Гулҷаҳон Давлатзода, директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон», на танҳо дар мавриди касб, балки зиндагии ҳамарӯза бардоштҳои худро дорад...
Муаррифӣ
Давлатзода Гулҷаҳон Қобил дар факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино солҳои 1992–1998 бо ихтисоси духтури кори табобатӣ ва солҳои 1998–2000 дар ординатураи клиникии донишгоҳи мазкур аз рӯи ихтисоси акушер - гинеколог таҳсил намудааст.
Солҳои 2000 – 2003 мудири бунгоҳи тиббии ҶСК «Ширин» буд. Дар аспирантураи назди Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Вазорати тандурустии ҶТ таҳсил дошт.
Соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Дар амал ҷорӣ намудани донорҳои оксиди азот дар табобати комплексии гардиши хун дар системаи машшими ҷанин» ҳимоя кард.
Соли 2007 ба сифати ходими илмии шуъбаи проблемаҳои иҷтимоии тиббӣ ва иттилоотӣ ва аз соли 2008 дар вазифаи ходими илмии бахши акушерӣ ва мудири шуъбаи таваллуди Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии мазкур зиёда аз 5 сол кор кард. Аз моҳи январи соли 2016 директори ин муассиса мебошад. Гулҷаҳон Давлатзода дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ва конференсияҳои илмӣ - амалии соҳаи тандурустӣ фаъолона иштирок намуда, раиси Шӯрои илмии пажӯҳишгоҳ, узви раёсати Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёт» ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад.
Бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва«Ифтихорнома»-и Кумитаи марказии ҲХДТ сарфароз гардидааст. Дорои дараҷаи тахассуси олӣ.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Ба суҳбати ӯ замоне расидам, ки наздаш корафтодае нишаста буд ва он қадар самимӣ суҳбат дошт, ки гӯё кадом шиноси деринаашро дида бошад. Тақрибан ним соат зарур омад, ки интизор бошам. Зани ҷавонеро гусел карду бо табассуми зебо маро ба ҳуҷраи кориаш даъват намуд. Саволи аввалинам бардошт аз ҳамон ҳолат буд, ки бо як ниёзманд ин қадар самимӣ ва тавре дар урфият мегӯянд, «аз дилу ҷон» муносибату суҳбат дошт. Посухи ӯ табассуми зебояшро ҷилои дигар медод:
-Медонед, аз аввал медонистам, ки чӣ касберо интихоб намудаам. Духтурӣ ҳамин гуна касб аст, ки яқинан медонӣ: кам ҳолате мешавад, ки одамон наздат бо хурсандӣ биёянд, зеро дарде, нороҳатие онҳоро назди духтур меорад.
Ҳаёт аҷаб печутобҳое дорад. Мешавад рӯзе, ки аз ҳама чиз умедатро меканӣ. Аммо пайдо мешавад касе, ки ба ту мегӯяд: «Ин охири роҳ нест». Беҳуда нагуфтаанд, ки Худо инсонҳои умедбахшеро офаридааст, ки бо мадади онҳо бандагони аз зиндагӣ навмед, дубора ба ҳаёти хушбахтона бармегарданд. Ин гуна ҳолатҳоро зиёд дучор омадаам, ки беморон дар охирин лаҳзаҳои ноумедӣ бо дили гарм ба ҳаёт пайвастанд. Қариб 20 сол аст, ки фаъолият дорам ва гуфта метавонам, ки ҳар рӯзи кори мо дар худ ҳикматҳо дорад.
«Мехоҳед солим бошед? Фикри солим намоед!»
«Аз рӯи бардошти ман, бемориҳо на аз таъсирҳои беруна, балки аз вуҷуди худи инсон пайдо мешаванд. Яъне, ҳар яки мо худ бемории худро месозем. Чунин омилҳои беруна, ба мисли хӯрок, инфексия ва таъсири боду ҳаво ҳамагӣ барои хурӯҷи бемориҳо заминасозанд. Дар вуҷуди инсон ҷавҳаре ҷой дорад, ки пайдошавии ин ё он намуди бемориро дар ҷисм ё рӯҳи инсон роҳандозӣ мекунад.
Оре, мо бо фикрҳои манфиамон бемории худро месозем, зеро бемориҳо инъикоси фикрҳо ва эҳсосоти манфии мост. Аз ин рӯ, дар давлатҳои Аврупо одамон намехоҳанд худро бемор нишон диҳанд. Ҳатто бемориро камбудӣ меҳисобанд ва намехоҳанд,ки камбудиашонро дигарон пай баранд. Аммо дар тафаккури мардуми мо, беморӣ камбудӣ набуда, ҳатто ба бемор лутфи зиёд карда мешавад. Аз ин рӯ, дар кишвари биҳиштосои мо, ки софтарин обро дораду мо форамтарин ҳаворо нафас мекашем, беморон зиёданд. Ҳамаи ин вобаста аст ба фикрронии манфии мо, ки неруи манфиеро ба вуҷуд меорад ва он ҷанбаи вайронкорӣ дошта, ба солимии мо зарар мерасонад. Ин дар ҳолест, ки мо наслҳои ояндаро ба дунё меорем ва навзод аслан дар ҳамон рӯҳияе ба камол мерасад, ки ба дунё омадааст».
