Ба файласуфе суол доданд: «Барои инсон чӣ чиз арзишмандтар аст – сарват, ё шуњрат?» Ў љавоб дод: «На сарват ва на шуњрат муҷиби хушбахтии инсон буда наметавонанд. Бенавое, ки тани сињат дорад, хушбахттар аз шоњи бемор аст».
Воќеан њам, солимї ганљи бебањост, ки ба ќадри он инсонҳо он лаҳзае мерасанд, ки пешорӯи оризаҳои ҷиддӣ қарор мегиранд. Дар мавриди ин ё он беморї аксарият иттилооти умумиро дороянд, лек оид ба бемории баногўш, ки онро дар тиб паротити сироятї ва миёни мардум ғургӯшак (свинка) низ мегӯянд, маълумоти кофӣ дастрас нест. Оид ба ин беморї андешањои гуногуни хурофотї ва бофта зиёд аст, ки гўё дуд додани бадани бемор ва сиёҳӣ молидан ба қитъаи осебдида ин маризиро пурра аз байн мебурда бошад. Дар хусуси бемории мазкур ва роҳҳои табобати он бо табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии № 11-и пойтахт Зулайхо Тӯрақулова суҳбат оростем:
- Хусусияти бемории баногӯш чӣ гуна аст ва киҳо бештар ба он гирифтор мешаванд?
- Аломати назарраси ин беморӣ он аст, ки дар атрофи гӯш ва қисми гардан омоси калоне пайдо мегардад. Номи беморӣ, яъне баногӯш низ аз он бармеояд ва пеш аз њама, бофтањои ѓадудиро иллатнок менамояд. Ҷараёни илтињобии ѓадудњо - ба монанди илтињоби ѓадудњои назди гўш ва обидањонї, баъзан ѓадудњои оби дањонии зери забон ва љоѓи поён, дар њолатњои кам дар ѓадуди зери меъда ба вуќўъ меояд. Ба бемории баногўш бештар кўдакон гирифтор мешаванд. 90 фисади њодисањои гирифторшавї ба ин беморї дар кўдакону наврасони то синни 15-сола ба вуқуъ меояд. Аз ин миён боз кӯдакони 3-7-сола бештар гирифтор мешаванд. Аҳёнан ба бемории баногӯш калонсолон низ мубтало мегарданд, ки назар ба кўдакон ин беморӣ дар онҳо вазнинтар мегузарад, ки метавонад инсонро бо оризањои ҷиддӣ рӯбарӯ созад.
- Ғайр аз омоси зери гӯш боз чӣ дигаргуниҳо дар организм ба вуқуъ меояд?
- Оѓози бемории паротит ё худ баногўш хеле шадид аст. Њарорати бадан метавонад то 38-39 дараља бирасад ва ин ҳолат аз 5 то 7 рӯз давом ёбад. Заифї, дарди сар, баъзан дарди дандон, дарди атрофии гўшњо ва бофтањо кўдакро безобита мегардонад. Ва аз духтарон дида, писарон ду маротиба бештар гирифтори баногўш мешаванд, ки олимон сабаби инро ҳанӯз ифшо накардаанд.
- Маъмулан бемориҳои сироятӣ аз як шахс ба шахси дигар метавонанд зуд интиќол ёбанд. Роњњои гузариши ин беморӣ кадомҳоянд?
- Вируси бемории баногўш ба мисли бемориҳои шадиди роҳҳои нафас бо роњи њавої-ќатрагї, яъне ҳангоми суҳбат, атса ва сулфазанӣ аз шахси бемор ба нафари солим мегузарад. Шурӯъ аз рӯзҳои 1 - 2-юми сироятёбӣ, ки нафари бемор бештар аз он ҳатто огаҳ намеёбад, то 9 рӯзи баъди зуҳур кардани беморӣ хатари сироятпазирӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, саривақт ба табиби оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст. Давраи ниҳонии ин беморӣ 2 – 2,5 ҳафтаро дар бар мегирад. Бемор ҳатман бояд дар бемористон ва ё дар хона бистарӣ карда шавад. Одатан дар шаҳри Душанбе кӯдакони бемори баногӯшро дар шуъбаи сирояти кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии маъмул бо номи 1-ум Советский бистарӣ менамоянд.
- Оризањои ҷиддии ин беморӣ кадомҳоянд?
- Аввалин оризаи ҷиддии ин беморӣ он аст, ки писаронро метавонад ба бемории безурётӣ гирифтор созад. Орхит – илтиҳоби тухмаҳо воқеан дар 15 % писарон вомехӯрад. Табобати саривақтӣ ин бемориро бартараф месозад. Аломатҳои саршавии орхит метавонад дар рӯзҳои 5-7-уми беморӣ ва ё баъди 2 ҳафта зоҳир гардад. Ин баланд шудани ҳарорат то 39-40 дараҷа, дарди шадиди тухмаҳо бо гузариш ба самти қадкашак, миён ва кос, варамидан ва сурх шудани тухмҳо мебошанд, ки дар ин ҳолат фавран ба духтур мебояд муроҷиат кард. Баногӯш ба духтарон низ метавонад таъсири манфӣ расонад, махсусан дар синни 10-12-солагӣ. Оризаҳои он дар илтиҳоби тухмдонҳо зуҳур менамояд ва метавонад ба вайроншавии давраи ҳайз ва ҳатто безурётӣ орад. Таби баланд, эҳсоси дард дар қисми поёни шикам ва миён аз аломатҳои он аст. Лек баногӯш оризаи дигареро низ метавонад ба миён орад: тақрибан дар 40 % кӯдакони гирифтори баногӯш дар рӯзҳои 2-3-юм ин беморӣ метавонад ба ғадуди зери меъда осеби ҷиддӣ расонда, ба бемории панкреатити музмин табдил ёбад.
- Нигоҳубини бемор дар хона чӣ гуна бояд сурат гирад?
- Доруҳои махсус барои табобати баногӯш вуҷуд надоранд. Дуд додан ва сиёҳӣ молидан ба зери гӯшу гулӯи бемор хурофоте беш нест. Эҳтимол дар марҳилае ба усулҳои анъанавӣ рӯ меоранд, ки шиддати беморӣ худ оҳиста-оҳиста паст мегардад ва онро маҳз натиҷаи чунин табобат мепиндоранд.
Ҳангоми нигоҳубини бемор даҳонпӯш доштан ҳатмист. Ба тариқи ашёҳои рӯзгор сироят кам интиқол меёбад, чунки вирусе, ки бемории баногӯшро ба вуҷуд меорад, дар муҳити атроф зуд нобуд мегардад. Ҷойи варамидаи гӯшро гарм нигоҳ дошта, докаи гарм гузоштан низ муфид мебошад. Муҳим кӯдакро дар бистар нигоҳ доштан зарур аст, то оне, ки таби баландаш рафъ гардад. Ба ин тариқ, хатари ба оризаҳои ҷиддӣ гирифторшавӣ коҳиш меёбад.
С. Ашӯрова