Имрӯзҳо зуд - зуд ба хӯрокҳои тезтайёр рӯ овардан аз одатҳои муқаррарии мо гаштааст. Чунин сабукандешӣ дар тановули хӯрок боис мегардад, ки ҳисоби онро бо саломатии хеш ҷуброн намоем. Бахусус аз бозорҳо, ки сари ҳар қадамаш моломоли ғизоҳои тезтайёр ва ошхонаҳост.
Собит шудааст, ки дар таркиби хӯрокҳои тезтайёр натрий, холестерин, консервантҳо ва дигар моддаҳои зараррасон зиёданд. Муддати тӯлонӣ истеъмол фармудани онҳо сабаби фишори баланди шараёнӣ, бемориҳои дилу рагҳо, фарбеҳӣ ва ғайра мегарданд. Мушкилоти дигар – риояи номунтазами қоидаҳои санитарӣ ва истифода аз маҳсулоти ғизоии пастсифат мебошад.
Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад
Ошхонаву нуқтаҳои фурӯши хўроки умум, ки дар асоси хулосаи санитарӣ иљозати фаъолият карданро доранд, иншооти мутташакил ном дошта, тибќи ќарордод бояд ба меъёрњои санитарї риоя намоянд ва сари ваќт кормандони худро аз муоинаи тиббї гузаронанд. Дуруст ба роњ мондани раванди технологии фаъолият ва назорати доимии он низ бар уњдаи масъулони ин нуќтањо мебошад.
Чуноне аз мушоњидањо бармеояд, бархе аз соњибкорон аз таъмини љузъиёти одитарини хизматрасонї худдорї намуда, ба ин васила суди бештаре дидан мехоњанд, ки дар натиља саломатии садњо нафар зери хатар мемонад. Ба гунаи мисол, растаи санбўсапазии назди даромадгоњи 6-уми ЉДММ бозори "Корвон", ки серхаридортарин нуќтаи фурўши ин навъи ѓизост, ба ягон ќоидањои санитарї љавобгў нест. Рўи раста, ки бо линолиуми батамом дарида густурда шудааст, пур аз доѓи чарбу буда, дастпокњои тираранги аз чирк шахшуда њар сў њаволаанд. Харидорони зиёде, ки гирди ин раста њалќа мезананд, бе ягон андеша бо ин сачоќњо даст пок месозанд. Зарфњои сиркодор низ парвонасон байни дастони мизољон дар гардишанд. Набудани дастпокњои коѓазиро санбўсапаз аз бетаваҷҷуҳии сардор арзёбї намуд. Њол он ки сачоќи ошхона, ки ду маротиба мавриди истифода ќарор мегирад, пас аз ин муддате чанд бояд љўшонда шавад, то микробу бактерияњои он нобуд гарданд. Зери пурбинњо он дастпокњо, агар мавриди санљиш ќарор гиранд, эҳтимол ҳузури миллионҳо бактерияњои зараррасон муайян гардад.
- Барои таъмини саломатии мардум Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва ќонун «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон» амал менамоянд, то шањрвандон аз њуќуќњои худ бањравар гарданд. Чї дар маѓоза ва чї дар ошхона муштарӣ мањсулот ва таоми дилхоњи хешро интихоб карда, њаќ дорад ба муњлати истифодабарии онњо эътибор дињад. Дар интихоби ѓизо шубњае ба миён ояд ва ё аз вазъи бади санитарї шикояте дошта бошанд, бояд ба мо муроҷиат намояд, - мегўяд Ањлиддиншо Ќандаков, - сармутахассиси бахши гигиенаи хўрокаи сарраёсати назорати давлатии санитарии эпидемиологии хадамоти Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии ҷумҳурӣ.
Зањролудшавї ҳаст?
Аммо ба гуфти Зоиршо Ишратов, мутахассиси нињоди мазкур, дар њар куљое, ки љараёни бо гармї коркард шудани хўрок риоя нагардад, њатман зањролудшавї ва беморињои шадиди меъдаю рўда ба миён меояд. Зеро дар њарорати аз 80 боло аксари микробњои патогенї (касалиовар) нобуд мешаванд. Суоли дигар он аст, ки ғизоњои хамирии зудпаз, ки дар равѓан бирён мешаванд, аз як тараф микробњои патогениро нобуд созанд, аз сўи дигар равѓани дурудароз истифодашуда магар организмро зањролуд намегардонад?
