷигаргўшаҳояш ҷон ба саломат бубараду солхўрдае дубора умед ба зиндагӣ бандад. Ин бонуи ризокорро ном Нигора аст.
Нигора Шарипова тайи 26 сол аст, ки дар Маркази миллии “Шифобахш” ба ҳайси таҳлилгар фаъолият менамояд. Мебоист, ки моҳи июни соли равон ба рухсатии меҳнатӣ биравад, вале бо сар задани бемории ҳамагири COVID-19 тасмим гирифт, ки маҳз дар ин лаҳзаҳои ҳассос ба рухсатӣ биравад. Аммо на барои тафреҳу истироҳат, балки барои табобати онҳое, ки дар шароити хона муолиҷа мегиранду ба кӯмаки табибон ниёз доранд.
Либоси сафеди худмуҳофизатӣ ба тан хона ба хона гашта, аз ҳоли беморон дидан менамояд ва тавсияву машварат дода, сӯзандору ва обчак мегузаронад. Барои ў шабу рўз гўиё як шуда. Дақиқае телефони ҳамроҳаш ором намегирад. Аз он ҷониби телефон садои боизтироби нафареро мешунавад, ки ӯро ба ёрӣ мехонад. Қисми зиёди корафтодагонро намешиносад, зеро суроғи ӯро ба тариқи аз даҳон ба даҳон меёбанду нишонияш меҷӯянд. Ин тасмими худи ӯст, ки новобаста ба дурии роҳ бояд ба ҳама ёрӣ расонад.
Пас аз муолиҷаи бемор ба рақами кӯтоҳи 311-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар тамос гирифта, машварат мегирад ва баъдан пайи табобати беморон мегардад. Баъди дидани ин бемор ва боз суроғи бемори дигар мешитобад ва ба ин минвол рўзашро шабу шабашро рўз менамояд. Баъзан доруҳои ниёзмандонро худ харидорӣ менамояд ва танҳо дуои нек мехоҳад.
- Як беморам гирифтори бемории қанд аст. Пайваста дидорбиниаш меравам. Ду писар дошт, ки яке фавтиду дигаре дар муҳоҷират аст ва бо сабаби банд будани роҳҳо наметавонад ба Ватан баргардад. Чанд рўз қабл ин бемор дар тамос шуду аз бад шудани вазъи саломатиаш хабар дод. Вақте ба манзилаш расидам, мебоист ба ӯ зуд дору мегузарондам. Имкони хариди доруро надошт. Доруро харидорӣ кардаму таъҷилан ба муолиҷааш пардохтам. Ҳар як дақиқаро набояд ба таъхир гузошт, дар акси ҳол метавон беморро аз даст дод, - мегӯяд Нигорабону.
Қариб ҳар рўз бо чунин ҳолат вомехўрад. Ба қадри имкон кўмак менамояду ҳеҷ гоҳ аз касе дираме намегирад.
Ҳамарӯза бо худ 200 адад ниқоби тиббӣ гирифта, ба ниёзмандон ройгон тақсим месозад. Бахусус, ба хонаводаи беморонаш. Хонаи беморон гӯё хонаи дуввуми ӯст. Ҳатто замоне, ки писараш ба ин бемории ҳамагир гирифтор шуд, ба ӯ дору мегузаронду баъдан сӯи дигар маризон мешитофт. Бо инояти Парвардигор то имрўз ҳар бемореро, ки муоллиҷа намудааст, сиҳат ёфтаанд.
Писаронаш, ки донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3-и Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон мебошанд, низ ҳамроҳ бо модар ба табобати беморон камар бастаанд. Онҳо низ мисли модари хеш ба хонаи дардмандоне, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд, рӯ оварда, баъди муоина тавсияи духтуронро мегиранд ва ба муолиҷа мепардозанд. Агарчи ҷавонанд, бо ҷасорату матонат дар ин сангари набард истодаанд. Мегӯянд, ки нотарсӣ душмани беморист ва набояд ба таҳлуқа дода шуд.
Воқеан ҳам, ин бону бо писарони ғаюри хеш фидоии пешаи интихобнамудаашон мебошанд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, баҳри рафъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон амалҳои хайр анҷом медиҳанд.
Бунафша