Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 1988 рузи 31 - уми майро ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку» эълон кард. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи ҳалли мушкилоти марбут ба кашидани тамоку дар асри 21 гузошта шуд.
Барои аз байн бурдани сигоркашӣ дар саросари ҷаҳон фаъолияти қисме аз корхонаву ширкатҳои сигорбарорӣ қатъ гардида истодааст. Воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон ва агентиҳои иттилоотӣ дар бораи қатъ гардидани охирин корхонаи тамокуи Британияи Кабир хабар доданд. Бино ба гузоришҳо, Japan Tobacco International (JTI), тасмим дорад корхонаи коркарди сигори худ дар Ирландияи Шимолиро ба Лаҳистон ва Руминия бубарад, ки гуфта мешавад дар ин корхона 1 ҳазору 100 нафар кору фаъолият мекунанд.
Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар давоми 10 соли охир, дар натиҷаи манъ кардани тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, насб намудани реклама ва як қатор тадбирҳои дигар то 40% ашхоси сигоркаш дар Аврупо кам шудааст. Иттиҳоди Аврупо барои табобати бемориҳои вобаста ба сигоркашӣ дар як сол 34 миллиард доллар харҷ менамояд. Инчунин, дар 28 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҳамасола 700 ҳазор нафар аз кашидани тамоку ва зарари он ба ҳалокат мерасанд.
Ҳама медонанд, ки сигоркашӣ зарар дорад ва инсонро ба марг мерасонад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар асри ХХ беш аз сад миллион нафар аз сигоркашӣ ҷон додаанд ва дар зарфи 50 соли охир, 62 миллион нафар дар натиҷаи сигоркашӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин шумора бештар аз онҳоест, ки дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, мумкин аст, ки дар асри XX1, беш аз 1 миллиард нафар аз зарари тамоку вафот кунанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамарӯза барои аз байн бурдани сигоркашӣ дар ҷаҳон ҳамаҷониба чораҳои зарурӣ меандешад ва ин боис шуда, ки шумораи сигоркашон дар ИМА ва Аврупо коҳиш ёбад.
Боиси таасуф аст, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ шумори сигоркашон зиёд шуда, ҳоло дар ин кишварҳо 60 фоизи мардон ва 10 фоизи занон ба кашидани сигор машғуланд. Даст ба сигоркашӣ задани занон дар ҳолест, ки 40 соли пеш дар кишварҳои Осиё ва Африқо занон қариб, ки сигор намекашиданд. Ба гуфтаи коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, агар барои рафъ кардани сигоркашӣ тадбирҳои иловагӣ андешида нашавад, то соли 2030, ҳамасола зиёда аз 8 миллион нафар аз зарари сигор нобуд мешаванд.
Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 баъд аз ихтирои мошини истеҳсоли сигор, дар тамоми ҷаҳон кашидани сигор оммавӣ гардид ва соли 1956, ногаҳон шумораи сигоркашон афзоиш ёфт. Исбот шудааст, бо вуҷуди он ки сигор сабабгори сар задани дардҳост, боз умри инсонро 15 - 20 сол кам менамояд.
Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 дар Британияи Кабир, шумораи сигоркашон кам шуда, тамоман аз байн меравад. Солҳои 60-и асри гузашта, беш аз нисфи аҳолии ин кишвар сигор мекашиданд ва дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ онҳо аз ин амал даст кашидаанд. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз соли 1974, ҳамасола шумораи сигоркашон дар ин кишвар кам шуда истодааст ва дар ҳоли ҳозир 25 фоизи аҳолии калонсоли Британияи Кабир сигор мекашанд. Тибқи як гузориш, аз 3/2 ҳиссаи пурсидашудагон гуфтаанд, ки ният доранд аз ин одати зараровар даст бикашанд. Дар тамоми тарабхонаву ошхонаҳо ва дискоклубу боғҳои фарҳангии ин кишвар кашидани сигор манъ карда шудааст. Тамокукашии ҷавонони Олмон дар солҳои охир коҳиш ёфтааст. Бино ба гузоришҳо, 10 соли пеш агар яке аз ҳар 4 наврас сигор мекашид, имруз ин шумора то 13 фоиз кам шудааст.
Бино ба ҳисобҳо, аз ҷиҳати сигоркашӣ дар ҷаҳон, Муғулистон бо 68,2 фоиз дар ҷойи аввал меистад. Баъдан, дар ҷойи дуввум Хитой бо 67,8, чойи саввум Кения 67.1, чойи чорум Камбоҷа 66.4 ва дар зинаи панҷум Намибия бо 65,1 фоиз қарор доранд. Дар Ҳиндустон низ шумораи шахсони сигоркаш зиёд аст. Аз 1 миллиарду 200 миллион аҳолие, ки Ҳиндустон дорад, зиёда аз 250 миллионаш сигор мекашанд. Аз ин рӯ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва қаҳвахонаҳо кашидани сигор қатъиян манъ карда шудааст.
Барои аз байн бурдани сигоркашӣ дар ҳар давлат қонунҳои махсус ҷорӣ шуда, инчунин, ба хотири интихоби ҳаёти солим бартариятҳо дода мешавад. Дар Италия, шахсони воқеӣ дар сурати кашидани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз 250 то 2000 евро ҷарима пардохт мекунанд. Дар Шоҳигарии Бутан шахсоне, ки ба фурухтани сигор машғул мешаванд 225 доллар ҷарима пардохт мекунанд. Дар Олмон ашхосе, ки сигор намекашанд 40% кам андоз месупоранд. Белгия шахсонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дохили ҳуҷраҳо сигор мекашад, ба миқдори 480 доллар ҷарима менамояд. Дар Нидерландия ба ҷавонони 12 - 16 солае, ки сигор намекашанд дар як моҳ 200$ америкоӣ дода мешавад. Дар Малайзия, ба шахсоне, ки аз сигоркаши даст кашидаанд, имкон дода мешавад, ки қарзи имтиёзнок бигиранд.
Маълум гардид, ки дар ҷаҳон аз ҳама зиёд чораҳои шадиди зидди сигоркашӣ дар Финляндия андешида мешавад. Ворид гардидани сигор ба ин кишвар қатъиян манъ карда шуда, вазири Вазорати тандурустии Финляндия эълон кардааст, ки нибат ба ноболиғоне, ки ҳатто як сигорро ба фурӯш мебароранд парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад. Шахсоне, ки қонунро вайрон мекунанд, ба маблағи калон ҷарима ва ё 6 - моҳ аз озодӣ маҳрум мешаванд.
Бино ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар ҷаҳон аз 3/1 ҳисаи аҳолии калонсол сигор мекашанд, ки шумораи онҳо наздики 1 миллиарду 100 миллион нафар аст ва аз ин миқдор 200 млн - ашро занон ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар як сол сигор умри 3 миллиону 500 ҳазор нафарро аз байн мебарад. Бино ба ҳисобҳо, наздик ба 10 ҳазор нафари дигар дар як рӯз қурбонии сигор мешаванд ва аҳолии сайёра ҳар сол беш аз як триллион сигор мекашанд, ки маблағи он 100 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Бунафшаи Абдураҳим