Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ба тасвиб расид. Тибқи он мебоист дурнамо ва нақшаи амал нисбат ба ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин гардад. Имрӯзҳо дастрасии нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, бахусус ба тавонбахшӣ чӣ гуна аст? Ба ин суол Наврӯз Ҷаъфаров – мудири бахши рушди усулҳо ва технологияҳои нави тавонбахшии маъюбони Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббӣ-иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух мегӯяд.
- Дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 46 марказҳои будубош барои ниёзмандону маъюбон таъсис дода шудааст, ки дар шаҳри Душанбе аз ин марказҳо 4 адад аст. Нафарони бесаробон ва дорои имкониятҳои маҳдуд вақти муайян дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд ва табобату нигоҳубин дар худи ҳамон ҷо амалӣ мешавад. Ғайр аз ин, дар пойтахт маркази хизматрасонӣ дар сатҳи ҳамширагӣ мавҷуд аст, ки дар он ба шахсони аз ҳаракат бозмонда, ниёзмандону маъюбон ва нафарони бесаробон хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, дар пажӯҳишгоҳи мо, ки аз ду қисм - илмӣ ва қисми хизматрасониҳои тиббӣ иборат аст, ҳам хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳам экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ расонида мешавад.
- Иқтидори қисми табобатии пажӯҳишгоҳ чӣ гуна аст ва кадом навъҳои табобатро дар бар мегирад?
- Дар қисми табобатгоҳ 60 кат мавҷуд аст, ки тамоми сол фаъолият менамояд. Дар қисми ёрирасони он толори варзишӣ мавҷуд буда, варзиши табобатӣ, табиатдармонӣ (физиотерапия), маҳсдармонӣ, сӯзандармонӣ, сандалии барқӣ (як навъи хизматрасонии физиотерапевтӣ барои партофтани вазн ва ба ҳаракат даровардани мушакҳои хобидаи бадан – асабу сутунмуҳра зери таъсири шуоъҳои гармӣ) ва табобати сенсорӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин, ду нафар асабшиноси варзида бевосита бо кӯдакони дорои нуқсҳои модарзодӣ кор мебаранд. Дар баробари хизматрасонии ройгон ба гуруҳҳои имтиёзноки аҳолӣ, ҳамчунин онҳо се маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
- Нигоҳубину табобат дар ин муассиса ба кадом гурӯҳи маъюбон расонда мешавад?
- Асосан ба маъюбони гуруҳҳои дуюм ва сеюм. Нафароне, ки қувваи роҳ гаштан надоранд ва аз уҳдаи худхизматрасонӣ намебароянд, барои онҳо дигар марказҳои махсусгардондашуда мавҷуд аст. Ҳамчунин, кормандони иҷтимоӣ фаъолият мекунанд, ки дар хона бо ин гурӯҳи маъюбон кор мебаранд. Баъзе гурӯҳи муроҷиаткунандагон нафароне ҳастанд, ки барои такроран гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҷиҳати тасдиқ кардани гурӯҳи маъюбӣ дар ин ҷо бистарӣ карда мешаванд. Беморон тибқи роҳхатҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва ҳамчунин марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ба мо равона мегарданд.
- Норасоии мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мушоҳида мегардад?
- Тибқи нақшаи кории қисми илмии пажӯҳишгоҳ соли 2019 омӯзиши иқтидорҳои тавонбахшии муассисаҳои сатҳи аввалия ва беморхонаҳои ноҳиявии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тарҳрезӣ гардид, ки тибқи он аллакай қисми муайяни маводҳо ҷамъоварӣ шуданд, махсусан дар ВМКБ ва вилояти Суғд. Тибқи саволнома муайян менамоем, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ чӣ қадаранд. На танҳо мутахассисони реабилитолог, балки мутахассисони самти табиатдармонӣ (физиотерапия) низ мадди назар гирифта мешаванд. Зеро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола муассисаҳои нави тиббӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар зинаи аввали тарҳрезии ин лоиҳаҳои сохтмонӣ дар баробари пешбинӣ кардани ҳуҷраҳои хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ махсусан муҷаҳҳаз ва ба истифода додани ҳуҷраҳои табиатдармонӣ низ дар назар дошта шудаанд.
