02

Сентябр, 2025
Сешанбе

02

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

 

04 201917- Оид ба шуоъзанӣ аз мавҷҳои электромагнитии телефонҳои мобилӣ, агарчи зиёд маълумот дода мешавад, ҳамоно одамон аз истифодаи пайвас­таи он даст намекашанд. Бино бар озмоишу таҳқиқи олимони дунё мавҷҳои электромагнитӣ нахуст ба системаи асаб, масуният, ғадудҳои сипаршакл, узвҳои ҷинсӣ ва баъдан ба дигар узвҳои инсон таъсири харобовар мерасонанд, - мегӯяд Маҳмадсаид Шеров, – мудири шуъбаи асаби кӯдаконаи Маркази миллии тиббии «Шифобахш».

Ташхисе бо номи электроэнсефалограмма (ЭЭГ) мавҷуд аст, ки тартиби (ритми) фаъолияти мағзи сарро нишон медиҳад. Дар ҳолате, ки ҳангоми ташхис шахс суҳбати телефонӣ нанамояд, тартиби фаъолияти он муътадил сурат мегирад. Баръакс, ҳангоми муддати 10–15 дақиқа суҳбати телефонӣ кардан, ташхис аён месозад, ки дар ин муддат тартиби фаъолияти мағзи сар тағйир ёфтааст.

- Шабона равшании телефон ба шабакияи чашм расида, ба мағзи сар маълумоти барғалат медиҳад, ки ҳанӯз рӯз аст. Дар натиҷа ҳормони мелатонин кам ҳосил мегардад, ки он ҷавобгар аст ба хоби бароҳату мустаҳками шабона. Махсусан, ҳангоми ҳомиладорӣ истифодаи пайвастаи телефони мобилӣ эҳтимолияти пайдоиши варами асаби шунавоиро ба вуҷуд меорад ва системаи марказии асаби навзодро низ хароб мегардонад.

Дар ИМА тадқиқоте гузаронда шуд, ки дар он 350 зани ҳомила ҳамарӯза ҳадди ақал ба муддати 2–3 соат бо телефони мобилӣ муошират намудаанду 250 нафари дигар умуман аз телефон парҳез карданд. Дар натиҷа аз 600 кӯдаки таваллудшуда дар 350 нафари аввалӣ нишонаҳои харобии системаи асаб, эҳсоси беқарорӣ ва хоби номуътадилро мушоҳида кардаанд. Дар 250 нафар навзоде, ки модарони онҳо телефони мобилиро истифода набурдаанд, ҳолати хуби рӯҳиву равониро муайян намудаанд. Аз ин рӯ, кӯдакони ноболиғро нагузорем, ки аз телефонҳои мобилӣ истифода баранд, - хулоса менамояд табиб.

:.  Тандурустӣ 22.04.2019 09:39 1183

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz