Шабонгоҳон. Сукути оламгирро садои гиряи навзоде барҳам мезанад. Ӯ навзодро бо муҳаббат рӯи дастон гирифта, эҳсоси хушнудӣ менамояд ва шодишарики зодмандони хушбахтест, ки ба дунё омадани тифл зиндагиашонро гуворотар хоҳад кард.
Ин яке аз он лаҳзаҳои гуворои ҳаёти бонуест, ки масъулияти ба дунё овардани тифлро дошта, кафолати солимии модару кӯдакро медиҳад…
Зимни сафар ба ноҳияи Данғара аввалин тасмимамон дидан намудан аз таваллудхонаи деҳаи Пушинг буд. То ворид шудан ба бинои зоишгоҳ тамошои гулҳои зебову рангоранги гулгашти атрофи он дили касро мерабояд. Бонуи қоматбаланди хилъати сафедпӯш бо чеҳраи шукуфон истиқболамон гирифт. Аз мақсадамон воқиф гардида, моро дохили бинои тозаву озода хонд. Аз ҳуҷраи бинои ташхисгоҳ садои навзоде меомад, ки вайро модараш ба муоинаи тиббӣ оварда буд. Пеш аз суҳбат бо масъулони таваллудхона аз ҳуҷраҳои зоишгоҳ дидан намуда, бо шароити он аз наздик ошно шудем.
- Дар Ҷамоати деҳоти Пушинг қаблан бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошт, аммо он ҷавобгӯи талаботи замони муосир набуд. Инак, аз ҷониби соҳибкорони деҳа маркази саломатии куҳна аз нав таъмиру таҷдид гардида, дар назди он чунин таваллудхонаи муосири бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуд. Зоишгоҳ барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун ва хавфи фавти модару кӯдак мусоидат менамояд, - мегӯяд бо хушнудӣ Сабоҳат Сафарова, мудири таваллудхона.
Сабоҳат бо хонаводааш аз шаҳри Душанбе барои фаъолият ба ноҳияи Данғара омадааст. Ба қавли ӯ, чунин таваллудхонаи замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дар ноҳияҳо ангуштшуморанд. Таваллудхонаи нав дорои 3 ҳуҷраи модару кӯдак, 1 ҳуҷраи хатна, 2 ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, як ҳуҷраи таваллуд, 1 ҳуҷраи шустушӯи асбобҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар дохили ҳар кадоме аз хобгоҳҳои модару кӯдак ҳуҷраи дастшӯиву ҳоҷатхона ҳаст, ки дар фасли сармо зарурати ба берун баромадан намемонад. Таваллудхона дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин буда, дар тобистон ҳавои дохили ҳуҷраҳо серуни форам аст.
Солҳои қабл мардум барои ташхису табобат дар фаслҳои гармову сардӣ ба маркази ноҳия мерафтанд. Кунун ин мушкилӣ бо бунёди зоишгоҳ ва таҷдиди маркази саломатӣ ҳалли худро ёфт. Бино ба нақли мудири таваллудхона, онҳо имкон доранд, ки дар як вақт то се нафар зани ҳомиларо қабул намоянд. Аз рӯзи ифтитоҳи зоишгоҳ дар ин ҷо 27 нафар навзодро ба дунё овардаанд ва ягон ҳолати фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст.
- Дар зоишгоҳ танҳо сатҳи якуми валодат қабул карда мешавад. Валодати бисёрҷанина ва таваллуди тифли аввалро ба беморхонаи марказӣ равона созем ҳам, то давраи таваллуд таҳти назорати доимии мо қарор доранд. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ таваллуди дугоник ва ё сегоникро ҳам қабул менамоем, - иброз медорад С. Сафарова.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази саломатии деҳаи Пушинг мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шудааст, ки ҳангоми таваллуди таъҷилӣ ва ё фиристодани зани ҳомила ба беморхонаи марказӣ мададрасони корафтодагон аст. Таваллудхона ба занони ҳомилаи деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак, Моҳпора ва Шаршар хизмат мерасонад. Дар баробари қабули таваллуд, инчунин табибони ин даргоҳ барои муоинаву табобати бемориҳои гуногун ба занон дасти ёрӣ дароз мекунанд.
- Бонувон бештар шикоят аз бемориҳои камхунӣ, варами гурда ва миёмаи бачадону эндометриоз доранд. Бо занон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, ба онҳо тавсия медиҳем, то қабл аз ҳомиладорӣ нахуст худро табобат намоянд. Зеро аз модари бемор тифли солим ба дунё намеояд. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: «Модари солим - кӯдаки солим». Мутаассифона, дар бархе аз модарон бемории камхунӣ ба назар мерасад. Ҳол он ки дар сурати табобат накардани ин беморӣ, ҳаёти навзод ва ҳам солимии худро зери хатар монда, кори парасторони тиббиро душвор менамоянд, - иброз дошт мудири зоишгоҳ.
Шодишарики волидон
Дар зоишгоҳ 4 момодояву 3 фаррош 24 соат тариқи навбатдорӣ фаъолият менамоянд. Парасторони тиббӣ пуртаҷрибаву корозмуда буда, аз 5 то 15 сол дар ин самт собиқаи корӣ доранд. Марворид Раҳимова яке аз момодояҳои пуртаҷрибаи ин даргоҳ аст, ки қаблан дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара кор мекард. Инак, пас аз ифтитоҳи зоишгоҳи нав ба таври гузариш фаъолияташро дар ин ҷо идома дода истодааст. Касбашро дӯст медорад, зеро маҳз бо ёрии ӯ барин табибон тифлакон ба дунё омада, ба садҳо хонаводаҳо хушбахтӣ меоранд.
- Дар ҳақиқат, таваллуди навзод ҷараёни физиологии муқаррарист. Аз ҷониби дигар, ҷашни аввалин дидори кӯдак бо модараш (ё волидон) аст, ки ин лаҳзаҳои фаромӯшнопазир бояд дар фазои меҳру хушбахтӣ баргузор ояд. Пешаи момодоягӣ ҳадияи Илоҳист. Зеро маҳз ба онҳо мушарраф мегардад, то аввалин шуда тифлаки ба дунё омадаро ба даст гиранд. Момодоя дар шодиву нишоти падару модари тифлакон нақши бориз мегузорад, - ифтихормандона мегӯяд Марворид Раҳимова.
Суханони мавсуфро Сабоҳат Сафарова тақвият мебахшад:
- Воқеан, дорандаи ин касби меҳрангез хушбахт аст ва ба гоҳи солиму бардам ба дунё овардани навзоде саҳм гузоштам, худро хушбахттарин инсони рӯи дунё меҳисобам. Ба кормандон низ мегӯям, ки модару тифлаш ҳамеша ба ёрии мо ниёз доранд ва бояд дар ҳама ҳолат зани ҳомиларо бо чеҳраи кушод пешвоз гирем. Аз чунин рафтор модарон хушбин гардида, тарсу дигар эҳсоси манфӣ аз вуҷудашон дур мешавад. Ёрӣ додану накукориро дӯст медорам ва ин бояд шиори доимии ҳар як табиб бошад.
Б. РАҲМОНОВА,
ноҳияи Данғара