Ин навбат, дар доираи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019 - 2024» вохӯрии сокинон бо ғадудшиносони шуъбаи ёрии машваратӣ - ташхисӣ ба калонсолони Маркази миллии тиббии шифобахш - Фирӯза Бобоева, Нигина Раҳматова ва диетолог Сабзпарӣ Шакармамадова баргузор гардид.
Умеда Саидова, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ки дар оила ӯву модараш фарбеҳ шуданд, агарчи вақти тановули ғизо аз эҳтиёт кор мегиранд, яъне дар як рӯз ҳамагӣ як маротиба ва ҳамон ҳам хӯроки сабук истеъмол менамоянд. Вале яке аз хоҳарони ӯ, ки хӯроки зиёд тановул мекунад, лоғар мебошад...
Фирӯза Бобоева, табиб: - Фарбеҳӣ як навъ беморист. Он омилҳои зиёде дорад, ки муҳимтаринашон инҳоянд: ирсият, яъне аз насл ба насл гузаштан, аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти карбогидратдошта (шириниҳо, маҳсулоти нонӣ), истеъмоли чарбуҳо, камҳаракатӣ, кам истеъмол намудани сабзавоту меваҷоти тару тоза, дур будан аз варзиш.
Агарчи шахс хӯроки зиёд тановул намояду дар баробари ин лоғар бошад, он аз ирсият дониста мешавад. Ба ин гуна нафарон истифода бурдани хӯрокҳои серғизо ва серхолестерин таъсири манфӣ намерасонад.
Зулайхо Шарифова, сокини ш. Душанбе: - Оқибати бемории фарбеҳӣ ба чӣ оварда мерасонад ва бо кадом роҳҳо онро бартараф намудан имконпазир аст?
Нигина Раҳматова, табиб: - Маризии фарбеҳӣ ба бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, вайроншавии фаъолияти гурдаҳо, бемориҳои онкологӣ (саратон), сактаи майнаи сар, дарди пойҳо, безурётӣ ва вайроншавии давраи ҳайз оварда мерасонад. Ба системаи асаб низ таъсири манфӣ мерасонад. Хоб мегурезад, зиёдшавии иштиҳо ба амал меояд, ки дар ин ҳолат шахс мехоҳад ҳар чӣ бештар ғизо истеъмол намояд.
Мутаассифона, дар марҳилаи аввали беморӣ, вақте ки табиб ёрӣ расонда метавонад, қариб ҳеҷ кас ба духтур муроҷиат наменамояд. Аммо ҳангоме, ки беморӣ ба марҳилаи дувум ва савум мерасаду бемор дар худ дарди сар, нафастангӣ, дард дар қафаси сина, варами пойҳо ва дигар нишонаҳоро эҳсос менамояд, ба сӯи духтур мешитобад, ки дар ин ҳолат ҳатто доруҳо таъсир намекунанд ва танҳо дардро таскин мебахшанду халос.
Барои рафъи беморӣ чунин амалҳоро мебояд анҷом дод: пеши худ ҳадафи бузург гузоштан: кам кардани вазн (тақрибан 400 г дар як ҳафта), кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серғизо, аммо на камтар аз 1200 килокалория дар як рӯз, маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти дорои карбогидрат, равған ва оҳар (крахмал), истеъмоли ками намак, қайла ва қаланфур, зиёд хӯрдани меваву сабзавот, машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ (барои кӯдакон дар як ҳафта ҳадди ақал 60 дақиқа ва барои калонсолон 150 дақиқа дар як ҳафта).
Шамъигул Содиқова, сокини н. Ёвон: - Ба андешаи аксари коршиносон, маҳсулоти нонӣ боиси фарбеҳӣ мегарданд. Аммо солҳои пеш аслан таоми мардуми тоҷик аз маҳсулоти нонӣ ба монанди қурутобу шакароб, фатирмаска ва дигарҳо омода мешуд. Бо вуҷуди ин, фарбеҳӣ набуд...
Сабзпарӣ Шакармамадова, диетолог: - Ғизоҳои миллӣ бештар аз маҳсулоти табиӣ омода мешаванд: орди осиёбӣ, хамиртуруши анъанавӣ, чака, сабзавот, кабудӣ, маскаи хонагӣ ва ғайра, ки маҳсули дасти худи мардуми деҳот буд. Маҳсулоти ширии турш, ба мисли чака ба фарбеҳшавӣ намеорад. Аммо имрӯз дар таркиби ғизоҳо бештар консервантҳо (моддаи химиявӣ, ки таркиби хӯрокро дурудароз аз вайроншавӣ эмин медоранд) мавҷуданд ва ё полуфабрикатҳоро (хӯрокҳои нимкоркардшуда) зиёд истеъмол менамоем, ки он боиси фарбеҳӣ мешавад. Маҳсулоти нонии имрӯза бо хамирмояи сунъӣ (дрожжи) омода мешаванд, ки ин низ бетаъсир намемонад. Ҳамчунин, хӯрокҳои тезтайёре, ки дар ошхонаҳои сарироҳӣ омода мешаванд ва мардум онҳоро зиёд истеъмол менамоянд, пур аз майонезу кетчуп аст, ки инҳо низ ба фарбеҳӣ меоранд.
Насиба Забирова, сокини ноҳияи Файзобод: - Оё шабона хӯрок хӯрдан ва ё тановули ғизоҳои ба қавле «хушк» (сухомятка) метавонад боиси фарбеҳӣ шаванд?
С. Шакармамадова: - Тасаввур кунед, ки шабона манту хӯрда бихобед. Шаб, ки вақти фориғу беҳаракатист, ба меъда зӯр меояд. Тадриҷан чунин реҷаи хӯрокхӯрӣ ҳаҷми меъдаро бузург менамояд, ки инсонро ба пурхӯрӣ оварда, боиси фарбеҳӣ мегардад.
Истеъмоли ғизоҳои ба қавле «хушк» низ омили дигари мубтало гардидан ба маризии фарбеҳист. Маводи таркиби ин хӯрокҳо дорои ғизонокии зиёд ва қувватнокии кам мебошанд. Ҳар чи қадаре, ки бештар тановул намоянд, ҳамон қадар талаботи хӯрокхӯрӣ зиёд мегардад.
Мастура Ҳасанова, сокини шаҳри Ҳисор: - Зиёд шунидаем, ки пас аз соати 18.00 истеъмол накардани хӯрок муфид буда, фарбеҳиро бартараф менамояд. Ин ақида то куҷо дуруст аст?
Н. Раҳматова: - Дар таҷрибаи хеш то ҳанӯз мушоҳида накардаам, ки нафаре бо чунин реҷа лоғар шуда бошад. Агар шахс тамоми рӯз маҳсулоти серғизо тановул карда бошаду пас аз соати 18.00 ғизо истеъмол нанамояд ҳам, метавонад фарбеҳ шавад. Зеро ӯ рӯзона аллакай миқдори зиёди карбогидратҳоро истеъмол кардааст. Агар шахс соати 19.00 - 20.00 ҳам гӯшти обпази говӣ ва ё як порча моҳии беравған истеъмол намояд, аз он фарбеҳ намешавад. Муҳим на вақти тановули хӯрок, балки таркиби он аст. Ба ҳар сурат, шомгоҳон мебояд ғизоҳои сабукро истеъмол кард. Шаб бояд организми инсон истироҳат намояд.
Мастура Алиева, сокини ноҳияи Данғара: - Дар урфият дар иртибот ба одами ғамдор мегӯянд, ки «ӯро ғам бардоштааст». Оё афсурдаҳолӣ ҳам метавонад боиси фарбеҳӣ гардад?
Н.Раҳматова, табиб: - Дар ҳолати асабоният ва афсурдаҳолӣ дар организм миқдори ҳормони адреналин меафзояд. Дар ин ҳолат, ғадуди зери меъда инсулинро бештар хориҷ менамояд, ки иштиҳоро меорад. Он шахс ҳангоми тановули хӯрок сер шуданро эҳсос намекунад. Ва табиист, ки талабот ба истеъмоли ғизо зиёд мегардад. Баъдан, вайроншавии фаъолияти ҳормонҳо ба амал омада, мубталои фарбеҳӣ мегардад.
Шаҳодат Ҳаётова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ: - Баъзеҳо барои бартараф кардани фарбеҳӣ ҷарроҳии пластикӣ мегузаронанд. Оё баъди ҷарроҳӣ фарбеҳшавӣ метавонад боз ба вуҷуд ояд?
Ф. Бобоева: - Дар сурати анҷом додани ҷарроҳии пластикӣ, ки маблағи зиёд сарф мешавад, шахс метавонад дубора ба фарбеҳӣ дучор гардад, ба шарте ба мисли пешин хӯрок истеъмол намояд. Беҳтар он аст, ки чунин нафарон пайваста ба машқи бадан ва тамрин дар фитнес - клубҳо машғул шуда, реҷаи ғизохӯриро ба танзим дароранд.
Нафароне, ки имкони рафтан ба фитнес - клубҳоро надоранд, метавонанд дар шароити хона машқҳои гуногуни варзиширо анҷом диҳанд. Дар баробари ин, ба таркиби хӯрок низ диққат бояд дод. Таомҳоро гуногун – хӯрокҳои обдор ва камоб, сабзавоту мевагӣ ва кабудиҳоро истеъмол намоянд.
Муҳайё Маъдуллоева, сокини пойтахт: - Фарбеҳӣ имрӯз миёни кӯдакон низ боиси нигаронӣ шудааст. Барои кӯдакон ҳам мисли калонсолон бояд реҷаи дуруст тартиб дод?
Н. Раҳматова: - Кӯдакон ҳам бо роҳи ирсӣ ва ҳам дар натиҷаи истеъмоли нодурусти хӯрок фарбеҳ мешаванд. Пас аз валодат бештар тифлоне мубталои ин гуна беморӣ мегарданд, ки бо вазни беш аз 4 кг таваллуд шудаанд. Инчунин, модарон баъзан ба хӯроки кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ надода, бештар омехтаҳои дорои ғизонокии зиёдро пешкаш месозанд, ки ин омил низ боиси фарбеҳӣ мегардад.
Кӯдаконе, ки қандинаву шириниҳо, маҳсулоти нонӣ, ғизоҳои бирён ва тезтайёр, обҳои ширини газнок ва шарбатҳоро дӯст медоранд, гирифтори фарбеҳӣ мешаванд. Солҳои қабл кӯдакон ба варзиш ва бозиҳои серҳаракат зиёд шуғл меварзиданд, аммо имрӯзҳо бештари онҳо муддати тӯлонӣ дар назди телевизор ё компютер мешинанд.
Тавсия дода мешавад, ки кӯдакон бештар ғизои солим истеъмол намуда, ба варзиш ҷалб гарданд. Калонсолон барои фарзандон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд.
Бонувони Тоҷикистон