Рубина Давлатова 35 сол дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳияи Ванҷ ифои вазифа дошт. Ӯро бонуи дилдодаи касб меноманду барои хизмати содиқона ба мардум эҳтиром мегузоранд ва бо вожаҳои «модар» ва «хоҳар» ба вай муроҷиат мекунанд. Алҳол пизишки ҳуҷраи гармдармонии дармонгоҳи ноҳияи Ванҷ аст.
Вақте дар хонаводаи деҳқони деҳаи Техарви Ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ Бачабек Давлатов духтараки дӯстрӯяк таваллуд шуду бобо ба дидорбинӣ омад, боэҳтиёт ӯро рӯйи дастонаш гирифта, бо меҳру муҳаббат дуру дароз ба рӯяш нигоҳ кард ва дар ҳоле, ки аз инҷиқиҳои бачагонааш завқ мебурд, ба ҳозирон гуфт:
- Набераамро Рубина ном гузоштам. Ба онҳое, ки чӣ маъно доштани номро мепурсиданд, бобо посух дод: - Рубина, яъне ҷавоҳир, ёқут. Бобо дар сафарҳои зиёд мутахассисони экспедитсияи ҷустуҷӯӣ -геологиро дар минтақаҳои гуногуни Бадахшон роҳбаладӣ мекард ва чун дар баробари сарватҳои зиёди зеризаминӣ дар ун солҳо дар ин ҷо кони санги ҷавоҳири ёқут - рубин кашф гардид, ифтихор аз кишвари афсонавӣ ва пур аз ганҷаш меафзуду акнун бештар аз он меболид.
Рубина дар мактаб аъло мехонд ва чун маросими хатми таҳсил ба падараш арзи дил кард, ки мехоҳад хонданро идома диҳад. Он вақтҳо на ҳамаи волидони деҳоти кӯҳистон ба хоста ва орзуи духтарон дар мавриди идомаи таҳсил дар макотиби олӣ ва омӯзишгоҳҳо ризоият медоданд. Вале, падар бо шунидани хоҳиши духтараш андеша кард ва сипас афзуд: - Бигзор духтарам соҳибмаълумот ва соҳибкасб шавад ва барояш дуо дод.
Рубина ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дохил шуда, пас аз анҷоми таҳсил фаъолияти касбиашро дар бунгоҳи тиббии деҳаи Чихохи Ҷамоати деҳоти Техарв ва сипас деҳаи Ғуҷовасти Ҷамоати деҳоти Рованд ба сифати момодоя оғоз намуд. Духтури ҷавон бо кордониву тозакорӣ ва масъулиятшиносӣ зуд байни мизоҷон ва ҳамкорон обрӯ пайдо карду ӯро барои идомаи кор дар зоишгоҳи маркази ноҳия тавсия доданд.
Дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳиявӣ дар он солҳо ҳамшираҳои шафқат зуд - зуд иваз мешуданд. Барои бархе шунидани нолаи бемор нофор буду иддае аз дидани хун ҳангоми ҷарроҳӣ изҳори нороҳатӣ мекарданд. Вақте пизишки варзидаи шуъба Салом Асоев муносибати момодояи ҷавонро ба иҷрои вазифааш дид, ки чи тавр неру ва вақташро дареғ надошта, бо дилгармии беандоза ба сиҳатии беморон дода мешавад, тасмим гирифт, ки ба чунин ёвари боэътимод ва дилсӯз ниёз дорад.
Мушкилоти норасоии ҳамшираи шафқат дар шуъба ба муддати тӯлонӣ ҳал гардид ва Рубина Давлатова 35 соли фаъолияти касбиашро дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳия сипарӣ намуд.Ӯ аз фаъолият дар шуъба хотироти нек дорад, ифтихорманд аст, ки бо инсонҳои наҷиб ва пизишкони варзида ҳамкорӣ дошту онҳо бо истифодаи тамоми донишу таҷриба то ҷойе имкон доштанд, беморони ба ҷарроҳӣ ниёздоштаро бидуни сарсону саргардон намудани онҳо то ба беморхонаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар беморхонаи ноҳиявӣ ҷарроҳӣ ва шифо мебахшиданд. Солҳо ҳамшираи шафқат дар амалиётҳои ҷарроҳӣ бо пизишкон ҳамдастӣ дошту бо изтиробу ҳаяҷони соатҳои тӯлонӣ идома доштаашон дар ҷараёни ҷарроҳӣ сари бемор, ки бар асари шиддати он одатан дар рӯяшон донаҳои марвориди арақ пайдо мешуд ва шодмониашон аз анҷоми муваффақонаи ҷарроҳӣ шарик буд.
