Дар даҳсолаи охир пайдоиш, авҷ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус роҳҳои нафас ба мисли зукоми парранда, зукоми хук ва ғайра олимони соҳаи тибро ба ташвиш овард. Вале коронавируси нав, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд, дар аввал аз хавфи ҷиддӣ дарак намедод, то он даме, ки дар аввали моҳи феврали соли 2020 беш аз 30 000 сироятёфта ба қайд гирифта шуд. Суоле ба миён меояд, ки модоме ин вирус ба кишварҳои дигари дунё интиқол ёфт, магар хавфи роҳ ёфтан ба Тоҷикистонро дорад? Роҷеъ ба ин мавзӯъ бо Саидбек Сатторов – мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино суҳбат оростем.
- Мафҳуми «коронавирус» имрӯзҳо боиси ташвишу изтироби мардуми тамоми дунё гаштааст, чист ва чаро чунин ном гирифтааст?
- Пеш аз оне, ки дар мавриди коронавирус сухан гӯем, мо бояд хосияти вирусҳоро донем. Ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мавҷудоти зинда ба мисли бактерияҳо, вирусҳо, занбурӯғҳои касалиовар ва паразитҳо мебошанд. Аз байни инҳо вирусҳо хатарноктаринанд. Бадани одам ва ҳайвонотро макроорганизм ва ин ангезандаҳоро микроорганизмҳо меноманд, ки андозаашон бениҳоят хурд аст: як миллиметр дорои ҳазор микрон ва як микрон дорои ҳазор нанометр аст. Агар бактерияҳоро бо микрон чен кунанд, пас вирусҳоро бо нанометр андоза менамоянд ва онҳоро танҳо тавассути микроскопҳои электронӣ дидан мумкин аст. Ин вирусҳо боз ба ду қисм ҷудо мешаванд – вирусҳои дорои ДНК ва РНК. Вирусҳои ниҳоят хатарноки дар даҳсолаи охир пайдошударо коронавирусҳо мегӯянд, ки ба оилаи вирусҳои РНК-дор дохил мешаванд. Ин оилаи вирусҳо ноустувор буда, зуд ба тағйирпазирӣ (мутатсия) дучор мешаванд. Дар натиҷа зернамуд ё вируси нав пайдо мешавад, ки организми инсон бо вай шинос нест ва муқобилият нишон дода наметавонад. Инҳо коронавирусҳо мебошанд, ки ба ду зернамуд ҷудо мешаванд: коронавирусҳо ва тоновирусҳо. Тоновирусҳо барои одамон хатарнок нестанд. Бештар коронавирусҳо хатарзо буда, ангезандаи бемориҳо мешаванд. Барои чӣ онҳоро коронавирус ном ниҳодаанд? Зеро дар зери микроскопи электронӣ ин вирусҳоро шаклан ба тоҷ монанд кардаанд. То кунун зиёда аз 40 намуди коронавирусҳо маълуманд ва коронавируси охирине, ки дар шаҳри Ухан пайдо шуд, шартан номи 2019-nСoV-ро гирифт ва ҳоло миёни олимон баҳси номгузорӣ ба ин сироят давом дорад.
- Манбаи асосии сар задани ин сироят аз чист?
- Агар 9-10 намуди коронавирусҳо дар одамон мушоҳида шавад, бештари онҳо ба ҳайвоноту паррандагону хазандагон мутааллиқ аст. Вақтҳои охир мутобиқи маълумотҳои илмии нопурра дар натиҷаи омехташавии ду вирус – вируси байни кӯршабпаракҳо ва морҳои афъӣ коронавируси нав пайдо шуд. Морҳои афъӣ, ки онҳоро истеъмол мекунанд, байни коронавируси онҳо мубодилаи ирсӣ ба амал омад. Азбаски мардуми Чин бештар чунин ғизоҳоро истеъмол мекунанд, ба ин роҳ ин вирус аз мори афъӣ ба бадани одам интиқол ёфт. Он ғизо эҳтимол хуб пухта нашуда буд, зеро ин вирус дар ҳарорати зиёда аз 56 градус нобуд мегардад. Ва нафаре, ки чунин ғизоро истеъмол намуд, ҳамчун манбаи уфуннат ба дигарон сироятро интиқол дод. Ин яке аз тахминњои олимони соња аст. Агар ин фарзия он қадар ҳам саҳеҳ набошад, эҳтимол байни дигар ҳайвонот чунин мубодила ба вуқӯъ пайваста, ба бадани одам раҳ ёфтааст.
- Барои чӣ бештар бемориҳои сироятии шадид дар бисёр кишварҳои Осиё, бахусус Чин сар мезананд?
- Яке аз омилҳо иқлими тропикӣ ва субтропикии ин кишварҳост. Дар чунин иқлим паррандаҳо қариб ки дар як ҷо зиндагӣ менамоянд ва дар мавсими сармо ба дигар кишварҳо кӯч намебанданд ва афзоиш меёбанд. Омили дувум ин хислати мардумони ин кишварњост, ҳар гуна ҳайвоноту паррандагону хазандаҳоро истеъмол менамоянд. Омили сеюм зичии аҳолӣ аст. Дар шаҳри Ухан зиёда аз 11 миллион аҳолӣ сукунат дорад ва зичии аҳолӣ ниҳоят баланд аст. Дар паҳншавии шадиди бемориҳои меъдаю рӯда ва дигар бемориҳои сироятӣ зичии аҳолӣ низ вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре ки зичӣ наздик бошад, ҳамон қадар тамос зиёд ва эҳтимолияти аз нафари бемор ба шахси солим гузаштани бемориҳо баланд мегардад. Ҳоло миёни мардум ақидае ҳаст, ки ба ҳайвонҳо наздик набояд шуд. Ба ақидаи ман, ин ягон асос надорад, зеро коронавирусҳое, ки дар ҳайвонҳо ҳастанд, танҳо барои онҳо хосанду танҳо ба онҳо беморӣ меоранд. Ҳатто барангезандаҳои он ба бадани инсон афтад, ба сироят гирифтор намешавад, зеро на ҳар як интиқолёбии ангезанда ба бадан боиси беморӣ мегардад. Байни ангезанда ва ҳуҷайраҳои бадани одам алоқа ба вуқӯъ намеояд. Азбаски байни коронавируси ҳайвонот ва одам ретсепторҳо нестанд, сироят агар ба организм ворид гардад, ҳамин хел баромада меравад.
- Пас коронавируси наве, ки дар шаҳри Ухан паҳн шудааст, чӣ гуна тавонист ба организми инсон раҳ ёбад?
- Дар натиҷаи омезиши ду вирус, ки онро мутатсия мегӯянд, вируси нав пайдо гардида, дар сатҳи пардаи луобӣ часпид. Организм онро бегона наҳисобида, ҳатто ҳуҷайра онро аз худ кард, агарчи ретсептор ҳам надошт. Рӯзҳои якум ва дуюми гирифторшавӣ ба ин коронавирус аломатҳояш аз зуком қариб ки фарқ намекунад: дарди сар, баландшавии ҳарорати бадан, хасташавӣ, дарди мушакҳо. Баъдан ба қисмҳои поёнии узвҳои нафаскашӣ фуромада, ҳуҷайраҳои шушро иллатнок мекунад ва ба бемории илтиҳоби шуши ниҳоят вазинин, (пневмония) мерасонад ва мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо бо фавт меанҷомад.
- Коронавируси навро дар чанд кишварҳои ҷаҳон низ ба қайд гирифтаанд, магар хавфи ба кишвари мо низ интиқол ёфтани он вуҷуд дорад?
- Эҳтимолияти воридшавӣ ба ҷумҳурии мо ниҳоят кам аст. Зеро яке аз воситаҳои асосии сироят ба ин беморӣ ҳавоӣ-қатрагӣ аст. Ин маънои онро надорад, ки вирус бо ҳаво километрҳоро убур карда, ба кишвари дигаре интиқол ёбад. Он аз шахси сироятёфта ба шахси солим дар масофаи 1 -
- Мутобиќи маълумотњо нафарони синну соли бузургтар ба ин беморї гирифтор мешаванд, барои чї?
- Хушбахтона, то њол ягон кўдакро бо ин навъи беморї ба ќайд нагирифтаанд ва њатто зане, ки њомиладор буду гирифтори коронавируси нав, дар 38-ум њафтаи њомилагї тифли солим ба дунё овард. Ташхисҳо аён кардаанд, ки ќисми зиёди нафарони сироятёфта бузургсолон ва гирифторони бемориҳои музмини дилу рагҳо, диабети қанд ва ѓайра мебошанд, зеро баъд аз синни 50-солагї хоҳу нохоҳ масуният заиф мегардад ва эҳтимолияти гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ меафзояд. Азбаски масуният заиф аст, бар зидди сироятҳо истодагарӣ карда наметавонад.
- Давои ин бемориро њанўз њам дарёфт накардаанд, коркарди ваксина бар зидди коронавируси навро олимон тахминан дар чанд муддат метавонанд анљом дињанд?
- Њаст антибиотикҳои зиддимикробӣ ва њаст зиддивирусӣ. Алҳол 3 - 4 намуди онњо, ки барои табобати дигар бемориҳои вирусӣ пешбинї шудаанд, ба коронавируси нав он ќадар њам таъсирбахш нестанд. Ин бемориро ҳанӯз хуб наомӯхтаанд ва барои коркарди як ваксина як - ду сол лозим аст. Инсоният тўли њаёт пандемияву уффунатҳои вазнинро аз сар гузарондааст ва дар таҷрибаи солҳои охир, ки бар зидди зукомњои парранда, хук ва илтиҳоби ғайриоддии шуш (атипичная пневмония) ваксинаҳоро ихтироъ карданд ва паҳншавии ин беморињоро пешгирї намуданд. Бояд гуфт, ки бемориҳои шадиди роҳҳои нафас мавсимӣ мебошанд ва бо гарм шудани ҳаво онњо нест мешаванд.
- Ниќобњои тиббї, ки алњол дастрас мегардад, хеле тунуканд. Магар метавонанд онњо пеши роњи сироятро гиранд ва умуман, барои пешгирї намудани ин беморї чї бояд кард?
- Эҳтимолияти муҳофизат кардани ниқобҳо аз ин вирус камтар аст. Бењтар он аст, ки аз дока дар хона ниќобњои тиббї тайёр кунанд. Ќабати дока њар ќадар, ки зиёд бошад, ҳамон қадар хуб аст. Агар дар мобайни он каме пахта гузоранд, ниќоби хубе хоњад буд. Авҷгирӣ ва инкишофёбии ҳамаи бемориҳо ба сатҳи масунияти инсон (иммунитет) вобастагӣ дорад. Бояд мо ҳаракат кунем, ки масунияти баданамон ҳамеша баланд бошад. Масунияти баданро чӣ баланд мекунад? Тарзи ҳаёт солим, обутоби бадан, ғизои солим, сайругашт дар ҳавои кушод, тез-тез иваз кардани њавои хона ва ѓайра. Ѓайр аз ин, то паст гардидани шиддати коронавируси нав аз сафар ба давлатњое, ки нишонањои беморї пайдо шудаанд, мебояд худдорї намуд.
С. Ашўрова