«Беҳдошт ва қоидаҳои гигиениро риоя намоем»
Саидбек Сатторов:
Дар бораи намудҳои микроорганизмҳо ва чӣ гуна эмин мондани инсон аз сирояти бактерияҳо, вирусҳо ва занбурӯғҳои сироятӣ ба суолҳои мо профессор Саидбег Сатторов, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоӌикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино посух медиҳад.
- Аксаран хуруӌи ин ё он бемориҳои сироятӣ ба фаслҳои сол бастагӣ дорад ва кадоме аз ин маризиҳо бештар ба саломатии инсон хатарнок аст?
- Дар давраҳои пешин одамон дар бораи микроорганизмҳо тасаввурот надоштанд, лекин роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳоро ба ҳамдигар тавсия медоданд. Масалан, маризии домана, ки байни аҳолӣ зуд – зуд паҳн мегашт, даст шустану бо мариз бо даҳону бинии маҳкам тамос гирифтанро маслиҳат медоданд. Баъди пайдо шудани заррабин илман мавӌуд будани микроорганизмҳо кашф гардид.
Ҳамаи бемориҳои сироятӣ барои саломатии одам хатарнок аст. Зеро сари вақт табобат накардан ва беаҳамиятӣ зоҳир намудан ба маризиҳои сироятӣ оризаҳои дигарро ба вуӌуд меоранд.
Одам ба бемориҳои сироятии вирусӣ ва бактериявӣ бо роҳҳои гуногун гирифтор мешавад. Масалан, маризиҳои сил, зуком ва бемории наве, ки имрӯз дунёро такон медиҳад, COVID - 19 маҳз бо роҳи ҳавоӣ – қатравӣ аз шахс ба шахси дигар мегузарад. Бо заҳролуд шудани рӯда аз истеъмоли обу ғизои носолим ва ворид гардидани бактерияҳо ба рӯда эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои домана, зардпарвин ва илтиҳоби шадиди хунин зиёд мешавад.
Бештари бемориҳои сироятӣ мавсимӣ мебошанд, зуком дар фасли сармо авӌ мегирад, илтиҳоби хунин бошад, дар тобистон хуруӌ менамояд.
Ҳамчунин, сироятёбӣ аз бемориҳои вирусӣ, ки тариқи тамоси ӌинсӣ (маризиҳои венерикӣ мегӯянд, ба амсоли ВНМО) мегузарад, сил, фалаӌ ва девонагӣ, ки ба истилоҳи «саги девона газидагӣ» маъмул аст, мавсими муайян надоранд.
- Паҳн шудани бемориҳои вирусӣ ё бактериявӣ ба шароити иқлими ӌуғрофӣ вобаста аст ё на?
- Бале, дар аксар маврид пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ё хуруӌи он ба омилҳои табиии иқлим ва ҳамчунин, ба хосияти генетикии ҳар миллат вобаста мебошад. Вале, дар ҳама ҳолат, василаи асосии пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ риояи беҳдошт ва тозагӣ аст. Зеро ин маризиҳо тариқи даст расондан ба ашёи атрофи шахси сироятёфта ё бемор, ё тариқи тамос мегузаранд.
- COVID - 19 ҳам аз ӌумлаи бемориҳои сироятии вирусӣ маҳсуб меёбад. Ин чӣ гуна вирус аст ва он дар шароити ӌуғрофии Тоӌикистон чӣ гуна паси сар мешавад?
- Бемории сироятии COVID - 19 ба гурӯҳи бемориҳои шадиди роҳи нафаскашӣ шомил мешавад. То имрӯз зиёда аз 40 намуди коронавирус маълум шудааст, ки қисман ба ҳайвонот, парандаву хазандаҳо хос мебошад. Беш аз даҳ навъи коронавирус дар бадани инсон вуӌуд дорад. Дар аксар ҳолат ин намуди вирусҳо метавонанд, ба организмҳои зиндаи гуногун, аз ӌумла одам, ҳайвонот, парандагону хазандагон сироят кунанд. Намудҳои маълум бемориҳои сабуки зукоммонандро ба амал меоварданд.
Дар натиӌаи тағйирпазирии ирсӣ байни ду зернамуд (гӯё байни зернамуди хазанда ва паранда) мубодилаи ирсӣ ба миён омада, зернамуди нав пайдо шуд. Аз он ки дар организми инсон масуният ба ин вирус набуд, омили паҳн шудан ва маргу мири инсон дар кураи Замин гашт.
Андешаҳо сари ин мавзӯъ зиёданд. Аз он ки аксаран зукомро бо нишонаҳои гуногун гузаронданд, онро ба бемории сироятёбӣ аз коронавирус алоқаманд медонанд. Яъне, гӯё мардуми тоӌик ин маризиро кайҳо пушти сар кардааст. Вале ин гуфтаҳо асос надоранд, зеро касе дар ин маврид таҳлил ё тадқиқот набурдааст. Масунияти аҳолӣ дар бобати он ки оё ин вирус дар организми он нафарон буд ё набуд, санӌида ё собит нашудааст. Барои таҳлил ва тадқиқот сари ин мавзӯъ шароити лабораторӣ даркор нест, танҳо маводи ташхисӣ басанда асту халос.
