Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и пойтахт, ки бинои қисми аввали он пурра аз ташхисгоҳ иборат аст, соли 2016 бо дастгоҳҳои муосиртарини ташхисӣ ҷиҳозонда шуд, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Дастгоҳи маъмул бо номи МРТ (томографи магнитиву резонансӣ), ки одатан дар Тоҷикистон бо нерумандии 0,3 – 0,5 тесла мавҷуд буд, дар ин маҷмаа бо қувватнокии 1,5 тесла, ки аз Олмон дастрас гардид, мутахассисони соҳаро ба ҳайрат овард. Касе ҷуръати дар ин дастгоҳ кор карданро надошт – он пурра компютерӣ буду амалҳои зиёдеро фаро мегирифт.
Зулфия Алиева – муовини директор оид ба ташхиси муассисаи мазкур нигарону музтар аз тамоми ҷумҳурӣ пайи ҷустуҷӯи мутахассис гардид, аммо бенатиҷа. Тасмим гирифт, то мутахассисони ҷавонро барои омӯзиш дар ин дастгоҳ озими шаҳри Москва намояд. Лек чунин дастгоҳи пуриқтидор (бо неруи 1,5 тесла) он ҷо низ мавҷуд набуд ва танҳо пас аз ду моҳ яке аз муассисаҳои тиббии Москва соҳиби чунин дастгоҳ шуд. Баъд аз ин, ду нафар мутахассиси ҷавонро ба Донишгоҳи тиббии таҳқиқотии Россия ба номи Пирогов фиристоданд, то онҳо дар зарфи ду моҳ тарзи дурусти корбариро дар чунин дастгоҳ омӯзанд.
- Ин таҷриба барои мо сабақ гардид, то дарк созем, ки ҳанӯз вақти санги асоси ин ё он муассисаи тиббиро гузоштан, бояд донем, ки чӣ гуна дастгоҳҳо ба муассиса ворид мегарданд, то қаблан мутахассисони ташхисгарро омода созем. Чун ҷавонон бо технологияҳои муосир бештар мароқ доранд, тасмим гирифтем, ки барои фаъолият дар чунин дастгоҳҳо маҳз онҳоро ҷалб намоем, - иброз дошт коршиноси соҳа З. Алиева.
Ҳашт қабати бинои ташхисии маҷмаа ҳар кадоме дар алоҳидагӣ ба як навъи ташхис нигаронда шудааст. Ғайр аз ин, дар дигар қисмҳои бино - таваллудхона, бистаринамоии калонсолон, соматикаи кӯдакона, ҷарроҳии кӯдакона, ёрии таъҷилӣ ва ғайра дар таркиби худ ҳуҷраҳои ташхисӣ доранд, ки шомгоҳон фаъолияти хешро қатъ менамоянд. Аммо дар бинои ташхисгоҳ фаъолияти қисми озмоишгоҳ ва ташхиси нурӣ (рентгенӣ) шабонарӯзист, ки дастгоҳҳои гаронарзиши ин қисмҳо беш аз 1 тонна вазнро доро мебошанд.
- Дар аксари биноҳои маҷмаа дастгоҳҳои ташхисии сайёр, ба монанди рентгени мобилӣ, дастгоҳи ултрасадо, озмоишгоҳи сайёр ва ғайра мавҷуданд. Дар вақти оҷилият ва ё маҳдуд будани ҳаракати беморон ин дастгоҳҳо ба назди онҳо фиристода мешаванд, - гуфт ӯ.
Дар шуъбаи рентгени эндоваскулярӣ тариқи рагҳои хунгард ташхис ба роҳ монда шуда, бо шуоҳои рентгенӣ нуқсҳои дил ва рагҳоро муайян менамоянд.
- Ин ё он шоҳраге, ки дилро бо хун таъмин менамояд, дар вақти сактаи дил маҳкам мешавад. Аз ҳисоби атеросклерози рагҳои хунгард, ё ягон лахтаи хуни аз организм кандашуда сари роҳи хунгардишро мебандад. Маҳз бо ҳамин дастгоҳ чунин беморонро ташхис менамоем ва дар шоҳрагҳои маҳкамшуда стенд мегузорем, ки он шабеҳи тӯр буда, шоҳрагро мекушояд ва гардиши хунро муътадил месозад.
Соли 2017 бемореро дар ҳолати ниҳоят вазнин, ки тамоми шоҳрагҳои ӯ маҳкам буданд, ба ин шуъба оварданд. Дар муддати 20 дақиқа ба ин бемор 5 стенд гузоштем, ки ин дар таҷрибаи тиббии кишвар ҳодисаи аввалин аст. То ҳол ин бемор сиҳату саломат асту соле ду маротиба аз ташхис мегузарад, - бо хушҳолӣ иброз дошт Зулфия Алиева.
Ҳамчунин, тариқи дастгоҳи рентгени эндоваскулярӣ табобати газаки хушсифати бачадон (миома) ба роҳ монда мешавад, ки онро эмболизатсияи шоҳраги бачадон мегӯянд.
- Махсус доруе ҳаст, ки онро эмбол мегӯянд. Онро аз шоҳраги пой ворид месозанд, ки баъдан ба шараёнҳои бачадон интиқол меёбад. Пасон, оризаи пайдошуда оҳиста-оҳиста хурд шуда, баъдан меафтад ва зани синну соли қобили таваллуд имкони ҳомила шуданро пайдо менамояд. Чуноне маълум аст, миома ба ҳомиладоршавӣ монеъ мегардад. Ҳамчунин, барои рафъи бемории аденома дар ғадуди мардона низ чунин навъи табобат роҳандозӣ мегардад, - фаҳмонд мусоҳибам.
Ба гуфтаи З. Алиева, касе то имрӯз аз эмболизатсияи ин шуъба ба оризаҳои ҷиддӣ дучор наомадааст, баръакс, тӯли ду соле, ки ин навъи табобат ба роҳ монда шудааст, бо роҳнамоии мутахассисони Беларус тақрибан 25 зан ва 70 мард бомуваффақият аз эмболизатсия гузаштаанд.
- Соле қабл ҷавонзани 23-сола бо миомаи ҳаҷман калон, ки ба ҳомиладоршавии ӯ монеъ гардида буд, муроҷиат кард. Барои ба саратон мубаддал нагардидани он табибон барояш ҷарроҳӣ тавсия дода буданд. Пас, ӯ барои машварат назди мо омад. Мутахассисони шуъбаи рентгени эндоваскулярӣ, ки дар занони ҷавон чунин навъи табобатро наозмуда буданд, бо хоҳиши зиёди ӯ эмболизатсияро бомуваффақият анҷом доданд. Ба наздикӣ телефонӣ ба мо хабар доданд, ки он зан писар таваллуд кардааст, - бо фараҳмандӣ изҳор намуд пизишк.
Зулфия Алиева фаъолияташро дар Маркази миллии ташхис аз соли 1992 оғоз намуда, соли 2004 ба ҳайси мудири шуъбаи ташхиси функсионалӣ ифои вазифа намудааст. Ҳамон сол ба ин марказ муяссар гардид, ки дастгоҳи компютерии электроэнсефалографиро (ЭЭГ), ки сабти фаъолияти майнаи сарро мегузаронд, дастрас намояд. Он овон мутахассиси кор бо ин дастгоҳ пайдо нашуд. Баъди омӯзиш дар Москва Зулфия Алиева аввалин бонуи тоҷик буд, ки дар дастгоҳи ЭЭГ-и компютерӣ фаъолиятро ба роҳ монд. Тасмим гирифт, ки рисолаи номзадиашро бо ташхиси фаъолияти майнаи сар пайванд диҳад. Бо тавсияи устод Фарҳод Одинаев рисолаи илмиашро ба бартарафкунандагони садамаи Чернобил бахшид. Зеро соли 1986, баъди сар задани ин садама 4000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксарият дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат менамуданд, бе асбоби дозиметр (асбоби чен кардани сатҳи радиатсия) муддате дар Чернобил фаъолият доштанд.
- Вақте ки корро бо бартарафкунандагони садамаи Чернобил шурӯъ кардам, қариб 50 фоизи онҳо дар қайди ҳаёт набуданд. Бо аҳли оилаи эшон низ дар тамос шуда, онҳоро пайваста аз ташхис мегузарондам. Вақте ки рисолаи номзадиамро соли 2013 ҳимоя кардам, танҳо 38 фоизи онҳо дар қайди ҳаёт буданд. Ҳангоме ки рисолаамро барои омӯзиш ба Институти мағзи сари Москва бурдам, онҳо дар ҳайрат монданд. Мепурсиданд, ки чӣ гуна ин фикр ба сари Шумо омад, то маҳз бо ин гурӯҳи одамон бо чунин дақиқият кор баред? – иброз дошт З. Алиева.
Дар самти фаъолият дар дастгоҳи ЭЭГ ин якумин рисолаи илмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон буд. З. Алиева бартарафкунандагони садамаи Чернобилро ба синну сол ва муҳлати хизмат тақсимбандӣ намуда буд. Онҳое, ки дар рӯзҳои аввал, солҳои 1986 -1987, қисми дигар аз соли 1988 то 1990 дар бартарафсозӣ ширкат доштанд. Дар муқоиса фарқияти сатҳи заҳролудшавии онҳоро омӯхта, фаъолияти майнаи сар ва дили онҳоро пайваста зери назорат гирифт ва ошкор сохт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон назар ба дигарон бештар аз радиатсия осеб дидаанд.
- Дар Тоҷикистон, ки шуои офтоб зиёдтар аст, бемории ин нафарон авҷ гирифта буд. Ба тариқи ин рисола исбот сохтем, ки онҳо воқеан бемор ҳастанду ба ёрӣ ниёз доранд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар инро ба инобат гирифта, маъюбияти онҳоро барқарор намуд.
С. АШӮРОВА