Лутфия Амонова 6-уми апрели соли 1949 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1957 дар натиҷаи офати табиӣ, чун деҳаашон пурра зери обу гил мемонад, хонахез ба шаҳраки Уялии ноҳияи Куйбишев (ҳозира Хуросон) муҳоҷир мешаванд. Аммо, қисмати талхи онҳо дар ин сукунатгоҳ низ дубора такрор шуду манзили зисташон зери сел афтод. Бо мадади ҳамсоягон хонаашонро аз нав сохтанд. Лутфияи он замон хурдакак сарсонию саргардониҳои зиёдеро пушти сар намуд, хуб хонду шомили омӯзишгоҳи тиббии №1 шаҳри Душанбе гардид. Таҳсил дар пойтахт то андозае барои ӯ мушкил пеш меовард, лекин мекӯшид, то аз ҳамсабақонаш ақиб намонад ва бо сари баланд омӯзишгоҳро хатм намояд. Вақти қиматашро барҳадар намедод. Реҷаи худро дошт: омӯзишгоҳ-китобхона-таҷрибаомӯзӣ дар беморхонаҳо. Дарсҳояшро ҳамеша дар ҳалқаи гулҳои Боғи ботаникӣ омода мекард. Шабонгоҳ ҳамсабақонаш ӯро қариб, ки дар хобгоҳ намедиданд. Зеро, медонистанд, ки Лутфия дар бемористон асту аз табибони ҳозиқ сабақ мегирад. Заҳматҳояш барабас нарафтанд. Аввалин кӯшиши момодоягиро ҳанӯз замони донишҷӯӣ анҷом дод. Он вақт кам касоне буданд, ки замони таҳсил имкон даст бидиҳад, то ин масъулияти бузургро бар дӯш гиранд. Барои ин далериву ҷасурии Лутфия ва дониши фароовардааш боис шуд. Ба ҳамин минвол Лутфия Амонова соли 1967 омӯзишгоҳро бо ихтисоси табиби момодоя ба итмом расонд.
Фаъолияташро аз беморхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ намуд. Тайи 4 соли заҳмат нозукиҳои касби табибиро пурра аз худ намуд. Хислати аҷибе дошт. Талош меварзид, то бештари вақташро бо табибони собиқадор гузаронад ва аз онҳо як чизи навро ёд гирад. Гоҳо бо ҳар баҳона бархе аз ҳампешаҳои корозмудааш майли мадад надоштанд, аммо ӯ аз ин рӯҳафтода намешуд.
- Талош меварзидам, то маро на ҳамчун момодоя, балки табиби ҳозиқ шиносанд. Аз ин рӯ, назди духтуроне мерафтам, ки аз пешсафон буданд. Лаҳзаҳое ҳам мешуданд, ки бархе аз онҳо бо сабаби серкорӣ қабул намекарданд. Ҳафтаҳо исрору пофишорӣ ва лобаву зорӣ менамудам, то дил ба даст ораму муродам ҳосил шавад,- иброз медорад Лутфиябону.
Маҳорату кордониашро дида, ӯро ба бунгоҳи саломатии Деҳқонобод ба кор равон менамоянд. Баробари шурӯъ намудани фаъолият дар ин дармонгоҳ кӯшиш ба харҷ дод, то теъдоди ҳуҷраҳоро биафзояд. Дар аввал бунгоҳи мазкур ҳамагӣ ду ҳуҷра дошт. Шумораи аҳоливу корафтодагону беморон, азбаски тамоюли болоравӣ дошт, тасмим гирифт, ки миқдори ҳуҷраҳоро ба 4 адад расонад. Дар баробари занони ҳомила, акнун гирифторони бемориҳои гуногун низ метавонистанд баҳри дармонҷӯӣ ин ҷо биёянд. Дигар мардуми деҳот ҳоҷати рафтан ба беморхонаҳои марказиро надоштанд. Агарчи ихтисоси Лутфия момодоягӣ буд, аз уҳдаи табобати дигар беморон низ ба хубӣ мебаромад. Бо расондани ёрии аввалия онҳоро ба ташхис равон мекард ва худ табобаташонро анҷом медод. Ҳамин тавр дари хонаи ҳар сокини деҳот рафта, маслиҳату машварати тансиҳатӣ ва пешгирӣ намудани бемориро раво мешумурд. Дигар ӯро на ҳамчун момодоя, балки сардухтур мешинохтанд. Имрӯз апаи Лутфияро қариб тамоми мардуми деҳоти Деҳқонобод ба имдод даъват менамоянд. Рӯз ва ё шабе нашудааст, ки даъваташонро рад карда бошад. Дар баробари ин, мардуми деҳаҳои дигар низ ба наздаш меоянд, то дардашонро даво бахшад.