- Дуруст аст, ки пайдоиши ин вируси навро кори дасти одамон мегӯянд? Шумо чӣ назар доред?
- Ин овоза асос надорад ва шояд ин андеша сабабгори вайрон шудани муносибатҳои байни кишварҳо ҳам гардад. Воқеан, пешрафти илму техникаи имрӯза ба қудрати инсоният бовар карданро дорад. Вале ин намуди вирусро, ки боиси талафоти ӌониву пастравии иқтисодиёти кишварҳои дунё гашта истодааст, набояд кори дасти инсон номид…
Алҳол вирусологҳои ӌаҳонӣ сари ин андешаанд, ки вируси нав дар натиӌаи мубодилаи ирсии байни ду зернамуди коронавирусҳо ба амал омадааст.
- Бо пешрафти илму техникаи муосир ҳанӯз ҳам мардум ба тибби қадим эътимод доранд ва махсусан дар мавриди мубтало гаштан ба маризиҳои вирусию бактериявӣ аз рустаниҳои шифобахш (монанди испанд, аӌик ва лимӯ ) васеъ истифода мебаранд. Оё рустаниҳо қобилияти нобуд сохтани вирусу бактерияҳоро доранд?
- Воқеан, ҳамин ихлосу боварист, ки бо сар задани маризи сироятии COVID - 19 нархи рустаниҳоро дар бозор боло бурд. Вале то имрӯз илм нобуд кардани вирусу бактерияҳоро тариқи рустаниҳо собит накардааст. Рустаниҳои шифобахш масунияти инсонро баланд менамоянд. Агар масуният баланд бошад, эҳтимоли гирифторшавӣ ба ҳар гуна беморӣ ҳам кам мегардад. Шояд ҳиссачаҳои равғании дуди испанд, ки маъмулан онро қариб дар аксар кишварҳои дунё истифода мебаранд, ҳангоми нафас кашидан сатҳи болоии луобҳоро мепӯшонад ва ангезиши уфунат (инфексия) – ро суст менамояд. Аӌикро барои паст намудани ҳарорати бадан истифода бурдан дуруст аст, вале хӯрдани он тавсия дода намешавад.
Мавсими баҳор норасоии витаминҳо дар организм эҳсос мешавад ва гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ аз эҳтимол дур нест. Масуният танҳо аз витамини С иборат набуда, истеъмоли рустаниҳои шифобахш, аз қабили чукрию торон, сиёҳалафу рошак ва ғайра манфиатовар аст. Ҳамчунин, меваю сабзавот ва кабудӣ масуниятро дар организм зиёд мекунанд. Масунияти баланд ӌисми бегона (антитела) - ҳоро дар бадан ба вуӌуд меорад, ки инсонро аз ҳар гуна бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ ҳифз менамоянд.
- То имрӯз аз ӌониби олимони соҳа барои пешгирӣ аз вируси нав ваксина коркард нашуда, доруворӣ ҳам барои табобати мубталоёни сироятёфтаи коронавирус вуӌуд надорад. Хушбахтона, шумораи шифоёфтаҳо аз ин маризӣ ба маротиб меафзояд. Онҳо чӣ гуна аз COVID - 19 наӌот меёбанд?
- Бале, дар бобати ҳар чӣ тезтар наӌот додани сироятёфтагони коронавирус намудҳои гуногуни доруворӣ, ки барои табобати бемориҳои вараӌа, зуком ва илтиҳоби шадиди шуш фаро гирифта мешуд, пизишкон истифода намуданд. Вале, бенатиӌа. Бори дигар собит шуд, ки онҳое, ки масунияти баланд доштанд ба ин вирус муқобилият нишон дода тавонистанд ва ба воситаи дастгоҳи нафаси сунъӣ наӌот ёфтанд. Сироятёфтагони бемориҳои дигари музминдошта (аз қабили диабети қанд, норасоии масунияти бадан, фишорбаландӣ, бемориҳои дил) бо паст шудани масунияташон аз хуруӌи илтиҳоби шадиди шуш мефавтанд.
- Барои ҳимоя аз сироятёбӣ аз ҳар намуди вирусҳо, бахусус, коронавирус чӣ бояд кард?
- Пандемияи сироятёбӣ аз коронавирус то кай давом мекунад, маълум нест. Кас метавонад танҳо бо роҳҳои риояи қоидаҳои гигиенӣ ва беҳдоштӣ сироят наёбад. Албатта, шустани дастҳо, истифодаи ниқоб, аз ӌойҳои серодам канора ӌустан, истеъмоли хӯрокҳои серғизо ба ин гуфтаҳо алоқаманд мебошанд.
Қутбия Неъматулло