Бо чунин унвон санаи 22 октябри соли равон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ташаббуси Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» вохӯрии модарон бо духтури дараҷаи олӣ, табиби атфол – Раҳматулло Шаъбонов баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 нафар модарони кӯдакони бемордошта ширкат варзида, ба суолҳои худ посух гирифтанд. Вохӯрӣ дар шуъбаи нефрологияи кӯдакона доир гардида, бештар атрофи омилҳои пайдоиши бемориҳои гурда, ташхис ва табобати он сурат гирифт. Нуктаи муҳим он буд, ки модарони ҷавон танҳо дар ҳолати пайдо гардидани аломатҳои шадиди бемориҳо ба табибон муроҷиат менамоянд, ки он давраи авҷ ва ё ниҳоии маризиҳо буда, табобатро анқариб номумкин мегардонад. Р. Шаъбонов ба модарон таъкид сохт, ки ҷиҳати тандурустии фарзандони хеш беэътиноӣ зоҳир накарда, кӯдаконро соле ду маротиба аз зери назорати табибони атфол гузаронанд.
Иқдоми мазкур дар доираи амалисозии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва таҳкими саломатии модару кӯдак равона гардидааст.