Афзоиши бемориҳои саратонӣ ва омори суръатзойи маргу мири гирифторони ин беморӣ аз масъалаҳои мубрамест, ки тамоми ниҳоду созмонҳои байналмилалии тандурустиро ба ташвиш овардааст. Феълан, машҳуртарин марказҳои илмии дунё дар пайи дарёфти муаммоҳои пайдоиши касалии реши равон, саратон, роҳҳои пешгирӣ аз он ва кашфи усулҳои муосири табобати ин бемориро ҷустуҷӯй доранд.
Тибқи гузориши Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ танҳо дар соли 2018 зиёда аз 9,6 миллион сокини сайёра аз бемориҳои саратонӣ фавтид. Дар баробари афзудани сатҳи беморӣ, имрӯз дар ақсои олам ҷавоншавии бемории саратон мушоҳида мегардад. Агар солҳои пеш синну соли гирифторони бемории саратон аз 50 -60 болоро дар бар мегирифт, солҳои охир омори ин беморӣ аз ҳисоби кӯдакон ва ҷавонони 30 - 35 - сола афзуда истодааст.
Дар вилояти Хатлон омори афзояндаи бақайдгирии бемории саратонро аз таваҷҷуҳи зиёди сокинон ба ташхису муоинаи тиббӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба табибон рабт медиҳанд. Тибқи маълумоти маркази саратоншиносии вилояти Хатлон соли гузашта 4185 нафар шаҳрвандро аз муоинаи тиббӣ гузаронда, аз ин шумора 234 нафар бо бемории саратон ба қайд гирифтанд.
- Муроҷиати саривақтии беморон ба нишонаҳои омосҳо баёнгари сатҳи огоҳии сокинон оид ба бемориҳои гуногун аст. Дар ин ҷода беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ дар маҳалҳо ба аҳолӣ мусоидат карда истодаанд,- мегӯяд Обида Сотиболдиева, духтури маркази саратоншиносии вилояти Хатлон ва илова мекунад, - аз таҳлилҳо бармеояд, ки 81 дарсади гирифторони бемории саратон сокинони деҳот буда, аз шумораи умумии онҳо 66,2 дарсад занон ва 33,8 фоизро мардон ташкил медиҳанд.
Мутаассифона, то кунун табибони олам дар кашфи пурраи омилҳои пайдоиши бемориҳои саратон муваффақ нашудаанд. Албатта, баъзе бемориҳое ҳастанд, ки дар шакли омосҳо дар бадани одамон пайдо шуда, аз нишонаҳои ин беморӣ дарак медиҳанд, аммо саратони узвҳои дохилӣ дар марҳилаҳои якуму дувуми инкишоф нишонаҳои худро зоҳир намекунад. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ аз оқибатҳои он бояд ҳар нафар соле ду маротиба аз ташхиси тиббӣ бигзарад. Мутаассифона, аксари шаҳрвандон то дард ё бемории шадидро эҳсос накунанд, хоҳиши аз ташхиси тиббӣ гузаштан надоранд.
Омилҳои равоние мавҷуданд, ки баъзе одамон аз тарси мабодо шунидани ҳарфи нохуш дар бораи вазъи солимии хеш барои гузаштан аз ташхисҳои тиббӣ ҳозир намешаванд. Ин ва дигар фаҳмиши носолими ҷомеа сабаби инкишофи бемориҳое мешаванд, ки дар ибтидо табобати онҳо ба маротиб осон аст. Чаро ки ба қавли Обида Сотиболдиева, дар бисёр ҳолатҳо ба таъхир гузоштани табобати амрози даруна, аз қабили бемориҳои меъдаву рӯда, захму иллатҳои узвҳои занона, эрозияи бачадон ва иллатҳои гарданаки бачадон низ ба пайдоиши омосҳои саратонӣ дар организм шуда метавонанд. На танҳо дар мавриди пешгирӣ аз оқибатҳои бемории саратон, балки дар кулли масоили вобаста ба солимии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба мусоидати марказҳои равоншиносӣ ниёз дорем.