- Равѓани пахта набояд аз ду бор зиёд истифода шавад ва равѓани офтобпараст бошад, танњо як маротиба. Дар марказњои мо асбобњои махсуси санљиши равѓан (жиромер) мављуданд, ки сифати равѓан ва миќдори моддањои зараррасони таркиби онро месанљанд. Соли 2019 дар љумњурї ягон њодисаи зањролудшавии ањолї аз маводи хўрокаи нуќтањои фурўши хўроки умум ба ќайд гирифта нашудааст. Танҳо 16 њодисаи зањролудгардї аз ғизоњои консервшуда маълум аст, ки онҳоро дар шароити хона омода намудаанд, - иброз намуд З. Ишратов.
Муайян кардани сифат ва муњлати гўшти ќимае, ки даруни хамирњои равѓанпаз илова мегардад, ќариб ки ѓайриимкон аст. Зеро зираворињои зиёдеро, ки ба таркиби он меомезанд, метавонад тамъи ќимаи куњнаро куллан рафъ созад. Ѓайр аз ин, њар лањза назорат бурдан аз болои сифати равѓанњо аз љониби нињодњои зидахл ѓайриимкон аст. Ин танњо аз тарзи дурусти корбарї ва бовиљдонии масъулоне, ки чунин ғизоњоро ба мардум пешкаш месозанд, вобастагї дорад.
Ошхонаҳои сарироҳӣ
Кормандони чунин ошхонаҳо диқќати асосиро бояд ба тарзи дурусти нигоҳдории хӯрок ва ташкили мизҳои алоҳидаи корӣ равона созанд.
- Мањсулоти хом, аз ќабили гўшт, ки дар таркибашон микробњо зиёданд, бояд дар яхдон нигоњ дошта шаванд, зеро сардї монеи афзоиши микробњо мегардад. Дар њама ҷо барои коркарди мањсулоти хом, нимхом ва пухта мизҳои алоҳида ва ҳамчунин, корду тахтачаҳои алоҳида муҳайё бошад. Корди дар гўшти хом задаро набояд дар гўшти пухта истифода баранд, зеро микробҳои гӯшти хом ба ин васила ба гӯшти пухта интиқол меёбанд. Яхдонҳои алоҳида барои нигоҳдории ин ғизоҳо бояд мавҷуд бошанд. Кормандони ошхона бояд сарпӯш, дастпӯшакҳо ва хилъатҳои тозаро ҳамеша ба бар намоянд. Ҳамчунин, ҷараёни технологии пухтани хӯрок ҳатман бояд риоя гардад. Гармии хўроки якум на кам аз 75 ва хӯроки дувум 65 дараҷа бошад, - тазаккур бидод З. Ишратов.
Дар як қатор ошхонаҳои сарироҳии воқеъ дар маҳаллаи маъмул бо номи 1-ум Советский тавре мушоҳида гардид, аксари кормандон бидуни дастпӯшак бо хилъатҳои пурдоғ пайи коранд. Агарчи монеи вуруди бегонагон мегарданд, дидан басанда аст, ки зарфҳои олуда баробар бо партобҳо як ҷо ҷамъоварӣ мешаванд.
- Сохторҳои марказии назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳиявӣ, вилоятӣ шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санљиши субъектњои хољагидор» дар мавриди баланд будани дараљаи хатарнокии иншоот њуќуќи дар як сол ду маротиба санҷиш гузаронданро доранд. Дар ҳолати миёна дар ду сол 1 бор ва баъдан дар муддати 3 то 5 сол ҳуқуқи назорат карданро доранд. Мутобиқи қонуни мазкур 5 рӯз қабл ба иншооте, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд, огоҳнома фиристода мешавад, - мегӯяд А. Қандаков.
Мусаллам аст, ки нуқтаҳои фурӯши хӯроки умум бо гирифтани огоҳнома барои санҷиш ҳатман омодагӣ мебинанд. Бо вуҷуди ин, соли 2019 дар ваќти гузарондани рейдњо аз ҷониби ниҳодҳои мазкур дар миќёси љумњурї зиёда аз 5100 парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї дар самтњои саноати хўрокворї, хўроки умумї ва савдо тартиб дода шуда, 720 000 сомонї љарима баста ва ба буљети давлат супурда шудааст. Мабодо, агар санҷиш бе огоҳнома ба роҳ монда шавад, пас ҳолати воқеӣ чӣ гуна хоҳад буд?
- Табиби ҳар шахс худи ўст. Дар чунин ҳолатҳо аз эҳтиёт кор гирифтан бамаврид аст. Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқи истеъмолгарон онҳо метавонанд ба рақамҳои фаъоли 227- 49 - 47, 227 – 80 -73, 227-35-13 муроҷиат намоянд, - гуфт А. Қандаков.
С. ШАРИФЇ