Яке аз бемориҳои шадиди вирусӣ, ки бештар дар фасли сарди тирамоҳу зимистон авҷ мегирад, ин зуком ва ОРВИ (сирояти шадиди вирусии роҳҳои нафас) мебошад. Бархе бар он боваранд, ки дар ҳар фасли сол ва ҳар мавсим бо тарзу усулҳои хоса зукомро метавон муолиҷа кард. Аммо табибон мегӯянд, ки ҳар фасл ва ё мавсим зуком бо вирусҳои гуногун хурӯҷ мекунад, ки он табобати махсусро талаб менамояд. Вобаста ба пешгирӣ, муолиҷа ва нишонаҳои бемории зуком ва ОРВИ суҳбате оростем, бо Мунира Каримова, сартабиби Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе.
- Аксар зери мафҳуми зуком танҳо худи бемориро мефаҳманд ва аз навъҳои он маълумот надоранд. Мегуфтед, ки дар асл чанд навъи вируси зуком мавҷуд аст ва аҳолии Тоҷикистон ба кадоме аз онҳо бештар гирифтор мешаванд?
- Зуком бемории сироятие мебошад, ки барангезандааш вирусҳо маҳсуб меёбанд. Он бо заҳролудии умумии бадан ва илтиҳоби луобпардаи роҳҳои нафас ҷараён мегирад. Худи бемории зуком ба гурӯҳи бемориҳои шадиди роҳҳои нафас шомил гардида, метавонад ҳар замон ва дар ҳар давра эпидемияро ба вуҷуд орад. Барангезандаи вируси мазкур дар ҳавои сард ниҳоят устувор буда, соати паҳншавиаш баланд аст. Дар ҷаҳон наздики 200 намуд вируси сироятшавии шадиди роҳҳои нафас мавҷуд аст. Якчанд намуди он барангезандаи бемории зуком ҳисобида мешавад. Маъмултарин навъҳои барангезандаи зуком намуди А ва Б мебошанд. Вирусҳои зукоми H1N1 ва H1N7 аз намудҳои дигари он маҳсуб меёбанд. H1N1 бештар бо номи вируси зукоми паранда машҳур аст, ки соли 2009 дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид ва эпидемияро низ дар пай дошт.
Дар кишвари мо бештар сирояёбӣ аз вируси намуди Б мушоҳида мешавад. Ин намуди вирус мавсимӣ буда, аз моҳи октябр то моҳи апрел идома меёбад. Роҳҳои гузариши ин навъи зуком ҳавоқатравӣ аст, ки аз одам ба одам гузашта, метавонад дар масоҳати то 1 метр дигаронро сироят намояд.
- Ин намуди вирусҳо аз ҳамдигар чӣ тафовут доранд ва кадоме аз онҳо хавфноктарин мебошад?
- Саршавии ҳамаи ин навъи вирусҳо қариб яксонанд. Аммо вируси H1N7 ба оризаҳо гирифтор намуда, душвору вазнин мегузарад. Ба вируси зукоми хук он нафароне мубтало мегарданд, ки дар фермаҳои хукпарварӣ фаъолият менамоянд. Ин навъ аз одам ба одам намегузарад. Дар асл, давраи гирифторшавии тамоми навъҳои вируси зуком аз якчанд соат то 3 рӯзро дар бар мегирад. Беморе, ки ба ҷараёни шадиди зуком гирифтор бошад, ҳамроҳи одами солим суҳбат намояд, аллакай вирус ба организми ӯ ворид мегардад ва дар сурати мубориза бурдани масунияти одами солим метавонад, ки ӯ ба ин беморӣ ғолиб барояду мубталои маризӣ нагардад. Аммо агар масунияти шахс паст бошад, метавонад гирифтори беморӣ гардад, ки инро давраи ниҳонӣ (инкубационный период) ном мебаранд.
Зукоми паранда, зукоми хук, вируси H5N1 аз вирусҳое маҳсуб меёбанд, ки метавонанд бо оризаҳои худ шахсро ба ҳалокат расонанд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон ин гуна вирусҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
- Дар кадом синну сол инсон ба бемории зуком бештар гирифтор мешавад?
- Дар ҳама синну сол инсон метавонад мубталои вируси зуком гардад. Вале аз ҳама бештар кӯдакони аз 3 сола боло то 65 сола мубталои ин беморӣ мешаванд. Чаро аз 3 сола боло? Чунки кӯдакони аз 3 сола поён бештари вақти худро дар хона мегузаронанду дур аз ҷойҳои ҷамъиятиву серодам ҳастанд. Аз ин лиҳоз, ба ин навъи беморӣ кам сироят меёбанд. Бемории зуком низ дар ҷойҳои серодам авҷ мегирад. Яке аз сабабҳои дар фаслҳои тирамоҳу зимистон гирифтор шудан ба ин беморӣ низ ҳамин аст. Яъне, дар ин фасл ҳаво сард шуда, теъдоди зиёди одамон дар биноҳо ҷамъ меоянд. Дар ин сурат масофаи байни одамон наздик гардида, вируси мазкур зуд дигаронро сироят менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳангоми гирифтор шудан ба бемории зуком тавсия дода мешавад, ки бемор бояд реҷаи бистариро риоя намояд.
- Нишона ва оризаҳои беморӣ кадомҳоянд?
- Нишонаҳои беморӣ ҳарорати баланд (то 40 градус), атсазанӣ, дарду хориши гулӯ, дард дар тамоми буғумҳо, дарди сар ва бемадории умумӣ мебошад. Агар шахси гирифтори зуком сари вақт муолиҷа нагирад, албатта ба оризаҳои ҷиддӣ гирифтор мешавад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки шахс гирифтори зуком аст, аммо табаш баланд нест. Тибқи тақсимоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зуком ба навъҳои хосу ғайрихос ҷудо мешавад. Дар навъи якум ҳамаи нишонаҳои беморӣ баръало эҳсос мегардад. Аммо дар намуди дуюм бошад на ҳамаи нишонаҳоро дидан имкон дорад.
Дар сурати риоя накардани реҷаи бистарӣ ва табобат, инсон ба оризаҳои зиёде гирифтор мешавад. Яке аз ин оризаҳо пайдо шудани дарди гӯш (отит-варамшавии луобпардаи гӯш) буда, ба варамшавии илтиҳоби шушҳо (пневмония), вайроншавии шохаҳои роҳи нафаскашӣ (бронхит) ва варамшавии луобпардаи майнаи сар, ки ниҳоят бемории вазнин аст, оварда мерасонад.
- Дар сурати мубтало шудан ба ин беморӣ чӣ бояд кард?
- Вақте ки дар худ нишонаҳои бемориро эҳсос кардед, ҳатман ба мутахассис - табибони сироятшинос ва оилавӣ муроҷиат намоед. Пас аз ташхис ба бемор тарзи муолиҷаи ӯ пешниҳод мегардад. Вале дар мадди аввал реҷаи бистариро мебояд риоя кард. Сипас, нӯшидани оби ҷӯшомада, нӯшобаҳои хонагӣ, оби хуч, лимончой, асал ва мураббо тавсия дода мешавад. Дар дараҷаи сеюм маводҳои зиддимикробӣ таъйин мегардад. Арбидол ва циклаферон аз маводҳои зиддимикробӣ ба ҳисоб мераванд. Аммо истеъмолашон бе тавсияи духтур иҷоза дода намешавад. Чунки организми ҳар як шахс хусусиятҳои хоси худро дорад, ки на ҳама вақт ба истеъмоли ин гуна ҳабҳо тобоваранд. Ҳеҷ гоҳ ба худмуолиҷа ва худсарона истеъмол намудани ҳабҳои зиддивирусӣ роҳ набояд дод.
Баъдан, шахси беморро мебояд, ки этикети сулфиданро риоя намояд. Дар рӯйи атрофиён сулфа накунад, ниқоб бипӯшад, аз рӯймолчаҳои яккарата истифода намояд. Риояи гигиенаи беҳдоштии дастонро низ нигоҳ дорад. Ҳамчунин, новобаста аз фасли сол дару тирезаҳоро дар як рӯз ду-се маротиба кушода, ҳавои хонаро мебояд тоза кард. Дар як рӯз ду маротиба хонаро бо латтаи тар тоза карда, кӯшиш намоед чангу ғубор болои ҷиҳози дар хонабуда нашинад. Зеро ҳангоми атса задани бемор вирус зуд ба болои чангҳои мизу ашёҳо ҷой мегирад. Агар имконият бошад, беморро дар хонаи алоҳида хобонед ва ба наздаш даромадани одамҳои зиёдро иҷоза надиҳед. Мо як расми хуби меҳмондорӣ дорем. Ҳамин ки аз бемор шудани касе хабардор шудем, зуд ба аёдаташ меравем, вале ба бемориҳои сироятӣ ин иҷозат дода намешавад. Дар сурати иҷро намудани ҳамаи ин қоидаҳо бемор низ ба сабукӣ бемориашро сипарӣ менамояд ва ҳам аъзои хонавода ва ё одамони гирду атрофи бемор ба зуком мубтало намегарданд.
- Дар кадом ҳолат дубора ба бемории зуком метавон гирифтор шуд?
- Шахсоне, ки як маротиба ба зуком гирифтор шудаанд, метавонанд, ки дуюм маротиба низ гирифтор шаванд. Аммо ин навбат ба дигар навъи он мубтало мегарданд. Аксар маврид, беморон мегӯянд, ки ҳафтае қабл гирифтори беморӣ буданду боз зуком шудаанд. Ин ҳолат дар натиҷаи оризаҳои бемории қаблӣ сар мезанад. Чунки бемор бори аввал ба худмуолиҷа даст задааст ва ё фармудаи табибро пурра иҷро накардааст. Яъне, реҷаи бистариро риоя накарда, бо каме сиҳат шудан аз идомаи муолиҷа даст кашидааст. Бояд гуфт, реҷаи нӯшидани ҳабҳо ва ё сӯзандору аз 5 то 7 рӯзро дар бар мегирад, ки инро ҳатман мебояд риоя кард. Танҳо бо гузашти 21 рӯз шахси бемор метавонад дубора ба навъи дигари вируси зуком гирифтор шавад.
- Оё бо фармудаи табиб, ки ҳангоми дафъаи аввали гирифторшавӣ тавсия дода буд, мумкин аст бемории дубораро муолиҷа кард?
- Бисёр дар таҷриба вохӯрдаем, ки вақте як нафар гирифтори беморӣ мегардад, ба нафари дигари аъзои оила ва ё шахси шиносаш ҳангоми гирифтор шудан ба бемории ҳамсон, ба онҳо он чизеро тавсия медиҳад, ки ба худи ӯ табиб маслиҳат дода буд. Албатта, ин нодуруст аст. Чунки организми ҳар як шахс хусусиятҳои хоси худро дорад. Вақте он нафар гирифтори зуком мегардад, бемориҳои музмине, ки дар ӯ ҳаст, метавонанд авҷ гиранд ва вобаста аз бемориҳои ҳамрадиф вазнинии ҳолат метавонанд зиёд шаванд. Мо дақиқ карда наметавонем, ки ба шахсе онро тавсия медиҳем, гирифтори кадом навъи бемориҳои ҳамрадиф аст. Ба ҳамин монанд, бо як дорухат низ шахс наметавон ду маротиба табобат гирад.
- Дар кадом ҳолат ва аз чандсолагӣ эмгузаронӣ бар зидди зуком гузаронда мешавад? Нафароне, ки эмгузаронӣ шудаанд, гирифтори ин беморӣ мешаванд ё на?
- Дар тамоми ҷаҳон эмгузаронӣ бар зидди зуком дар ҷойи аввал қарор дорад. Ин бештар ба нафарони гурӯҳҳои осебпазир тавсия дода мешавад. Инҳо занҳои ҳомиладор, кӯдакони аз синни 6 моҳа то 5 сола ва шахсони синну солашон аз 65 боло мебошанд. Ҳамчунин, нафароне, ки гирифтори бемориҳои музминанд (хроническое заболеваное). Ва албатта, эмгузаронии кормандони соҳаи тиб ҳатмӣ мебошад. Дар асл, эмгузаронӣ ду марҳиларо фаро мегирад ва аз фасли тирамоҳ оғоз меёбад.
Нафароне, ки эмгузаронӣ намудаанд, метавонанд ба вируси зуком гирифтор шаванд, вале онҳо бемориро сабуктар ва бидуни ориза пушти сар менамоянд. Ин низ ба бунияи ҳар як инсон вобаста аст. Мақсади эмгузаронӣ низ бидуни ориза паси сар намудани беморӣ мебошад.
- Зани ҳомила ҳангоми мубталои зуком гардидан чиро бояд истеъмол намояд?
- Зани ҳомила ҳангоми гирифтор шудан ба зуком новобаста аз он ки дар кадом давраи ҳомиладорӣ қарор дорад, ҳатман бояд ба табиб муроҷиат намояд. Баробари пайдо шудани нишонаҳо ӯро дар беморхона мебояд бистарӣ намуд. Ҳар гуна ҳабҳое, ки тавсия дода мешавад, зери назорати ҷиддии табибон қарор мегирад. Ба занони ҳомила тавсия дода мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба табобати худсарона машғул нашаванд ва аз ҳар гуна ҳабҳову нӯшобаҳо истифода накунанд.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