Шаҳриёр ҳанӯз шаш моҳ дошт, ки модар дар ӯ ноҷўриҳо эҳсос намуд. Хоб аз дидааш парида буду мудом ғаш мекард. Модар кӯдаки таби баланд дар даст дари беморхонаҳоро мекӯфт, то ба дарди писари ягонааш даво ёбад, вале бенатиҷа…
Дар 1- солагии кўдак модар пай бурд, ки Шаҳриёр мисли дигар наврасон нест ва ӯ ғарқи дунёи худ аст. Ба таъхир роҳгардиву сухангӯӣ омӯхт. Агарчӣ роҳбарияти кӯдакистонҳо бо иллати бемориаш монеи фарогир шуданаш ба боғча мешуданд, ӯ тавонист дар 5 - солагӣ китоби алифборо пурра аз бар намояд. Солҳо гузаштанду ҳеҷ табибе дарди ӯро ташхиси дуруст карда натавонист. Чун бузург шуду асбобҳои ташхискунандаи замонавӣ рӯи кор омаданд, пизишкон дар ӯ бемории аутизмро дарёфтанд…
Бори аввал ӯро дар Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» вохӯрдам. Чеҳраи зебои гандумгуну қомати баландаш нисбат ба ҳамсолонаш фарқ дошт. Шаҳриёр ба наздам омад ва аз ҳар боб суолборонам кард. Интизори ҷавоб нашуда, гоҳе дар бораи қаҳрамоне қисса менамуду гоҳе бобати орзуҳои осмониаш ҳарф мезад. Ҳар нафаре, ки аз дар медаромад, бо чусту чолокӣ сӯяш мешитофту пазироӣ менамуд. Мекӯшид, то ҳоҷати ӯро бароварда тавонад, чунки дар ин ташкилот ӯ ба ҳайси ёвари муаллим ба кӯдакони дорои аутизми вазнин дарс ҳам мегӯяд. Пурсон шуд, ки чӣ шуғл дорам. Гуфтам, журналист. Нафаҳмиду боз пурсид, ки журналист, яъне чӣ? Гуфтам, ки дар бораи қаҳрамонӣ ва амалҳои неки одамон мақола менависам. Андаке ба фикр фурӯ рафту баъд гуфт:
- Замони дар литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе таҳсил намуданам, ҳамсабақамро дӯст доштам. Ҳар субҳ назди литсей омадани ӯро интизор мешудам. Гоҳе, ки Моҳира бо асобағалҳояш намоён мешуд, зуд ба пешвозаш мешитофтам, бо ӯ суҳбат меоростам. Аммо гуфта наметавонистам, ки ӯро дӯст …, - гапашро ба охир нарасонда, аз нафаре хоҳиш намуд, ки зуд ба Моҳира занг занаду ӯро ин ҷо хонад.
Фурсате хомӯширо ихтиёр намуд. Ба суолҳоям аҳамият намедодва ду чашм аз тиреза намеканд. Зери лаб чизе мегуфту аз дер омадани
Моҳира асабонӣ мешуд. Пас аз чанде духтаре бо ороишоту пироҳани арӯсӣ ворид шуд. Бо диданаш табассум дар лабони Шаҳриёр гул кард. - Апаҷон, ин Моҳира аст. Ҳамон духтаре, ки дар борааш гуфтам. 21 рӯз пеш ҷашни арӯсӣ доштем. Мо якдигарро дӯст медорем ва ба Париж сафар карданием, - гуфт Шаҳриёр ва боз ба фикр фурӯ рафт. Риштаи суханро Моҳира ба даст гирифт: - Дер боз орзуи дидани шаҳри Париж ва манораи Эйфели овозадорро дар дил дорад. Агарчи бетоқат асту гоҳе асабонист, қалби ҳассос дорад ва ҳалиму меҳрубон. Дар корҳои хона ёрирасон. Аз уҳдаи таҳияи ғизову шириниҳо ба хубӣ барояд ҳам, вале дар ошхона буданро хуш надорад. Мегӯяд, ки зан бояд кадбону бошаду мард аз пайи таъмини ризқу рӯзӣ шавад. Моҳира, ки 21 сол дорад, дар хурдсолӣ аз бемории фалаҷ осеб дидааст. Алҳол донишҷӯи соли дуюми факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Шаҳриёр боз компютерро хуб балад буда, ба ҷуз таълим додан, инчунин, барои омода намудани ифтихорномаву китобчаҳо, даъватномаҳо ва ғайра фармоиш қабул менамояд. Маоши ба даст овардаашро мехоҳад барои хариди хонаи истиқоматӣ пасандоз намояд. Омӯзгорон мегӯянд, ки ӯ хотираи хеле қавӣ дорад. Аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик шеърҳои зиёдеро аз ёд медонад ва дар чорабиниҳо нақши ровиро мебозад. Шаҳриёр истеъдоди ғайриодиеро дорост. Ба кадом рӯзи ҳафта рост омадани дилхоҳ санаҳои гузашта ва ояндаро дақиқ мегӯяд ва баъзе амалҳоро низ пешгӯӣ менамояд. - Овони кӯдакӣ Шаҳриёр то поси шаб хоб нарафта, дар даст тақвим санаҳоро хат мезад ва гӯиё ҳамон замон чизеро кашф менамуд. То ҳанӯз бобати ин истеъдодаш маълумоте надодааст, - иброз медорад модари Шаҳриёр, бону Гулниқош. Дар Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода», ки бо ташаббуси волидони кӯдакони дорои аутизм бунёд ёфтааст, кӯдакону наврасони дорои аутизм ва имконияти маҳдуддоштаро ба машғулиятҳои таълимиву омӯзишӣ фаро гирифта, ҳамчунин, тарзи омода намудани ғизоҳои миллӣ, шириниҳо ва омӯзиши компютерро таълим медиҳанд. Бештари ин нафарон пас аз хатми курсҳои таълимӣ ба кор ҷалб мегарданд. - Ба нафарони дорои аутизм бештар машғулиятҳои амалӣ ба роҳ монда мешаванд, то онҳо тавонанд ба ҷамъият ворид гарданду мустақилият омӯзанд, - мегӯяд роҳбари муассиса Лола Насриддинова. Дар ташкилоти мазкур 9 нафар ҷавони аз 18 сола боло бо аломатҳои маъюбии зеҳнӣ аз рӯи барномаҳои «Қаҳвахонаи иҷтимоӣ» ва «Студияи тавоно» заҳмат мекашаду бо маоши доимӣ таъмин. Онҳо пас аз омӯзиши курсҳои таълимї ба кор ҷалб шудаанд. - Дар аввал маҳфили наврасон фаъолият менамуд, ки дар он наврасони дорои аутизм, маъюбии зеҳнӣ, фалаҷи майнаи сар ва мушкилоти инкишофи зеҳнӣ дошта дар дарсҳои касбомӯзӣ пухтупаз, кор бо компютер ва расмкаширо меомӯхтанд. Нафарони аз 14 сола боло ҳаққи иштирокро надоштанд. Зеро барнома ин имкониятро намедод. Хоҳишмандони синнашон аз 14 боло зиёд буданд, ки баъдан бо волидони онҳо машварат намуда, тасмим гирифтем, қаҳвахонаеро таъсис бидиҳем, то фарзандони онҳо дар он аз омӯзиш гузаранд ва ҳам ҳунари хешро намоиш диҳанд, - гуфт Лолабону. Соли 2017 қаҳвахонаи «Дар як замин» ифтитоҳ ёфт, ки мизоҷони аввалини он волидони ҳамин кӯдакон буданд. Сипас, тасмим гирифтанд, то хизматрасонии «кейтеринг» - ро пиёда намоянд. Ҳар ҷое, ки чорабиние баргузор мешуд, қаҳвахона фармоиш қабул намуда, шириниҳои таҳиякардаи худро ба он ҷо мебурд ва хизмат ҳам мерасонд. То ҳол бо чунин тарз хизмат мерасонанд. Фаъолияти онҳоро нафаре роҳбарӣ менамояд, то мабодо хатое роҳ наёбад. Аз аввалин маблағи хизматрасонӣ барои осон намудани фаъолияти каҳвахона ва хизматрасонии фаврӣ мошини хизматрасонӣ хариданд. - Алҳол дар қаҳвахонаи «Дар як замин» 5 нафар бо имкониятҳои маҳдуд аз рӯи чунин навъи хизматрасонӣ фаъолият мебарад, ки кори онҳо дар як рӯз ҳамагӣ 3 соатро ташкил медиҳад. Вақтҳои дигарро барои сайругашт, тамошои кино, футбол ва рақсу тамрин масраф менамоянд. Ҳар кадоме аз онҳо аллакай аз уҳдаи омода намудани ғизоҳои гуногун, шириниҳо ва анҷом додани корҳои хона ба хубӣ мебарояд. Марказ хонаеро харид, то ки ба таври озмоишӣ дар он зиндагии мустақилонаро ба чунин нафарон омӯзонанд. Наврасону ҷавонони дорои аутизм бо як ёвар, бо навбат дар ин хона истиқомат менамоянд ва аз рӯбучини хона сар карда, омода намудани хӯрок, шустани либос ва дигар корҳои хоҷагидориро мустақилона ба субут мерасонанд, - афзуд Лола Насриддинова. Шаҳриёр бо ҷамъи дӯстон ба гуселам баромад ва бо меҳр сӯям нигариста, шӯхиомез гуфт, ки ба тӯйи Хушбахт (дӯсти ӯ дар ин марказ) ҳам биоям ва аз рӯзгори онҳо низ нависам. Воқеан, дунёи онҳо пур аз қисса асту қалбашон саршор аз меҳру муҳаббат.