Корафтодагоне, ки бо онҳо суҳбат доштам, дар баробари эъҷози дастони пизишкони ҳозиқ, аз ҳамшираи шафқати меҳрубону ғамхор ва дақиқназару сабукдаст, ки дар амалиёти ҷарроҳӣ ширкат меварзиданд, бо эҳсоси сипоси самимӣ ёд меоварданд. Пизишкони шуъба Рубинаро ёвари ивазнашаванда меномиданд ва ин баҳои баланд дар ҳаққи ҳамшираи шафқати кордон ва самимиву хоксорро муболиға намедонистанд. Ӯ дар бастани ҷароҳати беморон хеле эҳтиёткорона амал мекард ва онро бо маҳорату малакаи махсус анҷом медод. Чун дар дигар манотиқи кишвар дар Бадахшон ҳам ҳодисаҳои алоҳидаи ғамангези ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ фаромӯш шудани порае аз дока ва ё ришта дар даруни бемор, ки ҳосилашон ҷуз ранҷу дарди мизоҷ ва бадномӣ ба табибон чизе нест, иттифоқ афтодаанд. Вале, саҳифаи фаъолияти кормандони шуъбаи ҷарроҳии ноҳия аз чунин доғ холӣ ва пур аз сипосу миннатдорӣ ҳасту Рубинабону яке аз онҳоест, ки бо тозакорӣ ва масъулиятшиносӣ ба касб ва муассисаашон обрӯ афзудаанд.
Ҳамарӯза аз маҳали Убари Даргов, ки он ҷо дар хонаи хешовандон мезист, то беморхонаи маркази ноҳия чанд километр роҳро бо чобукӣ пойи пиёда тай мекарду дар ҳолатҳои изтирорӣ шабона то ҷойи кор касе аз хешовандонаш ӯро ҳамроҳӣ менамуд. Ин аст, ки вақте масъулони беморхонаи вилоятӣ масъалаи таъмин намудани кадри ҷавонро бо манзил ба миён гузоштанд, бо амри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барояш зуд манзили коммуналӣ ҷудо гардид. Зеро ба танқисии шадиди манзил нигоҳ накарда, эҳтиёҷмандони хона зарурати нигоҳ доштани мутахассиси ҷавонро дар шуъбаи ҷарроҳӣ мефаҳмиданд.
Рубина дар баробари сурати зебо ботини зебо дорад. Бемороне, ки ба онҳо хизмат расондааст, дар шахсияти ин бонуи равшанзамири хилъати сафедпӯш ёрирасон, мунису ғамхор ва ҳамдаму ҳамрозашонро ёфтаанд.
Бештари онҳое, ки солиёни зиёд боз Рубина бо онҳо ҳаққи ҳамсоягӣ дорад, ӯро чун узви хонаводаи хеш қабул кардаанд ва гули сари сабади маъракаҳояшон қарор медиҳанд. Мавридҳое, ки зарурати оҷил пеш меомад, волидон фарзандонашонро барои муддате нигоҳубин намудан аз ҳама бештар ба ӯ бовар мекарданд ва дилпур буданд, ки вай чун модар ва пизишк дӯстдорона аз онҳо муроқибат мекунад.
Солҳои аввали фаъолияти касбӣ ҷавонони зиёд ба ин духтараки гармрӯ ва чаққон изҳори муҳаббат мекарданд. Вале, чун диданд, ки кӯшишашон дар мавриди ба духтари хона табдил шудани бонуи дилдодаи касбу кор имконнопазир аст, аз нияташон даст мекашиданд.
Боре яке аз рӯзноманигорон аз Рубина пурсид, оё шахсе, ки ба хотири касбу кор хушбахтии оилавиро аз даст додааст, метавонад хушбахт бошад, чунин посух шунид:
- Худамро хушбахт мешуморам, зеро нафарони зиёде, ки ба онҳо хизматам расидааст, самимона маро хоҳар ва модар меноманд ва барои ман ҳам онҳо аз хоҳару бародар ва фарзанд кам нестанд. Дар хонаводаи худам аз ман розианд ва то метавонам ба пайвандонам ёрӣ мерасонам.
Вақте Рубина ба синни бознишастагӣ расид, бо хоҳиши худ аз шуъбаи ҷарроҳӣ рафт. Ҳанӯз солҳои пеш медид, ки чи тавр ашхоси бемор ба манзури гармдармонӣ роҳи дароз тай намуда, ба маркази вилоят ва ҷумҳурӣ мераванд. Ӯ ташаббускори таъсиси ҳуҷраи гармдармонӣ дар ноҳия шуда, ба манзур такмил додани малакаи тиббиаш дар ин соҳа дар маркази ҷумҳурӣ омӯзиш дид.
Ҳамарӯза ашхоси зиёд ба ҳуҷраи гармдармонии дармонгоҳи маркази ноҳияи Ванҷ муроҷиат мекунанд, зеро медонанд, ки ба онҳо шахси меҳрубон, хайрхоҳ, кордон, дилсӯз, накукор, ширингуфтору хушмуомила ва соҳибтаҷриба хизмат мерасонад.
Ш. Мирзоҷалол,
ноҳияи Ванҷ