«Ҳаётро мустақилона эътироф намоед!»
«Ба назди ман занҳое меоянд, ки аз табобати дурудароз ва қабули доруҳо хаста шуда, сиҳатшавии худро эҳсос намекунанд. Ман аввал сабаб меҷӯям ва сабаби дардро ба бемор мефаҳмонам. Баъд доруи заруриро менависам. Пас аз чанде ҳолати бемор беҳтар гардида, бо тани сиҳату ханда бар лаб ба суроғам меояд ва ҳатто ягон бемори шиноси худро меорад.
Ин ба он маънӣ аст, ки вақте инсон аз худ норозист, пеш аз ҳама, ҳамон узваш нороҳату дардманд мешавад, ки нуқсони модарзодӣ дорад. Агар зан босавод бошад, ин аз мард вобастагӣ надорад. Вале бархе занҳои мо, ки маърифати мустақилона эътироф кардани ҳаётро надоранд, аз рафтори мардҳо ҳассосият нишон медиҳанд.
Аз ҳамин ҷост, ки суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳакимона аст: «Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд!».
Занҳо бояд яқин донанд, ки кӯдаки солимро танҳо модари солим ба дунё меорад. Тавлиди кӯдаки носолим зиён ба оянда, ба генофонди миллии мост. Ин масъулиятро бояд ҳар бону ҷиддӣ эҳсос намояд!».
«Барои таваллуди кӯдаки солим омода бошед!»
«Бонувон бояд дарк намоянд, ки таваллуди кӯдаки солим аз омилҳои зиёде вобаста аст, ки бевосита ба занон иртибот дорад. Яъне, занон пеш аз ҳомиладор шудан бояд аввал организми худро ба ҳомиладорӣ омода созанд. Онҳо бояд аз муоина гузашта, дар давраи ҳомиладорӣ таҳти назорати доимии табибон қарор дошта бошанд. Мутаассифона, аз рӯйи тадқиқоти олимони пажӯҳишгоҳ миёни занон бемории камхунӣ –норасоии оҳан, бемориҳои вобаста бо норасоии йод дар организм ва бемориҳои дилу раг ва вобаста ба гурда мушоҳида мешаванд.
Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи бемории камхунӣ ин кам истеъмол намудани ғизоҳои йоддор, камии оҳан дар таркиби хӯрок мебошад, ки қисми зиёди паҳншавии бемории камхуниро ташкил медиҳад. Мисли бемории рӯдаю меъда, кирми шикам, омилҳои генетикӣ, бемории табларза, сил ва ғайра».
«Мо ба ҳаёти модару кӯдак ҷавобгарем»
«Бардошт чунин аст, ки касби моро на ҳар кас интихоб менамояд. Маҳз онҳое дар ин ҷода муваффақанд, ки бе ин касб зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд! Зеро ин пеша азхудгузаштанҳо, мутолиаи зиёд, сабру тоқат, фарҳанги муколама бо мардум ва аз ҳама муҳимаш – ҷасорату қатъиятро тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки мегӯянд, кор бо зану кӯдак хос ба одамони заиф нест.
Аммо ниҳояти фаъолияти пизишкон хушбахтиву хурсандиро ба дунбол дорад: тифли наве ба дунё меояд. Кӣ медонад, шояд дар оянда ин тифли маъсум олими номдор ё як шахси муҳими ҷамъият гардад.
Бо таваллуди кӯдаки носолим ташвишу изтироби амиқ пайдо мешаванд. Аз ин ҷост, ки духтури амрози занона ва момодоягӣ бар замми касбияти фавқулода бо муҳаббати хос ба одамон, масъулияти ҷиддӣ низ дорад. Зеро мо ба ҳаёти ду нафар – модар ва кӯдаки ӯ ҷавобгарем!
Дебоча
МД «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» тайи 35 соли фаъолият яке аз муассисаҳои пешбари соҳа ба ҳисоб меравад. Тайи ин муддат дар зоишгоҳи муассиса тақрибан 100 ҳазор тифл ба дунё омада, таҷрибаи кофӣ ва зарфияти илмӣ ҳосил шудааст. Ҳамасола беш аз 10 000 бону аз ёрии институт бархӯрдор мегардад. Мо талош меварзем, ки ҳар таваллуд муваффақона анҷом ёбад. Муассиса беш аз 100 корманди илмиву клиникӣ дорад. Аз ҷумла, 2 академик, 2 профессор, 6 доктори илм, 9 дотсент ва 41 номзади илм.
Фаъолияти илмиву амалии мо ба он равона шудааст, ки мутахассисони беҳтаринро омода намуда, маргу мири кӯдаку модарро коҳиш диҳем.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА