Ноҷур гаштани саломатӣ ё мубтало гаштан ба маризие нороҳатамон месозад ва сарчашмаи сироятёбиро ҷӯё шуда, маблағи зиёде сарфи табобат менамоем. Ва гоҳе шифо меёбем ё на, номаълум боқӣ мемонад. Баъзе омилҳое мавҷуданд, ки ба саломатии инсон ноаён таъсири манфии хешро мегузоранд, ки барои дарёфти беморӣ ва табобати саривақтии он мушкилоти зиёдеро пешорӯи шахси мариз ва табибон мегузорад. Яке аз онҳо заҳролудшавӣ аз дуди тамоку мебошад, ки коршиносон гирифторшавӣ ба 25 намуд бемориҳои гуногун ва сабаби фавти бармаҳалро ба он баста медонанд.
Чаро аз бобати зарари дуди тамоку дар қуттиҳои сигор ҳам ишора шуда бошад, он сарфи назар мешавад?
Зебо Қодирова, корманди Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи Минҳоҷ Ғуломов мегӯяд, ки аксаран ба ин одати бад аз замони наврасӣ ва ҷавонӣ гирифтор мешаванд. Бонувони сигоркаш дар суҳбат ба ин амал даст заданашонро аз мушкили рӯзгор ва рӯҳафтодагӣ рабт медодаанд.
- Ин одати бадро танҳо бо иродаи мустаҳкам тарк метавон кард. Аз оқибати хатарбори тамоку барои саломатии инсон ба занон мефаҳмонам. Тавсия медиҳам, то дар ҳавои мусиқӣ бештар бирақсанд, бо кӯдаконашон ба сайругашт бароянд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Мавсуф иқрор меояд, ки тамокукашӣ ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонда, эҳтимолияти гирифторшавӣ ба саратони шуш, узвҳои дохили даҳону бинӣ, меъдаю рӯда, ҷигару талха дар одамони сигоркаш зиёдтар мебошад. Аз тамоку ва дуди он, инчунин авҷ гирифтани бемориҳои дилу рагҳо ва омоси дигар узвҳои дохилии инсонро олимон тасдиқ намудаанд.
- Хеле таассуфовар аст, ки дар хиёбону гулгаштҳо гоҳе сигоркашии бархе аз бонувонро мебинам. Воқеан, аз нигоҳе як нафаре, ки аз таъсири зараровари он бехабар аст, шояд ин кори одӣ намояд. Аммо ин амал чанд паҳлуи манфи дорад. Аввалан, ӯ зан аст ва барои зан аз нигоҳи ахлоқӣ чунин амалҳо шоиста нест. Баъдан, организми зан табиатан ва ҳатто рӯҳан заиф мебошад. Дар рухсораҳои зани тамокукаш нишонаҳои пирӣ, ки ягон бону намехоҳад ожангҳои бармаҳалро дар чеҳрааш бинад, пайдо мегардад. Ранги нохун ва дандонҳо моил ба зардӣ шуда, даҳон бадбӯй мешавад, ки албатта ин хоси зан нест. Ҳусну таровати занро покизагӣ мефизояд, - мегӯяд пизишк.
Порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2018 бо тасвиби қонун "Дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку" кашидани сигор, чилим, нос ва калёнро дар дохили бино, аз ҷумла дар қаҳвахонаву ошхона ва тарабхонаҳо манъ кард. Тибқи ин қонун хоҳишмандон бояд танҳо берун аз иншоот дар ҷойҳои махсус сигор дуд диҳанд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дуд додани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю хиёбонҳо дида мешавад, ки атрофиён, бахусус кӯдакону бонувон аз он нафас мекашанд. Аз таъсири дуди тамоку зиёдтар зиён дидани атрофиён, бахусус занҳои ҳомила ва кӯдаконро олимон исбот намуданд, ки 56 фоизи марги тифлон ба таъсир ёфтан аз дуди сигор дар батни модар рабт дорад.
Ба гуфтаи табиб, Зебо Қодирова зарари тамоку барои занҳои ҳомила хатарнок буда, ба ояндаи кӯдаки дар батнбуда низ таъсири манфӣ мерасонад. Занҳои сигоркашро дар давраи ҳомиладорӣ норасид таваллуд шудани тифл, камвазнии кӯдак, ноқисулақлии тифл, эҳтимолияти афтидани ҷанин ё душвор таваллуд шудани он, нарасидани шир ҳангоми ширмаконӣ ба кӯдак домангир аст. Олимони соҳаи тиб низ 96 фисади ҳолати афтидани ҷанин дар занҳоро ба зарар дидан аз дуди тамоку медонанд.
Фаромӯш набояд кард, ки аз модари солим тифли солим ба дунё меояд. Аз ин хотир, солим зистанро занон бояд шиори зиндагиашон созанд, то ояндаро бо тарбияи насли солим дурахшон намоянд.
Қутбия