Фазои саҳни мактаб сокиту ором. Шавқуну мағали хонандагон ба гӯш намерасиданд ва давутози бачаҳо низ дида намешуд. Ҷо - ҷо духтаракону писаракон болои харакҳои зери дарахтон аз нури офтоб паноҳ бурда, бо ҳам суҳбат менамуданд. Агарчи тақдири онҳо шабеҳи ҳамдигаранд, дар лаҳзаҳои дамгирӣ бо ҳам меоянду қисса аз қисмати хеш мекунанд. Онҳоро тақдир аз ҳар гӯшаву канори кишвар ба ин макон сарҷамъ намудаву розшунави ҳамдигар карда.
Дурӣ аз волидон мушкил аст
Миёни духтаракони ин «хона» Омина Раҷабова дар дилу дидагони ҳамсабақон ва омӯзгорону мураббияҳо бо меҳрубониву дилсӯзиаш нисбат ба ҳамтақдиронаш маъво гирифтааст. Ӯ ҳафт сол аст, ки дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор таълим мегирад. Оминаро таҳсил дар мактаб чун дигар ҳамсолонаш барвақт муяссар нагашт. Зеро бо иллати мубтало гаштан ба бемории фалаҷ дер роҳравон шуду сухан гуфтан барояш мушкилӣ дошт. Ӯ нақл мекунад, ки дар семоҳагиаш ба хотири анҷом додани давраи эмгузаронӣ модар ӯро ба дармонгоҳ мебарад. Пас аз гузарондани сӯзандору ҳолаташ бад шуда, оқибат маъюб мегардад. Омина ҳанӯз ҳам аз дарди пойҳо ранҷ мебарад.
- Эҳсос мекунам, ки падару модарам аз дидани ман сахт зиқ мешаванд. Ман ҳам аз ғамхӯриҳои онҳо озурдадил мегардам. Ҳар рӯз ҳам набошад, ҳафтае як бор бо волидонам суҳбати телефонӣ дорем. Ёдашон мекунам. Бахусус, падарамро зиёдтар пазмон мешавам, - мегӯяд Омина.
Ӯ бо итминони комил мегӯяд, ки ҳамаи духтарон бештар падарро дӯст медоранд ва ӯ ҳам нисбат ба қиблагоҳаш меҳри бепоён дорад. Дар васфи падари раҳдураш сар ба само бурда, бо лаҳни худ суруд мехонад:
Подшоҳи ман, некхоҳи ман,
Нури роҳи ман, қиблагоҳи ман,
Ҷон падарҷонам, ҷон падарҷонам…
Ба гуфтаи Омина, волидонаш омӯзгор буда, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиндагӣ ба сар доранд ва танҳо ба ҳангоми таътил имкон меёбанд, ки чанд рӯзе фарзандашонро ҳамроҳӣ намоянд. Ӯ мегӯяд, ки дар ин макон аз чизе камбудӣ надорад. Шароити будубош ва таълим хуб буда, муносибати самимии муаллимону мураббияҳоро бебаҳо арзёбӣ мекунад. Вале, дур будан аз муҳити хонаводагӣ, барояш сахт мушкил аст.
«Агар модарам дар барам мебуд…»
Дар кунҷи синфхонае Гулрухсор сураткашӣ дошт. Ӯ расми модарро мекашид.
- Зебо нашуд, ҳарчанд кӯшиш ҳам кардам, - бо дилтангию маъюсӣ мегӯяд ӯ.
Мепурсам: - Чаро?