- Кӯдаки бемореро ба бунгоҳ оварданд, ки дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошт. Ҳангоми ташхис даъвати таъҷилӣ шуду ман шитобон рафтам. Вақте баргаштам, хидматгори тиббӣ гуфт, ки кӯдак ҷон ба Ҷонофарин супурд. Бо андуҳи гарон ба хонадони майит рафтам ва дидам, ки ӯро миёни хона гузошта хешу табор фиғон доранд. Ҳамон замон маро чӣ қуввае назди кӯдак кашид. Баробари ӯро дидан манаҳбандашро кушодам, ки ба ҳаракат омад. Мотамхона ба тӯйхона табдил ёфт. Айни ҳол ӯ оиладор ва соҳиби фарзанд мебошад,-ёд меорад аз давраҳои кориаш табиби ҳозиқ.
Аз 3300 нафар аҳолии деҳот,70 нафарро занони ҳомила ташкил медиҳанд. Бино ба гуфтаи Лутфия Амонова, зани ҳомила бояд то давраи таваллуд 8 маротиба аз ташхис гузарад. Чун кадоме ин тартибро риоя накунад, ӯ ба хонаашон рафта бо шавҳар ва аҳли хонадони онҳо суҳбат менамояд, то ки сунҳори умедворашон аз ташхис гузарад.
Агарчи Лутфия Амонова ба синни мубораки 70 расида, аз соли 2001 дар нафақа қарор дорад, ҳамоно фаъолияташро дар бунгоҳ қатъ накардааст. Чун, ба қавли ӯ, дар сурати рӯзе ба кор наомадан худро бемор ҳис менамояд ва дар хона нишаста наметавонад. Корафтодагон аз ӯ дар баробари роҳҳои шифои комил ёфтан, сирри гулпарвариро низ пурсон мешаванд. Зеро, гулҳои парвардаи апаи Лутфия касро ба ҳайрат меоранд. Бо навозишу меҳрубонӣ мисли фарзанд бо ҳар яке аз гулҳояш суҳбат менамояд. Ба кадом минтақае, ки наравад, аз он ҷо ҳатман барои худ гули мақбули дилашро меорад. Дар баробари кор дар бунгоҳ, ба гулпарвариву кишту кори замин низ шуғл меварзад. Вақте келин шуда ба хонаи шавҳар меояд, замини калони наздиҳавлигиро мебинад, ки бекор хобидааст. Дарҳол ба ҳамвор кардани он шурӯъ менамояду тадриҷан ҳотаро ба замини зархезу ҳосилрез табдил медиҳад.
Ӯ субҳи худро бо рӯбучини ҳавлӣ ва парвариши гулҳояш оғоз менамояд, агарчи се сунҳораш ба ҷону дил хидматашро ба ҷо меоранд.
- Меҳнатро зиёд дӯст медорам. Субҳи солеҳ, вақте аз хоб мехезам, ба ёрии келинҳоям мешитобам, мисли фарзандони худ дӯсташон дорам. Онҳо кӯдакони хурд доранд. Аз ин рӯ, мехоҳам баҳузур дам гиранд,-мегӯяд бо хушнудӣ апаи Лутфия.
Имрӯз ин бонуи рӯзгордидаву табиби ҳозиқ соҳиби 7 фарзанду 20 набера мебошад. Аз фарзандон танҳо як нафар пайроҳаи модарро интихоб кардаву дигарон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Падари фарзандон Бекмурод Амонов, ки 17 соли умрашро дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳраки Уялӣ ба ҳайси ронанда сипарӣ намудааст, дастёру мададрасони ҳамсар аст. Ду тан аз наберагон касби бибиро гирифтаву яке ҳанӯз донишҷӯ ва дуюмӣ аллакай дар ин соҳа кор мекунад. Лутфия Амонова шогирдони зиёдеро низ тарбият додааст. Якеаш ҳамшираи шафқат дар бунгоҳи саломатии Деҳқонобод Гулсуной Абдураҳмонова мебошад. Дар баробари ин, аз роҳбарашон Парвизи Муҳаммадӣ низ ситоиш намуд, ки табибонро пайваста дастгирӣ менамояд. Аммо, аз он гиламанд аст, ки ҳанӯз ҳам бархе аз кадрҳои ҷавон дар ҷустуҷӯи дониш, андӯхтани таҷрибаи табибони ҳозиқ нестанд.
- Баъзе духтурони ҷавон андак коҳиланд. Ҳол он ки ҷавонанду мебояд дар такопӯ бошанд ва бештари вақти хешро пайи омӯзишу ташхиси беморон сипарӣ намоянд. Мо мекӯшидем, ба назди духтури машҳуре рафта, як чизи навро омӯзем, - мегӯяд бо таассуф Лутфия Амонова.
Саломат Табарова,
омӯзгор, ноҳияи Хуросон