Бемории диабети қанд аз зумраи маризиҳоест, ки солҳои охир сафи гирифторонаш афзудаву илми тиб дар роҳи табобати он оҷиз мондааст. Имрӯз дар кишвар 46 ҳазору 258 мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки байни онҳо 876 нафар кӯдакон мебошанд.
Табиби эндокринолог Дилафрӯз Туранова омили пайдоиши бемории диабети қандро дар буняи инсон дар афсурдаҳолӣ (стресс), фарбеҳӣ, вайроншавии узвҳои системаи ҳозима, гузарондани маризиҳои сироятӣ, ба амсоли ғургӯшак, домана, сурхакон ва ниҳоят ба ирсият марбут медонад.
Бемор Бибиой Сангинова аз шаҳри Ваҳдат: «Дар байни кӯдакон мубталои кадом гурӯҳи бемории диабети қанд бештар мушоҳида мешавад?».
Табиб: «Бемориҳои сироятӣ аксаран кори ғадуди зери меъдаро суст мекунанд ва дар ин маврид масунияти бадан паст мешавад. Кӯдакон бештар ба навъи
1- уми бемории диабети қанд гирифтор мешаванд. Ба навъи 2- юми ин маризӣ кӯдакони фарбеҳ мубтало мегарданд, ки оқибат он ба гурӯҳи навъи 1-ум мегузарад. Эҳтимоли бо ин беморӣ таваллуд шудани тифл вуҷуд надорад. Зеро то имрӯз ин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст. Вале ҳодисаи гирифторшавӣ пас аз 8-12-моҳагии кӯдак муайян шуд, ки модар дар ҳомиладорӣ бемориҳои сироятӣ гузарондааст».
Ситора Ашӯрова, сокини шаҳри Душанбе: «Гурӯҳҳои навъи 1-ум аз 2-юми ин маризӣ бо кадом аломатҳо аз ҳамдигар тафовут доранд?».
Табиб: «Одамони ба диабети қанди гурӯҳи навъи 2-юм гирифтор бо хусусияти зуд маълум нашудани аломатҳо метавонанд солҳо зиндагӣ намоянд. Баъдтар бо кашишхӯрии мушакҳои дасту пой, хунук шудани кафҳои пой ва суст гаштани қобилияти корӣ, ки беморон ба духтурони дилшинос ва дигар мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат мекунанд, бо гузарондани ташхисҳои озмоишгоҳӣ дар шахс ин навъи беморӣ маълум карда мешавад. Вале аломати вазнини мадҳушӣ нишонаи аввалини гирифторӣ ба навъи 1-уми диабети қанд мебошад.
Беморони гурӯҳи навъи 2-юм парҳезро бояд риоя кунанд. Хӯрдани таомҳо ва маҳсулоти аз карбогидратҳо бой мамнӯъ аст. Дар сурати риоя накардани тарзи ҳаёти солим гурӯҳи беморони навъи 2-юм бо гирифтор шудан ба оризаҳои маризӣ дардашон дучанд мегардад. Ба беморон тавсия медиҳем, ки дар ҳавои кушод сайругашт намоянд, то гардиши хунашон муътадил бошад».
Нигина Раҳимова: «Оё бемории диабети қанд табобатшаванда аст?».
Табиб: «Тибби муосир дар ин самт корҳои илмии зиёдро гузаронда истодааст, вале то имрӯз дар пайдо намудани роҳҳои та- бобати бемории диабети қанд муваффақ нагаштааст. Аммо бо риоя намудани тарзи ҳаёти солим инсон на танҳо ба бемории диабети қанд мубтало намегардад, инчунин аз маризиҳои ғайрисироятие, ки солҳои охир аҳли сайёра аз он азият доранд, эмин мемонад.
Аксаран бонувон бо сабабҳою эҳсоси дард ба духтури занона муроҷиат мекунанд, ки бо маълум шудани баъзе аз аломатҳо пизишкон онҳоро барои ташхиси озмоишгоҳӣ ба маркази эндокринологӣ мефиристанд. Дар натиҷа, дар буняи онҳо баландшавии меъёри қанд дар хун муаяйн мегардад. Ё ин ки бо табобати дурударо
зи узвҳои системаи ҳозима дар бемор обнушии зиёд, камшавии вазн, эҳсоси гуруснагӣ, хушкшавии даҳон, ки шахсони дар ирсият дошта ин аломатҳоро дар волидони беморашон дида буданд, кам намегардад ва ниҳоят ба пизишкони эндокринолог муроҷиат менамоянд».
Малоҳат Шодиева: «Модарам бемор аст ва мехоҳам донам, ки бояд кадом таомҳоро истеъмол намояд?».
Табиб: «Тафовут дар истеъмоли таоми парҳезии гирифторони бемории диабети қанди гуруҳҳои навъи 1-ум аз навъи 2-юм хеле зиёд аст. Беморони гурӯҳҳои навъи 1-ум, ки аслан аз 1 то 35- сола мебошанд ва буняи онҳо дар ҳоли инкишоф аст, ба карбогидратҳо ва сафедаю чарбу ниёзи бештар доранд. Аз он ки нафарони ин синну сол серҳаракатанд ва номгӯи ин моддаҳои органикиро бештар сарф менамоянд, ба онҳо истеъмоли таомҳои дорои витаминҳои бой, карбогидратҳо ва серчарбу тавсия дода мешавад. Онҳое, ки гирифтори гурӯҳи навъи 2-юми беморианд, баръакс, таомҳои серғизоро то нисфирӯзӣ ва бегоҳ таомҳои сабуку зудҳазм хӯранд.
Ба бемор метавонед, аз меваҳои хушк нӯшоба омода намоед. Аз марҷумак шавла пазед. Ҳар гуна шӯрбо аз гӯшти беравған бо илова намудани лӯбиё, наск ва нахӯд пазед. Хӯрдани мураббо бо шакари махсусе, ки барои беморони диабети қанд омода шудааст, низ тавсия дода мешавад. Шавлаи камравғану камбиринҷи аз шир тайёршуда, творог, ҷурғот, маскаи тоҷикӣ, ҳар гуна хӯришҳо аз сабзавоти тару тоза низ барои саломатии бемор муфид мебошад. Моҳе истеъмоли як маротиба ба ҳаҷми ду дона манту ё табақчаи ош низ барои буняи бемор чандон вазнин нест. Вале истеъмоли таом бояд аз рӯи меъёр бошад, зеро пурхӯрӣ боиси ду баробар баланд шудани қанд дар хун мегардад».
Нигора Азизова, бемор: «Баландшавии қандро дар организм чӣ гуна метавон мушоҳида кард?».
Табиб: «Вақте миқдори қанд дар беморони диабети қанд зиёд мешавад, онҳо бештар беҳолатӣ ва гуруснагиро эҳсос менамоянд ва пӯсти рӯяшон сурх мешавад».
Саида Назарова: «Роҳи пешгирии бемории диабети қанд чӣ гуна аст?».
Табиб: «Аввалан, дар камхӯрӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим. Баъдан, ҳар кас мебояд дар 6 моҳ як маротиба аз муоинаи духтурони дилшинос, саратоншинос ва бемориҳои занона гузарад. Бахусус, онҳое, ки фаъолияташон вобаста ба асаб аст, фарбеҳӣ ва дар авлодашон чунин намуди бемор дошта бошанд».
Омина Хоҷаева: «Аз рӯи меъёр миқдори қанд дар организми одами солим бояд чӣ қадар бошад?».
Табиб: «Аз рӯи меъёр миқдори қанд дар организми инсон бояд ба 4 - 6 ммол\литр баробар бошад».
Олиҳамоҳ Соқиева, муалли- ма аз ноҳияи Варзоб: «Ҳар боре меъёри қандам баланд шавад, духтурон ба ман инсулин гузаронданро тавсия медиҳанд, вале намехоҳам, ки инсулинро истифода барам. Оё дигар роҳи паст намудани миқдори қанд вуҷуд надорад?».
Табиб: «Не, танҳо бо роҳи гузарондани инсулин миқдори қанди баланди хунро паст кардан мумкин аст. Махсусан, барои беморони гурӯҳи навъи 1 -уми диабети қанд гузарондани инсулин ҳатмист.
Ба беморони гурӯҳи навъи 2-юм дар он маврид гузарондани инсулин тавсия дода мешавад, ки аз хӯрдани таомҳои дорои моддаҳои органикӣ парҳез накунанд, тарзи ҳаёти солимро риоя нанамоянд ва доруҳои тавсиянамудаи табибонро сари вақт истеъмол накунанд.
Баландшавии меъёри қанд дар хун ба ҳадди аз 9 ммол\литр боиси нобиноӣ ва вайроншавии кори гурдаю дил мегардад. Аз ин хотир, пизишкон то паст шудани қанд дар хун гузарондани инсулинро тавсия медиҳанд».
«Бонувони Тоҷикистон»