- Тасвири манзараҳои табиати ватанамро меписандам. Дар як гӯшаи он, дар мавзее, ки воқеан ҳам биҳиштосост, ман таълим мегирам ва зиндагӣ мекунам. Дашту домони сабзпӯшаш моро ба оғӯш гирифта, садои дарёи пуртуғён ва навои парандагон ҳар субҳ илҳоми тозаи эҷодиро бароям ҳадия месозад. Вале, боз модарамро бештар ёд мекунаму бо тасвири чеҳрааш хумор мешиканам. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки дергоҳ модарамро надидаам ва дар кашидани расмаш имрӯз душворӣ мекашам. Агар модарам дар барам бошад, тасвир воқеӣ мебарояд, - санҷишкорона мӯқаламро бори дигар Гулрухсор рӯи лавҳи рассомӣ мебарад ва суханашро идома медиҳад:
- Модарам аз пойи равон маҳрум асту маъюби барҷомонда. Ва медонам, ки барои хабаргирии ману додарам - Раҳмиддин ӯ имкон надорад. Вале, аз чи бошад, ки чашм ба роҳам, ки шояд рӯзе модарам ба дидорбинии мо меояд.
Аз чашмони духтараки дӯстрӯю дидадаро ва хеле камгап ҳувайдо буд, ки чи розе дар қалби кӯчакаш ниҳон аст. Кӯтоҳ сухан мегуфт, вале ҳарфҳояш андешамандонаву саҳеҳ. Маълумам гашт, ки зодмандонаш бо маъюбият дар ноҳияи Шаҳритус умр ба сар мебурдаанд. Ӯву додаракаш, ки бо ҳам дар ин таълимгоҳ мебошанд, қисмати навишта онҳоро низ чунин насиб гашта.
Модар Гулрухсорро ҳини тамосҳои телефонӣ панд медиҳад, то хуб хонаду оянда соҳибкасб шавад ва дар гирудору мушкилоти зиндагӣ ниёзманди касе набошад. Гулрухсор Ашӯрова имсол хатмкунандаи муассисаи мазкур мебошад. Аз он ки дар муассисаи таълимӣ то синфи 9 таҳсил мекунанд, ӯ тасмим дорад, то барои омӯхтани пешаи муҳосиб таҳсилро дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии маъюбони шаҳри Душанбе идома диҳад.
- Агарчи мехоҳам бо итмом расидани давраи таҳсил ба зодгоҳам, ба назди волидони дардманду ранҷурам равам, вале таъкидҳои пайвастаи модарам дар бобати омӯхтани донишу касб водорам намудааст, то барои амалӣ гаштани орзуҳои онҳо кӯшиш ба харҷ диҳам. Намедонам, охир онҳо ҳам ба ёрии ман ниёз доранд. Боз аҳволи додарам бе ман дар ин ҷо чӣ мешуда бошад? – андешамандона суол мекунад Гулрухсор…
Дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар ду равия, гурӯҳҳои полиомиелит (хонандагоне, ки гирифтори бемории фалаҷ мебошанд) ва ёрирасон (талабаҳое, ки инкишофи ақлониашон суст аст) таълим дода мешавад. Яъне, кӯдаконе, ки аз нигоҳи равонӣ ва ҷисмонӣ маъюбанд, дар ин муассиса ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар бобати мушкили маъюбон, ки кадом муҳит барои онҳо авлотар аст, мутахассисону равоншиносон то имрӯз ҷавоби аниқе нагуфтаанд. Он кӯдаконе, ки инкишофи зеҳниашон суст аст, шояд дар дунёи худанд. Вале, Гулсанам, Меҳрона, Парвина, Шукруллою Ҳасану Ҳусейн, ки ҳамсуҳбатам буданд, чун дигар ҳамқисматонашон дурӣ аз волидон барояшон мушкил аст. Онҳо иброз медоранд, ки аз он ки ҳамсабақону дӯстонашон ҳамагӣ маълуланд, дар ҳалқаи ҳамдигар зистан барояшон осонтар мебошад. Тани дардманду маълул ин кӯдаконро аз як олами дигар, яъне муҳити хонавода, ки маънии зиндагӣ аз он маншаъ мегирад, бенасиб карда. Аммо, парасторон ҳамеша дар кӯшиши онанд, ки дастпарваронашон инро камтар эҳсос намоянд.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО