Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон тарҳи наверо бо номи «Рӯ ба рӯ бо табиб» дар доираи татбиқи барномаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилӣ» ва дигар барномаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар кишвар бо мақсади таҳкими саломатии модар ва кӯдак роҳандозӣ намудааст. Модарон метавонанд дар ин вохӯриҳо аз табибони соҳибтаҷриба ба суолҳои хеш посух бардошта, аз машварати хуби онҳо баҳравар гарданд.
Вохӯрии нахустин дар шуъбаи нефрологияи кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки дар он ташхис ва табобати бемориҳои гурда дар кӯдакон роҳандозӣ мегардад, доир шуд. Ба суолҳои модарон духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, табиби атфол Раҳмат Шаъбонов посух дод.
Дилором Гулова, сокини ноҳияи Ёвон гуфт, ки ду сол қабл набераи 10-солааш ба бемории гломерулонефрит (як навъ бемории гурда) дучор шудааст. Бо сабаби бе ягон аломат ҷараён ёфтани беморӣ, аз мавҷудияти он наздикон бехабар мондаанд.
Д. Гулова: - Пас аз 5 моҳи ташхис ва табобат бадани кӯдак варам карда, дар ӯ қайкунӣ ва асабоният мушоҳида шуд, яъне ӯ такроран ба ин беморӣ мубтало гардид. Хусусиятҳои ин беморӣ чӣ гуна аст ва чӣ тавр онро метавон пешгирӣ кард?
Табиб: - Гломеруонефрит аз зумраи бемориҳои системавии гурдаҳо аст. Он бо камтарин аломатҳо зуҳур менамояд ва аз 10 ҳазор нафар як кас ба он гирифтор мешавад. Дар марҳилае, ки беморӣ ба дараҷаи вазнин мерасад, он гоҳ аломатҳои худро аён месозад. Одатан модарон ба тағйирёбии ранг ва зуд-зуд омадани пешоби кӯдакон дар ин синну сол таваҷҷуҳ наменамоянд. Барангезандаи он сирояти стрептококк буда, аввал дар гулу бемории гулудард (ангина)-ро ба вуҷуд меорад ва ба ҳамин тариқ, дар натиҷаи ҷараёни мураккаб сохти узвро тағйир медиҳад. Узв дар натиҷа организмро маҷбур месозад, ки бар зидди худ мубориза бурда, онро нобуд созад.
Доруҳое мавҷуданд, ки гардиши хунро муътадил намуда, садди ин беморӣ мегарданд. Аз ҳама муҳим, тавсияи духтуронро бечунучаро иҷро намуда, ба кӯдак таъйин намудани парҳези дуруст, гарм нигоҳ доштани бадан, манъ кардани истеъмоли хӯрок ва нӯшокиҳои сард, аз шиноварӣ дар ҳавзҳо дур кардани ӯ шарт ва зарур аст. Дар ин кор сабру таҳаммули бузург мебояд. Он гоҳ метавон ба мақсад ноил гашт.
Сайрам Одилова, сокини шаҳри Душанбе: - Зери гӯш ва қисми поёни рӯйи писарчаам аввал варам кард, фикр кардем, ки бемории баногӯш (ғургӯшак) шудааст. Аммо рӯзи дигар пойҳо ва шикамаш низ варамид. Пешоб кам ва дарунравиаш зиёд шуд. Дар шуъбаи нефрология бистарӣ кардем ва ҳолати ӯ беҳтар гардид. Лек ҳар пагоҳ ва шаб пеш аз хоб безобита ва асабонӣ мешавад. Ба андешаи шумо, ба ҷуз духтури бемориҳои гурда боз ба духтури асабшинос муроҷиат кардан дуруст аст?
Табиб: - Синои бузург фармудааст: «Ҳолати бадани шумо аз чӣ фурӯ бурдан вобаста нест, балки аз он вобаста аст, ки гурдаи шумо чӣ кор кард». Воқеан, пайвастагиҳои мубодилавие, ки дар организм ба вуқӯъ меоянд, қисми нолозими онро гурдаҳо аз таркиби хун ҷудо сохта, аз бадан хориҷ менамоянд. Вақте ки пешоб кам мешавад, дар таркиби хун ҳамон мубодилаҳои изофавӣ меафзоянд, ки на танҳо ба гурдаҳо зарар меоранд, балки пайвастагиҳои пешоб ба рӯда мегузарад. Вақте ки дар дохили рӯда пешоб ҷамъ шуд, илтиҳоби рӯдаҳоро ба амал меорад ва дарди шикам медиҳад. Агар дар хун ҷамъ ояд, ба системаи марказии асаб интиқол меёбад ва мағзи сарро осеб дода, онро фишор медиҳад. Дар давраи солимшавӣ низ асабоният мушоҳида мегардад. Дар чунин ҳолат маслиҳати асабшинос ҳатмист, то маводи оромкунанда ва таскинбахшро ба кӯдак таъйин намояд.
Мадина Шукурова, ш. Душанбе: - Маротибаи савум аст, ки духтарчаам (5-сола) бо бемории пиелонефрит (ҷараёни илтиҳобии системаи гурдаҳо) дар беморхона бистарӣ мегардад. Ба мо систография ва урография (таҳқиқҳои рентгенологии системаи пешоб) таъйин намуданд. Ростӣ, аз усули таҳқиқи систография ҳарос дорам. Магар он бехавф аст?
Табиб: - Пешоб роҳҳои муайяни барориши худро дорад ва мутаассифона, дар ҳолати рефлюкс (ба ақиб баргаштани пешоб) он баръакс ҳаракат менамояд, ки дар натиҷа илтиҳобро ба амал меорад ва он то ба гурдаҳо рафта мерасад. Агар самти дурусти ҳаракати пешобро табибон барқарор насозанд, агарчи табобат ба роҳ монда шавад ҳам, ин беморӣ такрор хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, агар рефлюкс бошад, систография ҳатмист, зеро он табобатро осон мегардонад. Аз он набояд ҳаросид.
М. Шукурова: - Эҳтиёт накардем, кӯдак аз обу офтоб баҳра гирад гӯён, ба ӯ иҷозат додем, ки дар ҳавз шино кунад. Дар натиҷа боз ба беморхона афтидем.
Табиб: - Пиелонефрит табобати дурударозро тақозо менамояд, ки онро муолиҷаи нигоҳдоранда мегӯянд. Бемор бояд пайваста антибиотикҳо истеъмол намояд.
Зулқадамои Раҳмон, шаҳри Кӯлоб: - Як сол аст, ки духтарчаи 7- солаам таби баланд дораду баданаш варам менамояд. Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» чанд маротиба баъди ташхиси ултрасадо духтур доруҳо тавсия дода, гуфт, ки як гурдаи кӯдак иллат дорад. Ба ин тариқ, баъди як сол ба шуъбаи нефрологияи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» муроҷиат намудем. Баъди ташхис маълум гардид, ки гурдаҳои кӯдак аз фаъолият бозмондан доранд.
Табиб: - Барои иваз кардани гурдаҳо дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон духтурон чӣ гуфтанд? Дар ошёнаи якуми ин бино диализ (тоза кардани хун) амалӣ мешавад. Хуни кӯдакро тоза кардед?
З. Раҳмон: - Бале. Аммо аз он сабаб, ки духтарчаам дар синни 9-моҳагӣ ҷарроҳии чурраи сутунмуҳраро дид, барои узвивазкунӣ ҳоло тавсия надоданд.
Табиб: - Пеш ин беморӣ бо ягон аломат зуҳур мекард?
З. Раҳмон: - Як маротиба ба хуруҷ (приступ) дучор шуд ва бо ҳамин ба духтур муроҷиат кардем.
Табиб: - Бемории гурда дар кӯдаки шумо шояд аз рӯзи таваллуд бошад. Бемориҳои модарзодии гурда низ вуҷуд доранд. Асоси бемориҳоро аз рӯи дард дарёфт менамоем. Чунин одат ҳам шудааст, ки дар организм то дард пайдо нагардад, мо ба духтур муроҷиат наменамоем. Аз маҷмӯи бемориҳои гурда танҳо дар ҳолатҳои мавҷуд будани санги гурда, пиелонефрит ва систит шахс дардро эҳсос менамояд.
Модарон, агар мушоҳида намоянд, ки кӯдак аломатҳои ягон бемориро надораду вале ҳолати нохуб дорад, пешоби ӯро барои таҳлил супурдан ҳатмист, то муайян гардад, ки дар он тағйирот ба вуҷуд омадааст ё на. Модарон бояд аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошанд ва аз табибон талаб намоянд, ки кӯдакони онҳоро пурра муоина созанд, то сари вақт пеши роҳи бемориҳоро гиранд.
Дилноза Аҳмадова, ш. Душанбе: - Кӯдакони навзод бо кадом намуди бемориҳои гурда таваллуд мешаванд?
Табиб: - Бемориҳои гурда дар навзодон хеле кам мушоҳида мегарданд. Дар зарфи ду сол, агар ҳазор беморро муоина карда бошам, танҳо ду ҳодисаи аломати нефротикиро дучор омадаам. Намудҳои бемориҳои ирсӣ - модарзодии гурда зиёданд, лек дарёфти онҳо дар ҷумҳурии мо ниҳоят дер аст. Масалан, бемории ирсии оилавӣ (нефропатияи оилавӣ)-ро мушоҳида намудаем, ки як оиларо пурра аз байн бурдааст.
Д. Аҳмадова: - Барои пешгирӣ намудани бемориҳои гурда модарон бояд чиро донанд?
Табиб: - Модарони ҷавон нисбат ба солимии фарзандон бояд бодиққат бошанд. Либоси тоза, ҷойи покиза, хӯроки дуруст, гарм нигоҳ доштани бадани кӯдак, аз истеъмоли об ва ғизои сард эмин нигоҳ доштани онҳоро бояд таъмин намоянд. Дар ҳолати дошта натавонистани пешоб ва пай бурдани аломатҳои бемории гурда кӯдакро аз се муоина гузарондан ҳатмист:
1. Муоинаи пурраи кӯдак дар назди духтури нефролог ва аз назар гузарондани бемориҳои худи гурда.
2. Аз ташхиси табиби асабшинос гузарондани кӯдак, то ҳам системаи марказии асаб ва ҳам сутунмуҳраи кӯдак муоина карда шавад.
3. Аз муоинаи духтури гӯшу гулу ва бинӣ (ЛОР) гузаштан. Бемориҳои системаи димоғ ҳастанд, ки дар бинӣ гӯшти зиёдатӣ, аденоидҳо ва дар гулу ангинаро метавонанд ба вуҷуд оранд. Кадом табибе, ки бемории алоқамандро ба тахассуси худ дарёфт намояд, аз ҷониби ӯ табобат ба роҳ монда мешавад. Ва муҳимтар аз ҳама, модарон нахуст бояд худ солим бошанд, то тифли солимро ба дунё оранд ва вазифаи бузурги модариро пеши фарзандон иҷро намоянд.
Аз идора: Агар шумо оид ба ин ё он навъи бемориҳои кӯдакона ва занона маълумоти муфассал гирифтан хоҳед, бо телефонҳои 238.55.68 ва 238.55.69 занг зада, метавонед мавзӯи ояндаро муайян ва дар вохӯриҳои оянда ширкат варзед.
Ба таваҷҷуҳи Муассисаи давлатии Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мерасонем, ки Оиша, фарзанди сокини ш. Кӯлоб Зулқадамои Раҳмон алҳол дар шуъбаи нефрологияи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бистарӣ мебошад ва ба ёрии мутахассисони ин марказ ниёз дорад.
«Бонувони Тоҷикистон»