Баҳригул Раҳимова фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб соли 1979 дар таваллудхонаи ноҳияи Панҷ ба ҳайси момодоя оғоз намудааст. Соли 1982 пас аз издивоҷ ба зодгоҳи шавҳараш деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор мекӯчад ва инак 37 сол аст, ки вай ба сокинони ин рустои баландкӯҳ хизмати тиббӣ мерасонад.
- Деҳаи Найгуфт 80 - 90 км дур аз маркази ноҳия, дар мавзеи баландкӯҳ қарор дорад. Солҳо 80-уми асри гузашта роҳи мошингард набуд. Назди беморон бо аспу хар мерафтем. Ёд дорам, 27 феврал, зимистони сербарф, зани ҳомила дар хона таваллуд мекунад ва хавфи фавти ӯ ба миён меояд. Кӯдаки ҳаштмоҳаам дар бағал болои асп савор баҳри наҷоти он зан роҳ пеш гирифтам. Тармаи баланде садди роҳ шуд. Аз ду ҷониб ҷавонон роҳро канда ва ниҳоят бо банд болои тарма ману кӯдакамро, ки дар бағалам сахт печонда будам, бароварданд. Он тарафи тарма аллакай аспи дигар маро интизор буд. Зане, ки таваллуд карда буд, фишори хунаш ҳар замон болову поён мерафт, беҳуш буд, набзаш ба зӯр мезад. Умеди зинда монданаш намонда буд. Хешу табор атрофаш доду фиғон мезаданд. Он замон ҳатто телефонҳои статсионарӣ мавҷуд набуданд, то аз мутахассисони маркази ноҳия маслиҳату машварат пурсам. То қадри имкон аз донишу таҷриба ва шароити мавҷуда ёрии аввалияро расондам. Бемор каме ба худ омад, чашмонашро кушоду «апаи Баҳригул омаден», гуфт. Нафаси озод кашидам…
Ҳолатҳое буданд, ки Баҳригул дугоникҳояшро дар кӯрпа печонда, барои ёрии занони ҳомила ба деҳаҳои дур мерафт ва ҳафтаҳо он ҷо мемонд. Зеро он вақт дар Миёнаду маркази саломатӣ ё беморхона вуҷуд надошт.
- Зимистони хунук соатҳои ду - сеи шаб аз садои бо шиддат задани тирезаи хона бедор шудам. Марде «Баҳригул хез», - гуфта фарёд мезад. Ӯ занашро бо асп ба беморхона мебурд, ки асп дар ях лағжида, зан ба дарё афтидаасту канори соҳил хунрав интизори табиб аст. Боз дугоникҳоямро дар кӯрпа печонда, савори асп ба ёрӣ шитофтам. Ҳама корро кардам то пеши роҳи хунравӣ гирифта шавад. Хуллас, зан наҷот ёфт, вале аз кӯҳистон ба шаҳр кӯчид. Аз байн 14 сол гузашт, рӯзе ба хона меҳмонҳои ношинос омаданд. Пас аз суҳбат фаҳмидам, ки ҳамон зани дар об афтида ҳамроҳи шавҳараш аз шаҳр ба аёдати ман омада буд. Ба хотири изҳори сипос намудан. Дар чунин лаҳзаҳо худро хушбахттарин инсон меҳисобам, - мегӯяд Баҳригул.
Баҳригул соҳиби 6 писар ва 3 духтар аст. Фарзанди калонияш пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар яке аз мақомоти додситонии Россия фаъолият дорад. Писари дуюму сеюмаш низ факултаи бонкдории ҳамин донишгоҳро хатм намуда, яке дар шаҳри Москва ва дигарӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисос кор мекунанд. Духтараш тибқи Квотаи президентӣ ДДТТ – ро хатм намуда, се сол дар зодгоҳаш фаъолият намуда, ҳоло дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе кор мекунад. Писари чорумаш дар шаҳри Москва дандонпизишк аст. Писари панҷумӣ дар курси чоруми Донишгоҳи тиббии шаҳри Москва мехонад. Духтару писари хурдиаш дар коллеҷи тиббии ноҳия таҳсил доранд.
Момодоя Баҳригул Раҳимоваро мардуми водии Вахё хуб мешиносанд. Ин зани ҳалиму меҳрубон, хоксору нексириштро аксари сокинони ин маҳал барои худ модар медонанд. Нафароне, ки рӯи дастони ӯ чашм ба дунё кушодаанд, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияву ҷумҳурӣ заҳмат мекашанд.
