Гавҳари қалбҳо
Гавњарбону барои оила шодию сурур бахшид. Падар, ки меъмору модар дўзанда буданд, барои тарбияи фарзандон њамаљониба зањмат мекашиданд. Онњо ба хубї медонистанд, ки њар як кўшишу ѓамхорие барои тањсилу тарбияи арзандаи фарзандон мекунанд, самари хуб медињад. Гавњар дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 3 шањри Хуљанд бо бањои аъло мехонд.
Қиблагоҳ ваќте фањмид духтараш касби духтуриро интихоб карданист, пурсид: «Оё ту сидќан мехоњї ин касби бошарафу пурмашаќќатро интихоб намої?». Ишораи тасдиќро дида, ўро ба назди духтурони машњури шањри соњили Сирдарё бурд, то ба духтарак онњо омўзиши бештари кадом фанњо ба маќсад мувофиќ буданашро фањмонданд.
Ба итмом расондани донишгоҳи тиббӣ ва мушарраф гаштан ба номи пуршарафи табиб анҷоми рисолати пеша нест. Мебоист донишу малака ва таҷрибаи корро омӯхт, то байни мардум обрӯю эътибор пайдо намуд.
Гавњар мехост беморони дилро муолиља намояду онњоро ба њаёти дубора баргардонад. Шабњои бехобию омодагињо ба санљишу имтињонњо, андешаи имтињонњоро бо бањои аъло супурдан, пушти сар шуданду Гавњархон Бањодурова дипломи духтуриро ба даст гирифт.
Барои хубтар ошноӣ пайдо намудан, бо фаъолияти табиб ба сўи дармонгоњи шањрии № 20-ти шањри Новосибирск роњ мегирем, ки Гавњархон он љо ба њайси духтури дил фаъолият мебарад. Дар ќабулгоњаш чанд нафар беморон дар навбат буданд. Ин аз кордонию мутахассиси хуби соња будани ў дарак медод. Суњбатро то ба бегоњ мавќуф гузоштем.
Аз њамкоронаш дар бораи табиби тољик пурсон шудем. Онњо бо сипос сухан карданд, ки вай мутахассиси хубу фардест мењрубон. Дар Новосибирск шумораи зиёди духтурони тољик дар беморхонаи шањрї ва дигар дармонгоњњо зањмат мекашанд.
Бегоњї дар хонаи Дадабоевҳо бо Гавњархону шавҳараш Илҳом ва духтарчаашон Ёсуман якҷо нишастем. Суҳбатамон бо бонуи табиб хеле тасфид...
- Донишгоњро бо бањои аъло поён бурдаму волидон бароям љавони арзандаеро, ки ў њам дар Донишгоњи давлатии тиббии Сибир тањсил мекард, домод интихоб намуданд. Баъди тўй мо ба Новосибирск кўчидем. Шавҳарам мехонданду њам кор мекарданд. Илњомљон бо сабурї бароям омўзгор, роњнамо ва њам такягоњ гаштаанд, - гуфт Гавњархон.
Ў аз таќдираш розї аст. Тавлиди фарзанди нахустин Ёсуман барояшон давлате буд, ногањонї. Кошонаи онњоро садои хандаву нишоти тифл зеби дигар бахшид.
-Модари ману Илњомљон, њар яке бо навбат аз Тољикистон омада, набераашонро парасторї мекунанд ва мо аз пайи кору тањсил мешавем. Ростї, диламон нашуд љигарбанди хешро назди дояи бегона гузорем. Шукр, ки модарони азизу мењрубонамон мушкиламонро осон карданд,-арз медорад бо ќаноатмандї Гавњар.
Бештар аз њассосият, афсурдаҳолї, пурхўрї, тамокукашї, майнўшї ва гоҳе бо сабаби ирсӣ одамон ба бемории асаб мубтало мешаванд. Барои њамин бузургон гуфтаанд: «Парњез - бархез». Яъне истеъмоли ками ѓизоњои равѓанию хўрокњое, ки ба фарбењї бурда мерасонанд. Истеъмоли ѓизои солим, ба варзиш машѓул шудан интихоби тарзи њаёти солим, рўњияи солим, андешаи нек, ки ба дилу асаб фарањ мебахшад, њар сари ваќт ба духтур мурољиат кардану аз муоина гузаштан, омилњое њастанд, ки бемории дилро пешгирї мекунанд, - мегӯяд табиб.
Ваќте дар бораи Тољикистон, табиати зебо, мевањои шањдбораш, мардумони наљибаш ќисса мекунам, њамкоронро орзуи дидани кишвари офтобии мо мекунад ва бо њавас мегўянд, мехоњем равему ангуру зардолу, мевањоро бо дастони худ чинем ва кўњњои сарбафалаки Тољикистонро бо чашми сар бубинем,- меафзояд Гавњар.
Садбарг БОЌИЕВА,
ш. Новосибирск