02

Сентябр, 2025
Сешанбе

02

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАРҲИЛАИ БЕҲБУДИ САТҲИ ХИЗМАТРАСОНӢ

 

04 201945Дар шаҳри Бохтар ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, 2 маркази хусусии тиббӣ ва 22 муассисаи гуногуни тиббии вилоятӣ, 17 ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ ва 109 дорухонаҳо ба сокинони шаҳр ва аҳолии атрофи он хизмат мерасонанд.

04 201946

Аз шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр 765 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Афзоиши солонаи занони роҳбар дар сохторҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ гувоҳ аз эътирофу арҷгузорӣ ба мақому манзалати бонувон аст. Имрӯз 85 дарсади кормандону мутахассисони соҳаро занон ташкил медиҳанд.

Баргигул Баротова, муовини сардор оид ба ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва танзими оилаи муассисаҳои КАТС (Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ) - и шаҳри Бохтар, аз лиҳози таҷрибаву касбият аз зумраи роҳбарони муваффақест, ки бо амри дилу азми қавӣ шебу фарози соҳаро тай намуда аст. Дар баробари рисолати касбӣ ӯ вакили шаҳрӣ ва ҳам вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.

04 201947Дар раванди беҳдошти вазъи сиҳатии модару кӯдак, ки асоси бунёди ҷомеаи солим аст, табибону мутахассисони таҷрибадори маркази солими репродуктивии шаҳри Бохтар нақши муҳимро мебозад. Аз оғози фаъолияти ин марказ ва ба роҳ мондани бақайдгирии саривақтии вазъи солимии занони қобили таваллуд мушкилиҳои умдаи модару кӯдакон ва дигар занони қобили таваллуд ҳалли худро ёфтааст, - изҳор дошт сардухтури муассисаи мазкур Гулбаҳор Зарифова. – Тибқи омори расмӣ аз 110 ҳазору 600 нафар аҳолии шаҳр 54 ҳазору 960 тани онҳо занону духтаронанд, ки аз ин теъдод 28 ҳазору 200 нафар бонувони қобили таваллуд мебошанд.

Мушкилиҳои вобаста ба солимии занони қобили таваллуд танҳо дар минтақаҳои ба тозагӣ ба ҳудуди шаҳр шомилгардида боқӣ мондааст. Гарчанде ки дар панҷ соли аввал роҳбарияти шаҳри Бохтар дар маҳаллаҳои мазкур бунгоҳҳои тиббӣ сохта, вазъи хизматрасонии тиббиро беҳбуд бахшида бошанд ҳам, аммо то ҳол муроҷиати ихтиёрии бонувон назди духтурони оилавӣ кам ба назар мерасад. Вобаста ба ин алҳол, табибон дар ин ҷо атрофи пешгирӣ аз камхунӣ миёни занони ҳомиладор ва зоиши хонагӣ кор бурда истодаанд,- мегӯяд сардухтури маркази солими репродуктивии шаҳри Бохтар.

- Умед дорем, ки бо гурӯҳҳои кории мақомот ва дастгирии иттилоотии расонаҳо сатҳи огоҳии аҳолиро боло бардорем, то модарони ҷавон фосилаи таваллудро риоя намуда, пеш аз ҳомиладорӣ бемориҳои илтиҳоби гурда, ҷигар, меъда, камхунӣ ва дигар бемориҳои таъсирбор ба инкишофи тифли батнро табобат намоянд.

Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ аз муҳимтарин муас­сисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр ба ҳисоб меравад, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 40 то ба 60 нафар гирифтори бемориҳои гуногун ёрии ройгони тиббӣ мерасонад. Бинобар иттилои масъулон дар ҳар басти навбатдории ин муассисаи тиббӣ аз табибу пизишкёр то ёрдамчиёни духтуру дигар кормандон, ҷамъ 27 нафарӣ мутахассисони варзида дар хизмати шабонарӯзии аҳолӣ қарор доранд.

04 201918Тавре Рӯзигул Бурҳонова, сардухтури маркази мазкур, иброз медорад, ба ҳисоб 6 мошини ёрии таъҷилӣ барои хизматрасонии саривақтии аҳолӣ басанда аст. Аммо, тақозои замони муосир аст, ки ҳамчунон нақлиёти муҷаҳҳаз бо технологияи муосири тибби сайёр дошта бошем, то дар ҳолатҳои таъҷилӣ раҳораҳ то ба беморхона ба беморҳои вазнин амалиётҳои тиббӣ гузаронем.

Тибқи меъёрҳои бай­налмилалӣ бояд хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ дар саргаҳи шоҳроҳи марказҳои маъмурӣ ҷойгир бошад. Зеро дар ҳолатҳои таъҷилӣ ҳатто чанд дақиқа пештар расидан ба мадади беморе метавон ҳаётеро аз марг наҷот дод. Вале, маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар дар охири кӯча ҷойгир аст, ки то шоҳроҳи марказии шаҳр чанд мавзеи исту таваққуфгоҳи ғайрирасмии назди масҷиду беморхона ва дигар идораҳои маъмурӣ монеи ҳаракати озоду саривақтии мошинҳои ёрии таъҷилӣ мегарданд.

Хушоянд аст, ки баробари дигаргуниҳои куллӣ дар самти бунёдгузориҳои риштаи беҳдоштӣ ва такмили касбияти табибон ҳамвора, масоили рӯзмарраи соҳаи тандурустии шаҳри Бохтар давра ба давра ҳалли худро ёфта истодаанд.

 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар

:.  Тандурустӣ 19.04.2019 10:58 1021

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz