Бо назардошти афзалиятҳои соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ривоҷ додани бахши мазкур соли 2005 бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2006 - 2010 қабул гардид. Ҳамчунин, аз соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ба тасвиб расид, ки шурӯъ аз ин давра шумораи хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ афзуда, ба истеҳсоли ҳаҷми бештари асали ватанӣ мусоидат намуд.
Дар радифи мардҳо ба парвариши занбӯри асал бонувон низ зиёд таваҷҷуҳ намуда, аз нозукиҳои пеша баҳравар мегарданд. Басбӣ Зуҳурова, сокини деҳаи Шуҳратёри Љамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат аз зумраи бонувонест, ки тайи ду даҳсола ба занбӯриасалпарварӣ шуғл варзида, дар ғанӣ гардондани буҷети оила саҳми назаррас дорад. Ҳамсараш Зайдулло Мирзоев, ки омӯзгори мактаб аст, занбӯриасалпарвариро чун шуғли дувум пазируфта, ба аҳли хонавода нозукиҳои ин касбро омӯзондааст.
- Парвариши занбӯри асал заҳмати дастаҷамъӣ мехоҳад. Аз ин рӯ, оилавӣ онро ба роҳ мондаем. Чӯбу чаҳорчӯбаҳо тайёр мекунем, мумро об менамоему ба корхонаҳои коркарди мум бурда, бо мумварақ иваз менамоем. Мумварақ варақчаи тунуки чашмакдори аз мум сохташуда мебошад, ки дар дохили қуттиҳои занбӯр ҷой гирифта, макони захира кардани асал ва ба дунё овардани насли занбӯрҳост. Маҳсулоти асосии занбӯрҳо асал буда, ба маҳсулоти дуюмдараҷаи он мум, мумварақҳо, гарди гул, ширеш, шир ва заҳри занбӯр дохил мешаванд, - иброз намуд Басбӣ Зуҳурова.
Онҳо фаъолиятро аз 20 оилаи занбӯр шурӯъ намуда, теъдоди оилаҳоро то ба 58 расонданд. Соли 2019 ҳудуди 600 кг асал гирифтанд. Соли 2007, ки серҳосилтарин айём барои ин хонавода буд, наздики 1 тонна асал ба даст оварда буданд.
- Фаровонии асал аз иқлим, зиёд будани гулу гулзорҳои минтақаи ҷойгиршавии қуттиҳои занбӯр вобаста аст. Барои ҳосили 1 кг асал як занбӯри корӣ бояд болои зиёда аз 2,5 миллион гул нишаста, шаҳд ҷамъ орад. Як қуттии занбӯр як оила маҳсуб меёбад, ки дохили он то 20 адад чаҳорчӯба ҷой мегирад ва дар ҳар кадоми он занбӯрҳо рӯи мумварақ асал захира менамоянд. Агар макон барои занбӯрон мутобиқ бошад, дар як сол ду ва ҳатто се маротиба асал гирифтан мумкин аст, - мегӯяд Басбибону.
Парвариши занбӯрҳои асал нозукиҳои зиёд дошта, онҳо дунёи аҷиб ва қонуну қоидаҳои ба худ хосе доранд. Ҷанбаъҳои физиологии занбӯрҳои асал ва тарзи зисти онҳо ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.
- Дар ҳар оила танҳо як модарзанбӯр ба сар мебарад, ки дар як шабонарӯз аз 1000 то 3000 тухм мегузорад. Модарзанбӯрро ҳар 1,5 - 2 сол пас иваз менамоем. Зеро баъди ин муддат ӯ қобилияти тухмгузориро аз даст медиҳад.
Мавсими тухмгузорӣ аз баҳор оғоз ёфта, то фасли сармо идома меёбад. Баъди ба дунё омадани насл боз қуттиҳо монда, оилаҳои нав ҷудо мекунем. Дар оила занбӯрҳо чанд навъанд: занбӯрҳои корӣ асосан ба ҷамъоварии шаҳд, гарди гул ва об машғуланд, гурӯҳи дигар ба нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва пок намудани атрофи модарзанбӯр камар мебанданд. Нарзанбӯрҳо вазифаи зиёд намудани наслро ба уҳда доранд. Занбӯрҳои посбон оиларо аз бегонагон ҳифз карда, занбӯрони худии болои нопокиҳо нишастаро ба дарун роҳ намедиҳанд. Занбӯрон покизагиро дӯст медоранд ва ҳамдигарро аз бӯй мешиносанд. Дар як оила тақрибан 50 000 занбӯр ба сар мебарад. Барои гардолуд кардани гулу гиёҳҳо ва растаниҳои кишоварзӣ саҳми занбӯрони асал хеле зиёд аст, - иброз намуд Б. Зуҳурова.
Ба гуфтаи ин бону, барои кор бо занбӯрони асал либоси махсус лозим меояд, то шахс аз неши онҳо эмин бошад. Ҳангоми ҷамъоварии асал занбӯрҳо оилаҳои хешро устуворона ҳифз менамоянд.
- Либос тавре дӯхта шуда бошад, ки неши занбӯр аз он нагузарад. Дастпӯшакҳо ва кулоҳи васеи тӯрӣ низ ба бар кардан зарур аст. Ранги либос бояд равшан ё худ сафед бошад. Тибқи мушоҳидаҳо занбӯрон ранги сурхро дӯст намедоранд. Ҳангоми гирифтани асал занбӯрҳо ба хашм омада, метавонанд ба одам ҳуҷум кунанд. Дар ин маврид, бо асбоби махсус қуттиҳоро дуд медиҳем, ки занбӯрон онро тарк месозанд ва безарар мегарданд. Одатан, ман танҳо кулоҳ мепӯшам ва бо дуддиҳӣ чаҳорчӯбаҳоро тоза менамоям, - гуфт бонуи кордон.
Асал дар радифи беҳтарин маҳсулоти ғизоӣ ва табобатӣ қарор дошта, хусусияти шифобахшии он ҳанӯз аз замонҳои қадим маълум аст, ки дар ҷисми инсон ферментҳо, витаминҳо ва равғанҳои эфириро ғанӣ мегардонад ва масуниятро баланд мебардорад.
- Танҳо асали тозаи табиӣ метавонад хусусияти табобатиро доро бошад. Асали бо таъсири гармӣ коркардшуда на муфид, балки метавонад зараровар гардад. Ҳамчунин, онро на дар оби сӯзон, балки дар оби нимгарм маҳлул кардан зарур аст.
Барои асали табииро аз қалбакӣ фарқ кардан, усулҳои зиёде вуҷуд доранд. Масалан, як қатра асалро рӯи варақ чаконед, баъди фурсате, агар атрофи он намнок гардад ва шорад, асал тоза нест. Сими орӣ аз зангро чанде рӯи оташ дошта, ба даруни асал ғӯтонед. Агар он часпак нашуда, тоза монад, асал пок аст. Усули осони дигар он аст, ки як порча нонро ба даруни асал андохта, пас аз 10 дақиқа мегиранд. Нони сахтшуда нишона аз тозагии асал асту мулоиму намнок баръакс. Ба ин сурат, усулҳои гуногуни муайян кардани тозагии ин анвои ғизоӣ ва марҳами дардҳо мавҷуд аст, ки ҳар кас ба таври худ онро меозмояд, - афзуд Басбӣ Зуҳурова.
Дар фасли зимистон онњо чаҳорчӯбаҳои зиёдатиро аз қуттиҳо гирифта, барои гарм нигоҳ доштани занбӯрон аз хасу кампалу кӯрпаҳо истифода мебаранд. Барои берун баромадани занбӯрон танҳо сӯрохчае мегузоранд.
- Дар фасли сармо, ки занбӯрон аз ғизо танқисӣ мекашанд, андаке асалро бо шакар ва орд омехта, даруни қуттиҳо мегузорем. Шакар ва ё асалро алоҳида монем, онҳо метавонанд об шаванду эҳтимолияти ғарқшавии қисми зиёди занбӯрҳо ба вуҷуд ояд. Барои бемор нашудани занбӯрҳо чораҳо низ меандешем. Иқлим ва боду ҳавои Норак барои соҳаи занбӯриасалпарварӣ мусоид аст. Аз ин рӯ, шурӯъ аз моҳи март қуттиҳои занбӯрро тоза намуда, оилаҳоро ҷудо мекунему моҳҳои апрел - май ба Норак мебарем. Дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо занбӯри асал хуб парвариш меёбад, - гуфт ҳамсари Басбибону Зайдулло Мирзоев.
Дар баробари занбӯриасалпарварӣ онҳо ба кишоварзӣ низ шуғл варзида, дар 1 гектар замин ҳамасола гандум, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лӯбиё, каду ва дигар зироату сабзавот мекоранд. Қисме аз онро фурӯхта, қисми дигарро барои зимистон захира менамоянд.
- Дар кишти якум бештар гандум ва дар кишти дувум ҷуворимакка, помидор, юнучқа ва ғайра мекорем. Соли сипаригашта ба парвариши шолӣ камар баста, 2 тонна биринҷ рӯёндем. Ҳамчунин, ба таври озмоишӣ дар 10 садяк замини ҳавлӣ гули садбарг шинонда, ба маблағи 2500 сомонӣ фурӯхтем. Ростӣ, бо меҳнат обутоб ёфтаам ва аз ягон беморӣ шикоят ҳам надорам. Агар рӯзе бекор нишинам, гумонам тамоми аъзои баданам ба дард меояд, - мегӯяд бонуи заҳматқарин.
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳамасола иду озмунҳо ва намоишҳои харидуфурӯши асал доир мешаванд, Басбибону бо ҳамсараш фаъолона ширкат варзида, чандин маротиба бо диплому мукофотҳо сарфароз гаштааст.
Воқеан, аз ҳисоби майдонҳои киштшаванда, ҷангалзор, боғу роғҳо, минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал дар Тоҷикистон имконпазир аст. Рушди ин соҳа дар таъмини амнияти ғизоӣ ва ғанӣ гардондани буҷети мамлакат метавонад нақши муассир гузорад.
Ситора ШАРИФӢ