- Дар таҷрибаи 13 соли фаъолияти маркази саратоншиносии Хатлон садҳо беморони бо нишонаҳои омосҳои гуногуни саратонӣ бистарӣ шуда, комилан шифо ёфтаву аз қайди беморхонаи мо бароварда шудаанд, - мегӯяд сардухтури марказ Идибек Қараев. – Дар баробари рушди соҳаи саратоншиносӣ ва муҳайё гардидани воситаҳои замонавии ташхис, имрӯз мутахассисони марказ дар гузарондани амалиётҳои ҷарроҳӣ таҷрибаи зиёд доранд. Дар мубориза бо бемории саратон иродаи матину эҳсоси хушбинӣ ба оянда бояд дошт ва духтурони марказ борҳо дар таҷриба исбот кардаанд, ки ҳатто беморон бо нишонаҳои омосҳои бадсифатро ҳам тариқи ҷарроҳию табобати кимиёгузаронӣ метавон ба ҳаёти солим баргардонд.
Меҳриннисо Азимова, бо ташхиси омоси бадсифати гарданаки бачадон дар маркази саратоншиносӣ бистарӣ гардида буд. Ба хотири ду тифли аз падар ятим мондааш, ки лаҳзае аз модар ҷудо буда наметавонистанд, мебоист то нафаси охирин бо ин беморӣ мубориза бурд. Дарду ранҷи ҷарроҳӣ ва амалиётҳои тӯлонии кимиёгузаронӣ зиёда аз ду сол идома ёфт.
– Дар фурсати ниҳоят кӯтоҳ тасмими розигӣ додан ба ҷарроҳии ҷиддӣ ва таҳаммулу бардошти марҳилаҳои табобату дигар амалиётҳои кимиёгузаронӣ имтиҳони сангине буд, ки ба хотири дар нимароҳ намондани ду тифли маъсумам мебоист паси сар мекардам, - қисса кард Меҳриннисо. – Бояд дар вазнинтарин лаҳзаҳои умр ҳам умеду хушбинӣ ба ояндаи некро аз даст надиҳем, то аз охирин фурсату имконоте дар ихтиёр дорем, истифода бурда, аз гирдоби мушкилиҳо раҳо ёбем.
Меҳриннисо иқрор меояд, ки: «Агар тифлони ширхораам намешуданд, шояд аз ваҳму ҳароси ин беморӣ ҷарроҳӣ он сӯ истад, ҷасорати ба табибон муроҷиат кардану бистарӣ шудан надоштам. Зеро, табиатан инсонҳо то аз пой наафтанду сахт беҳол нашаванд, ба чунин беморхонаҳо муроҷиат намекунанд».
Ба қавли мутахассисони маркази саратоншиносии Хатлон сол аз сол дарёфти нишонаҳои бемориҳои саратонӣ тавассути ташхиси ултрасадо ва дигар воситаҳои замонавӣ нисбат ба солҳои пеш осон шуда истодааст. Аммо, баъзан ашхосе дар марҳилаи дувуму савуми гирифтории омосҳои бадсифати саратон муроҷиат мекунанд, ки мутаассифона, алҳол тибби муосир дар табобати он оҷиз аст.
Мутахассисон изҳор медоранд, ки як сабаби афзоиши бемории саратон ин зиёд шудани меваҷоти гибрид ва дигар маҳсулоти сунъӣ дар бозорҳо буда, инчунин, истифодаи аз меъёр зиёди маводи кимиёӣ дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва истеъмоли маводи ғизоии ғайристандартӣ низ ба бемории саратон оварда мерасонад. Ҳамчунин, истифодаи аз меъёр зиёди телефонҳои мобилӣ, истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд гарму сард низ сабаби хурӯҷи омосҳои саратонӣ шуда метавонанд. Албатта, ин мисолҳо тахмину фарзияҳои эҳтимолие мебошанд, ки кунун далели саҳеҳи худро наёфтаанд. Аз ин рӯ, дар самти кашфиётҳои илмию амалӣ дар мавриди дарёфти сабабҳои аслии пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз касалии саратон ва асрори табобати ин бемории ваҳмангез табибони олам, аз ҷумла пизишкони тоҷик ҳам ба дастгирии бештари молию ташхисгоҳҳои замонавӣ ниёз доранд.
Ҷамолиддин Сайфиддин,
вилояти Хатлон