- Муолиҷаи нафарони маъюб зери назорати табибон бояд роҳандозӣ гардад, масалан, дар ҳолати машғул шудан ба варзиши табобатӣ?
- Бале. Барои он ки масалан, шахси чурраи сутунмуҳра дошта агар бе назорати мутахассис ба худтабобаткунӣ ё ба варзиши табобатӣ машғул шавад, бемории ӯ метавонад вазнинтар гардад. Дар корти бақайдгирӣ низ аз ҷониби духтурони қисми тавонбахшӣ ҳамин хел тавсияҳо дода шавад – ба ҳар як маъюб ба таври инфиродӣ мебояд табобатро ба роҳ монд. Баъзеҳо нимфалаҷи қисми чапи пой ё даст доранд. Дигарон дар натиҷаи фишори шараёнӣ, сактаи майнаи сар гирифтаанд. Нафаре ҳаст, ки дар вақти садамаи нақлиёт ё сохмон осеби ҷиддӣ дидааст. Ҷиҳати ҳифзи торҳои асаб ва ҳам дуруст сабзидани устухонҳои онҳо бояд як қисми муайяни табобати тавонбахшӣ ба роҳ монда шавад. Дар акси ҳол, метавон ба ӯ зарар расонид.
- Теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон, ки ба хизматрасонии махсус эҳтиёҷ доранд, чӣ қадар аст?
- Сатҳи маъюбӣ дар кишвар тибқи омори расмӣ ба 1 январи соли 2019 зиёда аз 145 000 нафарро ташкил медиҳад. Ин маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 ва маъюбон аз синни кӯдакӣ мебошанд. То синни 18-сола дар ҷумҳурӣ маъюбон наздики 28 000 нафарро ташкил медиҳанд. Тибқи тартибот ин гурӯҳҳои маъюбон дар муҳлати муайян ҷиҳати тасдиқ кардан бояд аз муоинаҳои тиббӣ ва муоинаи такрорӣ гузаранд. Дар ин даврае, ки муайян шудааст, шахси маъюб тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ бояд ба солимгардонӣ рӯ оварад ва ҳолати саломатии худро беҳтар гардонад. Дар акси ҳол, шояд гурӯҳи маъюбии ӯ вазнин шавад.
- Дар ҷумҳурӣ сатҳи маъюбият аз кадом навъи бемориҳо бештар аст?
- Тибқи таҳлили Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва таҳлили алоҳидаи пажӯҳишгоҳ, ки маълумотҳои қариб панҷсолаи маъюбшавиро дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ намудаанд, муайян гардидааст, ки дар зинаи аввал омили асосии ба маъюбият расидани одамон - бемориҳои асаб аст. Асабхастагӣ, бемориҳои вобаста ба асаб ва сактаи мағзи сар. Дар зинаи дувум бемориҳои рӯҳиву равонӣ қарор дорад. Дар зинаи сеюм бемориҳои вобаста ба чашм, баъдан бемориҳои пас аз ҷароҳатбардорӣ, ки бо анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб сурат мегирад. Баъдан, бемориҳои ғадудҳои дарунӣ мебошад. Масалан, диабети қанд, ҷоғар, ки ба ноҷуриҳои дигар узвҳо оварда мерасонад. Сипас, бемории саратон ва пас аз ин бемории дилу рагҳо дар мавқеи ҳафтум қарор гирифтааст.
- Имрӯзҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ бо тавонбахшӣ ва солимгардонӣ фаро гирифтани талаботи маъюбон то чӣ андоза имконпазир аст?
- Аз маблағҳое, ки алҳол мавҷуданд, то 60 фоиз қонеъ намудани талаботҳои онҳо вуҷуд дорад. Минбаъд дар ҳолати ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолие, ки дар нақша гирифта шудааст, имконияти истеҳсоли воситаҳо ва асбобу анҷоме, ки ба маъюбон зарур аст, метавонад талаботи маъюбонро пурра қонеъ гардонад. Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид ва ин санади муҳим низ метавонад минбаъд ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ин қишри ҷомеа мусоидат намояд.
С. Ашӯрова