Гуландомро дар саҳни ҳавлии беморхонаи наркологӣ дидам. Дар рафти суҳбат дарк намудам, ки солҳо мубталои нашъамандисту умри ширинашро зоеъ гузаронда. Ӯ розӣ буд, ки бе тағйири ному пинҳон доштани симояш дарди дилашро ба хонандагон ифшо созад. Аммо, ба хотири риояи одоби касбӣ, ин амалро ҷоиз надонистем.
Чун дигар фарзандон, нозпарвардаи волидон буд. Хонавода аз чизе камбудӣ надошт. Оилаи сарватманде ба хостгории Гуландом омаду бо ризоии бузургони хонадон ӯро ба шавҳар доданд. Мегӯяд, ки дари хушбахтӣ бармаҳал ба рӯяш баста шуд.
Соли 1995 шавҳари Гуландомро бо ҷурми даст доштан ба хариду фурӯши маводи мухаддир ба маҳбас кашиданд. Баъди ин ҳодиса зиндагии ӯ, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, бо ду тифли кӯчакаш, яке 3 сола, дигаре 1 сола, тираю тор гардид.
- Давоми ду сол ороишоту тилловориҳоямро фурӯхта, сарфи худу кӯдаконам кардам. Баъдан, дигар роҳи пайдо намудани қути лоямутро наёфта, ба хонаи падар баргаштам. Оҳ, чӣ зиндагии баде доштам он ҷо. Кӯрбинию муносибати сарди аҳли хонавода, бахусус апаам нисбат ба мани «беваи сағирадор» (ба гуфтаи худашон) беохир буд ва то ҳанӯз он рӯзҳо аз ёдам нарафта. Ин ҳама боис шуд, ки имрӯз ман на як бонуи дар зиндагӣ муваффақ, балки чун зани бадбахту нашъаманд миёни ҷомеа шинохта шудаам, - бо яъсу ноумедӣ ҳарф мезанад Гуландом.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси коста гаштани вазъи иҷтимоӣ ва монеи дарёфти ризқу рӯзӣ шуд. Апааш бо шикастани лаби нон миннату иллатро аз сари дастархон сар мекард. Гуландом бо кӯдаконаш нонхӯри зиёдатист, гӯён таъна мезад ва талқин месохт, то бо кадом василае набошад, лоақал хӯрокаи худ ва кӯдаконашро ёбад. Чунин муносибат Гуландомро ба бероҳагӣ бурд, ӯ «дӯстони нав» пайдо намуд…
- «Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ» гуфтаанд, рост будааст. Ҳамнишинӣ бо дугонаҳои нав рӯзамро сиёҳ кард. Онҳо ҳам рондашудаи дари падару шавҳар, аз ноилоҷӣ даст ба фаҳшу фоҳишагӣ зада буданд. Моро ягона макони роҳат ва манбаи ризқу рӯзӣ марказҳои дилхушӣ гардиданд. Муштариёни марказҳои дилхушӣ он давра мардони хориҷӣ буданд, ки бо маблағҳои калон ба онҳо «хизмат» мерасондем. Дастраскунандаи маводи мухаддир низ онҳо буданд, ки баъдан бо гирифторшавӣ ба нашъамандӣ аз паяшон «медавидем». Акнун онҳо бо маблағи ҳангуфт бароямон «дору» мефурӯхтанд ва ниҳоят ҳама дарёфтам сарфи ба даст овардани ҳероин шуд, - мегӯяд ӯ.
Аз шаробнӯшии Гуландом дугонаҳояш ба танг омада буданд. Ин ҳолат боиси коста шудани «бозорашон» гашт. Даъваташ намуданд, то маротибае аз ҳероин «чашад». Аз он ки дар ҳолати ошуфтагию озурдаҳолӣ буд, зуд барояш хуш омад…
Солҳои 1997 - 2012 буду шудашро ба ин дору масраф менамуд. Ончунон ақлаш тира гашт, ки дигар кӯдаконаш ба ёд намерасиданд ва то бедор шуд, 17 сол аз умраш баръабас рафт. Фарзандонаш, ки дар парастории модараш буданд, ба воя расиданд. Гуландом мегӯяд, ки модар аз бозгашти нави ӯ ба зиндагӣ хушҳол аст. Вале, худ аз он изҳори пушаймонӣ дорад, ки модари фарзандонаш як зани нашъаманд, бадбахту раҳгумкардаест. Ва бо ин ҳама, духтаронаш ӯро дӯст медоранду бо муҳаббат модараш мехонанд.
- Кош барвақттар ба Маркази клиникии наркологӣ муроҷиат мекардам. Афсӯс, ҳаётам баръабас рафт. Ба бемории «гепатити С» гирифтор гаштаам. Як иштибоҳи хонавода боиси нашъаманд шуданам гардид ва то кунун наметавонам онҳоро бубахшам. Зодмандонро мебоист, бо фарзандон бо муомилаи хубу меҳрубонӣ муошират намоянд. Мутаассифона, аксаран волидон вақти худро камтар бо кӯдакон мегузаронанд. Кӯдак фазои хонадонро, ки бояд пур аз меҳрубонӣ бошад, холӣ дид, оворагардиро ихтиёр менамояд. Оқибати беназорат гузоштан ва хунукназарӣ дар тарбияи фарзанд фоҷиабор аст, ба мисли он ки нашъамандӣ, дуздӣ ва даст задан ба корҳои номатлуби дигар. Баъдан, то замоне, ки назорат аз болои интиқоли маводи мухаддир суст бошад, эҳтимоли паҳн шуданаш ҳамеша ҳаст, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Алиҷон Ҷобиров, табиб – нарколог, мегӯяд, ки барои табобат ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ҷ. Ғуломов» нафарони синну соли гуногун меоянд, ки дар ин шумор, мутаассифона, бонувон низ ҳастанд.
Аксари нашъамандон аз тамғагузорӣ ҳарос доранд ва барои табобат ба марказҳои клиникии наркологии шаҳру навоҳии кишвар муроҷиат намекунанд. Бахусус, нашъамандони тазриқӣ (нафароне, ки тариқи сӯзандору маводи мухаддир истифода мекунанд), ки паҳнкунандагони бемориҳои вирусӣ дар байни аҳолӣ мебошанд, - иброз медорад пизишк.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2017 шумораи нашъамандон 6 947 нафарро ташкил дод, ки аз ин 5505 нафар истеъмолкунандаи ҳероин буда, 135 нафарашон занон мебошанд. Дар ин шумор нашъамандони аз 21 то 40 - сола зиёданд, ки борҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд. Сабабгори асосии ба нашъамандӣ гирифторшавиро мавсуф дар дастрас будани мавод медонад. Ӯ мегӯяд, ки чи қадар навъҳои маводи мухаддир зиёдтар интиқол ёбанд, «талабот» ҳам ба ҳамон навъ меафзоянд.
- Пештар ба марказ нашъамандоне муроҷиат менамуданд, ки маводи мухаддири навъи героин ё афюн истеъмол мекарданд. Айни ҳол, шояд дастрасӣ ба ин намудҳои мавод камтар шудааст, ки дар байни беморон ин ҳолат камтар мушоҳида мешавад. Солҳои охир байни нашъамандон истифодаи ҳабҳои дар таркибашон маводи нашъадошта ба чашм мерасад. Аслан, он ҳабҳоро аз рӯи нишондодҳои тиббӣ ба беморони саратон, диабети қанд ё дигар маризиҳое, ки барои сабук шудани дард истифода мешавад, духтурон тавсия медиҳанд. Номгӯи чунин ҳабҳо дар дорухонаҳои махсус бо дорухат фурӯхта мешавад. Мутаассифона, бо ҳар роҳу восита ҳабҳои нашъадор тариқи марказҳои дилхушӣ дастраси баъзе ҷавонон мегардад, ки ин ҳам ба мисли бангдонаю ҳероин дар буняи инсон вобастагиро пайдо менамояд, - меафзояд Алиҷон Ҷобиров.
Мавсуф иқрор меояд, ки дар табобати бемории нашъамандӣ мебоист бо аҳли ҷомеа саҳм гирифт. Қаблан, бо иродаи қавӣ ҳар мариз метавонад аз нашъамандӣ наҷот ёбад, ки ин ҳолат аз ҷониби нашъамандон хеле кам ба назар мерасад. Устувории муҳити хонаводагӣ низ барои пешгирии нашъамандӣ калидист. Чаро ки беназоратӣ ва бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба ояндаи фарзанд ояндаи фоҷиаборро ба бор меорад. Яъне, гирифторшавӣ ба бемориҳои вирусӣ, бенаслӣ, бад шудани ҳолати равонию молии фарзанд ва дар навбати худ аҳли хонавода ва ниҳоят косташавии ҷомеа мегардад. Пеши роҳи интиқолёбӣ ва дастрасӣ ба маводи нашъадор бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Дар маҷмӯъ, бо амалишавии ҳамаи омилҳои зикршуда ҷомеаро метавон аз ин вабои аср раҳо бахшид.
Қутбияи Неъматулло