Ў дар дурдасттарин зовияи љануби кишвар - рустои Арабхонаи ноњияи Носири Хусрав чашм ба олами њастї кушодааст. Ин ќарияи интињоии ќаламрави кишвар, ки аз асари кўњпораи сангини канораи офтобшинаш дар тобистон танўри тафсонро мемонад, Офтобхона низ ном мебаранд.
Дар муњите, ки сокинонаш ба шарофати зањматњои дастї ва њунару пешањои аљдодї ризќу рўзї меёфтанд, то њоли њозир њам кам духтароне ёфт мешаванд, ки дар дил орзуи идомаи тањсил дар мактабњои олиро дошта бошанд. Сокинони «Хонаи Офтоб» на расму оинњои ќолабї, балки афкору ахлоќи вижае дораннд, ки дар раванди љањонишавї њам, ба гуфте, ба њар созе намесозанд...
Рўзе аз рўзгорон ба мактаби дења намояндагони соњаи тандурустии вилоят ташриф оварда, дар баробари муоинаи хонандагон, атрофи љалби онњо ба коллељу донишгоњи тиббї суњбат оростанд. Аз њамон лањзањои хотирмон Њусния мафтуни либоси ороставу одобу малакаи суханварии табибони њозиќ гардида, дар дил орзуи духтур шуданро парварид. Азбаски дар оилаи дењќони одї ба воя мерасид, то хатми мактаб ба пиндори «мо куљову шањри орзуњову олами донишљўї куљо» њавасу ормонњои духтаронаи худро дар дил мањфуз медошт. Зеро дар дењоти аз марказњои маъмурї дар канор, ки фарњангу иттилооти рўзмарра куљо, матбуоти даврї њафтае як бор танњо ба нишонии мактабу беморхона ва идораи љамоати дењот меоранд, мусалламан дар мавриди ояндаи духтарон тафаккури хурофотї ѓолиб меояд.
Бахт омад карду соле, ки Њусния тањсилоти миёнаи умумиро хатм мекард, барои иштирок дар озмуни Квотаи президентї барои тањсил дар муассисањои олї роњ ёфт. Биноан, баъди ѓолибият донишљўи Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино гардид. Як духтари одии дењотї, ки дар масири амалисозии орзуњои афсонавиаш, дастгирии падаронаву таваљљуњи махсуси Роњбари давлатро дар илму касбомўзии љавондухтарони рустоњои дурдаст эњсос кард. Даврони донишљўиро имтињони садоќат ба боварию эътимоди давлат нисбат ба духтарони болаёќат дониста, бо њама њастї ба илму донишандўзї пардохта буд.
Соли 2014, баъди хатми донишгоњ як сол дар интернатураи беморхонаи Ќарияи Болои шањри Бохтар тањсил карда, аз соли 2015 фаъолияти касбии худро ба њайси мудири шуъбаи беморињои амрози дарунии беморхонаи марказии ноњияи Носири Хусрав оѓоз бахшид.
- Соли 2017 бо маќсади такмили ихтисос ва табодули таљриба ба Федератсияи Россия сафар намуда, баъди бозгашт ба сифати мудири шуъбаи амрози дарунаи беморхонаи марказї фаъолият доштам, - иброз намуд Њусния Дурманова. – Норасоии табибони дараљаи олї аз мушкилоти умдаи соњаи тандурустии ноњияи Носири Хусрав мањсуб меёбад. Дар беморхонаи марказии ноњия, ки нуфуси ањолї ба 37 њазор нафар мерасад, њамагї ду духтури беморињои амрози даруна фаъолият дошт. Аз моњи августи соли 2019 вазифаи директори Маркази ташаккули њаёти солимро ба уњда дорам. Дар беморхонаи марказии ноњия табиби беморињои дил ва мутахассиси анестезиолог намерасад. Аз сўи дигар, табибони ноњия ба бозомўзию табодули таљрибаи касбї сахт ниёз доранд, вале бинобар мушкилињои иќтисодї дар курсњои такмили ихтисос иштирок карда наметавонанд. Шахсан, агар бароям имкон даст дињад, иловатан ихтисоси беморињои ќалбро низ азбар мекардам,- мегўяд Њусниябону.
Ин бонуи масъулиятшинос доимо дар зикри бењбуди саломатии мардум аст. Аз камбуду набудани дармонгоњњо изњори нигаронї мекунад:
- Бо мурури навгонию бењбудињо дар дигар љабњањои хољагии халќ, шароити хизматрасонии тиббї дар ноњия низ рў ба бењбудї оварда истодааст. Тибќи наќша дар назди МТМУ №26 бунёди беморхонаи замонавї ба наќша гирифта шудааст. Ба љуз беморхонаи марказии ноњия, дар Љамоати дењоти «Наврўз» як беморхонаи раќамї фаъолият дорад. Аз се бунгоњи тиббї имрўз фаќат як адади он маќсаднок истифода бурда мешавад. Як бинои бунгоњ китобхона ва дувумї ба њуљраи кори нозири мањаллї табдил дода шудааст. Мутмаинам, ки масъулон бо таваљљуњ ба њалли ин ва дигар мушкилоти њалталаб дар самти тарбияву омодасозии кадрњои љавони риштаи тиб, бењбудии хизматрасонии тандурустї ва умуман, рушди минбаъдаи соњаи тандурустї дар ин ноњияи дурдаст сањми худро мегузоранд.
Ба гоњи бозгашт аз сафари шањрњои пешрафта Њусниябону то њадди имкон мекўшад, то дидаву шунидањои судмандашро бањри бењбудии солимии сокинон дар амал татбиќ намояд. Дастпарвари Квотаи президентї итминони комил дорад, ки бо мурури боло рафтани сатњи иќтисодиёт роњбарияти олии мамлакат ноњияи Носири Хусравро аз лињози хизматрасонии тиббї ба сатњи шањрњои пешрафта мерасонанд.
– Мо, љавонони ин ноҳияи навбунёд, бояд касбу њунарњоеро биомўзем, то дар пайравї аз иќдомњои созандаи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бањри пешрафту тараќќиёти Ватани азиз сањми муносиб гузошта бошем. Рушду ободонї ва барои ба як гўшаи ободу пешрафтаи кишвар табдил ёфтани ноњияи Носири Хусрав, аз иродаву хоњиши сокинони он вобастагї дорад,- таъкид медорад Њусния Дурманова. - Бунёду мавриди истифода ќарор гирифтани марказњои эњёгарї дар шањрњои мамлакат аз рўйдодњои муњим дар самти бењдошти солимии модару кўдак арзёбї мегардад. Кош дар ноњияи Ќубодиён, Шањритуз ё Носири Хусрав низ чунин маркази эњёгарї таъсис дода шавад. Зеро мањз модарону кўдакони ин навоњии дурдаст ба чунин хизматрасонињои тиббии муосир эњтиёљи бештар доранд.
Ба гуфти табиби мушфиќ, бинобар норасоии ѓизо ва дигар омилњои иљтимої дар ноњияи Носири Хусрав миёни модарони ќобили таваллуд, бемории камхунї ва аз њисоби кўдакони навзод то синни 6 - сола иллати камвазнї зиёд мушоњида мешавад. Барои пешгирї аз оќибатњои ин беморињо Маркази ташаккули њаёти солим њар моњ бо иштироки занону духтарон ва кормандони соњањои гуногуни ноњия суњбат - машварату семинарњои омўзишї баргузор менамоянд.
Њусния Дурманова маќсад гузоштааст, ки сабабу омилњои пайдоиши беморињои фишорбаландї, иллатњои ќалб миёни модарону кўдакони навзодро мавриди омўзиш ќарор дињад. Дар як соли охир 6 њолати иллатњои модарзодии ќалб миёни кўдакони то шашсола ба ќайд гирифта шудааст, ки ин боиси нигаронии табибон аст.
Љ. САЙФИДДИН,
ноњияи Носири Хусрав