Маҳз бо заҳматҳои ӯ соли 1993 се нафар духтари ин русто ба коллеҷи тиббӣ баҳри таҳсил сафарбар шуд. Он овон аз падару модарон барои таҳсили духтарон розигӣ гирифтан басо мушкил буд, вале дар натиҷаи дуруст бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ духтарони деҳа дар филиали коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар Сангвор таҳсилро оғоз намуданд.
- Пас аз хатми коллеҷ духтарон ёварони ман шуданд ва дар назди беморхонаи минтақавӣ шуъбаи таваллуд ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдан пас аз ташкил шудани беморхонаи минтақавӣ ва омадани духтурони маълумоти олидор кор осон гардид. Вақте танҳо будам, дар як шабонарӯз то 9 таваллуд қабул мекардам. Аниқ намедонам, аммо садҳо кӯдак рӯи дастони ман ба дунё омадааст. Шабҳое буданд, ки умуман хоб намекардам. Кӯдаки ширхораам дар каштал чанд шаб назди занони таваллудкарда меистодам. Агар таваллуд бе душворӣ мегузашт 2–3 рӯз мемондам, агар таваллуд мушкил мешуд, як ҳафта меистодам. Шавҳарам маро мефаҳмид. Шабу нимашаб, вақте «даъват» мешуд, мегуфт, «бояд равӣ, онҳо чи қадар зарур мондаанд, ки ба ту муроҷиат мекунанд». Мегуфтам тифли худам бемор аст, аммо ӯ кӯдакро печонда, дар дастам медод ва савори асп маро назди беморон мегуселонд. Маҳз дастгирии шавҳарам буд, ки тавонистам хизмати халқро ба ҷо оварам, - қисса мекунад Баҳригул.
Соли 2017 дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти Сангвор - деҳаи Миёнаду беморхонаи наву замонавӣ дорои 30 кат ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар беморхона шуъбаҳои касалиҳои дарунаву кӯдакона ва шуъбаи таваллуд дорои панҷ кат фаъолият мекунад, ки дар он чор нафар момодоя ба занон хизмати тиббӣ мерасонад. Дар маҷмӯъ, ин ҷо 10 нафар корманди соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонад, ки аз ин 3 нафараш дорои таҳсилоти олии тиббӣ мебошад.
Дар маркази саломатии Миёнаду 8 нафар корманд, ки 1 нафараш дорои маълумоти олии тиббӣ мебошад, кор мекунад. Дар худи марказ се нафар зан ва се нафари дигар дар бунгоҳҳои тиббии деҳаҳо фаъолият мебаранд. Дар маҷмӯъ, муассисаҳои тиббии ҷамоати мазкур ба 5 ҳазору 675 нафар аҳолии ҳудуди деҳоти Миёнаду хизмати тиббӣ мерасонанд. Инчунин, ба сокинони деҳаҳои воҳаи Вахё, ки ба ин ҷо муроҷиат мекунанд, ёрии тиббӣ мерасонанд.
Баҳригул борҳо курси такмили ихтисос гузашта донишу малакаи хешро сайқал додааст. Фарзандонаш дар Россия кору зиндагӣ мекунанд, борҳо таклифаш намуданд, то назди онҳо бошад, вале ӯ рад кард. Зеро касбашро бисёр дӯст медорад. Мехоҳад маҳз дар ҷое, ки ҳоло зиндагӣ дорад, хизмати мардуми кӯҳистони дурдасти кишварро ба ҷо орад.
Баҳригул сарсупурдаи маслаки хеш аст. Маҳз ӯро дида фарзандону ҷавонони деҳа пешаи табибиро касб намуданд. Ҳоло даҳҳо нафар аз деҳоти дурдаст, ки дар дурии 60 - 70 км аз маркази ноҳияи Сангвор қарор дорад, донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои тиббиро хатм намуда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардум хизмат мерасонанд.
- Имрӯз шароит хело хуб шудааст. Ҳама намуди дорувориро дастрас намудан мумкин аст. Дар ҳар ҷамоат марказҳои саломативу беморхонаҳои минтақавӣ мавҷуданд. Бобати дорухонаҳо аҳолӣ мушкиле надорад. Ин ҳама аз оромиву амонӣ ва сулҳу субот аст. Занон аз марҳилаи аввали ҳамл то таваллуд ба қайд гирифта шуда, таҳти назорати доимии табибон қарор доранд. Ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ ҳамаи таваллудҳо дар шуъба ва ё дар ҳузури момодояҳо сурат мегиранд, - иброз медорад Баҳригул Раҳимова.
Сабрина,
ноҳияи Сангвор