Тамокукашӣ яке аз падидаҳои номатлуб буда, тибқи омор сафи нафароне, ки ба ин амал даст мезананд, рӯз аз рӯз афзудан дорад ва мутаассифона,занону духтарони ҷавон низ дар ин шуморанд.
Зебо Қодирова, корманди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи Минҳоҷ Ғуломов» мегӯяд, тамоку на танҳо ҳаворо ифлос намуда, ба муҳити зист зарар меорад, сигор аз саломатии шахси тамокукаш дида, бештар ба атрофиён таъсири манфӣ мерасонад. Дар таркиби тамоку зиёда аз 4000 элемент ва газҳои заҳрнок мавҷуданд, ки 40 намуди он инсонро мубтало ба бемориҳои реши равон (саркома) мекунад. Бахусус, 20 намуд аз ин элемент ва газҳои заҳрноки дар таркиби тамокубуда ба саломатии зан бештар зарар мерасонад.
- Яке аз сабабҳои даст задан ба тамокукашӣ миёни баъзе аз бонувон тақлидҳои кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона (аз рӯи ҳавову ҳавас), баъдан, ба гуфтае дар ҳолати асабонияту рӯҳафтодагӣ ва ноумед гаштан аз рӯзгори носозгор мебошад. Ин ҳолатҳои психологиро нафаре ба осонӣ бартараф месозад, ки иродаи қавӣ дорад.
Мавсуф бар он назар аст, ки никотини дар таркиби тамокубуда зани сигоркашро ба бемориҳои узвҳои ҷинсӣ мувоҷеҳ месозад ва эҳтимолияти безурётшавӣ ё таваллуд наёфтани писарро ба миён меорад. Аз тадқиқоти коршиносон, ки миёни 9 ҳазор зани ҳомиладори сигоркаш гузаронданд, маълум гашт, ки 90 фисади онҳо духтар таваллуд намудаанд. Бо паст шудани қобилияти масунияти бадан хатари мубталошавӣ ба маризиҳои роҳҳои нафас, саратон, фишорбаландӣ, сактаи дил, захмҳои рӯдаю меъда шахси тамокукашро таҳдид мекунад. Ҳамчунин, дар буняи зани сигоркаш резиши мӯй, пукшавии устухон, устухондард, пайдоиши бармаҳали ожангҳо дар дасту рӯй бештар мушоҳида мегарданд.
Аз таъсири дуди тамоку зиёдтар зиён дидани атрофиён, бахусус занҳои ҳомила ва кӯдаконро олимон исбот намуданд, ки 56 фоизи марги тифлон ба таъсир ёфтан аз дуди сигор дар батни модар рабт дорад. Зане, ки чор моҳи аввали ҳомиладорӣ аз дуди сигор нафас мегирад, нишонаҳои камақлӣ дар кӯдаки батнаш пайдо шуда, баъдан ҳатто таъсири манфии он ба узвҳои дохилии тифл, эҳтимолияти часпидани узвҳо ва ғайра ба вуҷуд меояд.