02

Сентябр, 2025
Сешанбе

02

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

HӮШОКИҲОИ СПИРТӢ

04_201944.jpg

Нӯшидани арақ ё дигар нӯшокиҳои спиртӣ на танҳо ба ҷисм, ба рӯҳу равони инсон низ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳар боре, ки шахс шароб истеъмол мекунад, заминае барои бемориҳои гуногун фароҳам меорад.

Этил, ки дар аксари маводи спиртӣ мавҷуд аст, аввалан ба системаи марказии асаб таъсир мерасонад. Шахс оҳиста – оҳиста ба май одат намуда, минбаъд эҳсосоти нокифоягиро дар қалбаш ҳис менамояд ва оқибат ташвишу изтироб ӯро ба таври доимӣ фаро мегирад.

Истеъмоли пайвастаи маводи спиртӣ шахсро ба бемории майзадагӣ расонда, рӯҳияи одамро тағйир медиҳад ва ҳатто то ба ҷунунӣ оварда мерасонад. Ин бемории музмин ҷисми инсон, бахусус ба ҷисми зан бештар таъсири бад мегузорад. Беморӣ тавассути се марҳила мегузарад. Дар ду марҳилаи аввал бо қатъ намудани истеъмоли машрубот шахс метавонад аз пайвастагӣ ба он раҳоӣ ёбад. Дар марҳилаи сеюм одам пурра ғуломи шароб мешавад, фаъолияти узвҳои дарунӣ функсияҳои худро аз даст медиҳанд ва майхораро ба бемории рагу дил, гурда, ҷигар ва бахусус саратони ҷигар оварда мерасонад.

Истеъмоли машрубот, аз ҷумла ба ҷанин ва ташаккули он дар батни модар таъсири бад мерасонад. Кӯдаконе, ки аз мард ё зани майзада таваллуд мешаванд, эҳтимоли бо нуқсонҳои модарзодӣ ва ё ноқисулақлӣ мубтало буданро доранд.

Ларзиши панҷаҳои даст, ҳаракати номунтазами пойҳо, асабонияту инҷиқии аз ҳад зиёд паёмадҳои истеъмоли зиёди машрубот аст.

 

Алиҷон ҶОБИРОВ,
табиб

:.  Тандурустӣ 22.04.2019 09:25 1888

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz