Ў 36 сол боз дар иртибот ба пешаи интихобнамуда бо саломатии модару кўдак сару кор дорад. Бонуи корозмуда солимии модарро дар пешбурди зиндагии хонаводагї ва тарбияи фарзанд дар мадди аввал мегузорад. Бо таќозои касб ва гузашти солњо Муяссара Очилова дар љараёни фаъолияташ шоњиди воќеањои зиёде шуд, ки дар он наќши асосиро вазъи саломатии модару кўдак бозидааст. Шоњиди маргу мири модарону тифлон гашт, ки аз беэътиноии бонувон нисбат ба саломатиашон оилањо пароканда шуданд, кўдакон ятиму бепарастор монданд. Ба гуфтаи ў, њар яке аз он њодисот дар андўхтани таљрибаи кору рўзгор барояш дарсе нотакрор шуд.
- Одатан, ба табиби акушер – гинеколог занњои ќобили таваллуд мурољиат менамоянд, яъне асосан бонувоне, ки даврањои њомиладориро мегузаронанд. Њол он ки маризињои марбут ба узвњои занона аксар баъд аз таваллуд мондан дар организми зан пайдо мешаванд, аз ќабили саратони гарданаки бачадон, саратони ѓадуди сина ва ѓайра. Мутаассифона, аксари занон нисбат ба саломатии худ беањамиятанд ва одитарин ќоидањои тарзи њаёти солимро риоя намекунанд, ки оќибат бо оризањои вазнини маризињо ба беморхона меоянд. Ва дар баъзе њолатњо дар њалли ин мушкилї мутахассисон њам ољиз мемонанд.
Табиист, ки инсон ба ќадри солимї пас аз гирифторшавї ба ин ё он беморї мерасад. Шахси дардманд танњо баъд аз гирифторӣ дар андешаи чї гуна шифо ёфтан мешавад. Пас, модаре, ки саломатиашро аз даст додааст, чї гуна метавонад рисолати модариро ба љо орад? Дар њар суњбати рў ба рў бо бонувон, њатман ин нуктаро ёдрас мешавам ва таъкид менамоям, то нисбат ба саломатиашон бепарво набошанд. Яъне, солимии зан солимии ањли хонадон ва хушбахтии фарзандони ўст, - мегўяд бонуи табиб.
Ростгўї шеваи тарбия аст
Муяссара Очилова дар тарбияи фарзанд ба панди гузаштагон такя намуда, андарзњои бузургонро бењтарин дастур барои ба воя расондани фарзанди солењу некхирад ва поксиришт мешуморад. Ў, ки дар хонаводаи серфарзанд ба камол расидааст, дар тарбияи фарзандони худ аз усулњои оиладории волидонаш истифода мебарад. Ростгўї, њаќљўї, дашном надодани атрофиён, ќарз нагирифтан, сарфакорию эњтироми калонсолон ва пос доштани нону намаки дўстро зодмандонаш шеваи таъсирбахш дар тарбия намудани фарзанд медонистанд. Ин буд, ки волидон 8 фарзандро ба воя расонданд ва њамагї соњибмаълумот гаштанду номбардори падару модар.
- Гуфтае њаст, ки падаре пас аз 40 - рўза шудани тифлаш мехост, то дар тарбияи фарзанди навзодаш аз Луќмони Њаким маслињат бигирад. Донишманд аз 40 рўз таъхир афтодан дар тарбияи кўдак хабар медиҳад. Воќеан, ин ривоят пурмаънист, ки имрўз илми муосир низ онро љонибдорї менамояд. Яъне, рисолати модарї аз батни модар оѓоз меёбад.
Дар љараёни фаъолият бо њолатњои зиёде дар ин боб вохўрдаам. Ба воситаи дастгоњи ултрасадої њолати тифли дар батнбудаи ду модарро, ки яке афсурдањол буду дигаре хушњол, санљидам. Тифли аввалї мисли модар чењраи ѓамгину гирифта дошт, дигарї бошад, лабњояш моил ба табассум буданд. Аз ин хотир, њолати рўњии зани њомила мебоист њамеша хуш бошад. Аз тамошои манзарањои зебо њаловат барад ва аз њодисањои вањму тарс дурї љўяд. Зеро рўњияи љанини дар батнбуда аз њолати бади равонии модар осеб мебинад, - иброз дошт Муяссарабону.
Фарзанд азиз, одобаш азизтар аз ў…
Табиби њозиќ мегўяд, оиладориаш дар баробари фаъолияти кориаш оѓоз ёфтааст. Бо њамсараш, њамсабаќи давраи донишљўиаш, 36 сол боз зиндагии пур аз нишоту шодї дорад. Роњњои пурпечутоби њаётро бо њам тай кардаанду аз ин њамзистї соњиби 4 фарзанд гаштаанд. Шањзод дар Ташкилоти байналмилалии Юнисеф ба њайси аудит фаъолият менамояд. Шоњин орзуи низомї буданро, ки дошт, баъди тањсилоти олї корманди њарбї шуд. Духтари ягонаи хонадон Гулбањор пешаи модарро интихоб намуд ва имрўз дар хидмати офарандагони насли оянда мебошад. Фарзанди хурдии хонавода Шукрулло хатмкунандаи Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М. Осимї аст.
- Фарзанд бе мушкилї ба воя намерасад ва танњо модар бардошти ин њама азобу ранљњои калон кардани тифлро дорад. Барои зани коргар ба воя расондан ва тарбияи кўдак дучанд мушкил аст. Ман дар муддати фаъолияти табибиам боре барои нигоњубини кўдак дар рухсатї набудам, агарчї ёрдамчї њам надоштам. Њамдигарфањмии байни зану шавњар, эњтиром ба суннатњои оиладорї сутуни хонаводагиамонро мустањкам намудааст, ки то имрўз дар њалли мушкили якдигар њамдаму ёвар њастем, - иброз медорад Муяссара Очилова.
Аз он ки модар бештари ваќтро бо кўдак мегузаронад, фарзанд он њама нозу нузро ба модар мекунад. Ин бонуи хушрўзгор бароварда намудани тамоми хоњиши фарзандро, бахусус дар давраи хурдсолии кўдак, дуруст намењисобад. Эрка ба воя расидани кўдак бадтарин хислатест, ки як умр садди роњи пешрафти зиндагиаш хоњад гашт.
- Воќеан, фарзанд азиз аст, вале одобаш азизтар аз ўст. Волидон мекўшанд, то камбудињои дар давоми зиндагї дидаашонро фарзандонашон набинанд. Шабу рўз зањмат кашида, маблаѓ пайдо мекунанд ва барои хондану зиндагии минбаъдаи фарзандон шароити мусоид муњайё месозанд. Тарбияро бошад, дар љойи дуюм мегузоранд, вале ин тарзи муносибат ё тарбия дуруст нест. Шахсе, ки барои сохтани зиндагии осоиштааш зањмат накашад, њељ гоњ ба ќадри мењнати дигарон намерасад ва оќибат дар нимароњи њаёт сарсону саргардон мемонад. Ба фарзандон њамеша мењнатдўстиро талќин менамоям, зеро аз пушти зањмати хеш нон хўрданро омўхтан њам, як шохаи тарбият аст, - мегўяд мавсуф.
Ќ. Неъматулло