Ғизои солим пояи аслии ҳаёти ҳар фард буда, барои зан ҳангоми ҳомиладорӣ, махсусан муҳим арзёбӣ мегардад. Он имконият фароҳам меорад, то бунияи зани ҳомила ба давраи таваллуд омода шуда, раванди синамаккониро хуб ба роҳ монад. Инчунин, бофтаҳои бачадон ва ҳамроҳак инкишоф меёбаду таъминоти хун баланд мегардад.
Аксарияти занон ҳангоми бордорӣ аз истеъмол намудани кадом навъи ғизо бохабар набуда, то давраи таваллуд ва баъд аз он низ ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Аз ин рӯ, онҳоро лозим аст, то бо маслиҳати табибон ба тановули ғизои дуруст оғоз намоянд. Ҳатто баъд аз таваллуди кӯдак низ тарзи бурдани ҳаёти солим, реҷаи рӯз ва низоми ғизогириро риоя кунанд. Бино ба гуфти Сеҳрангез Норова, табиб-акушер-гинекологи Маркази саломатии №15-и шаҳри Душанбе истеъмоли ғизои зарурӣ имконият фароҳам меорад, то зани ҳомила мӯътадилшавии вазн ва саломатии хешро пас аз тавлиди тифл низ нигоҳ дорад. Аммо, каманд бонувоне, ки бобати ғизои солиму зарурӣ дар вақти бордорӣ маълумот дошта бошанд.
- Пойдевори аслии ғизои солим, карбогидрату аминокислотаҳо дониста мешаванд, ки бештар дар таркиби макарон, нони сиёҳ, чапотӣ, шавла, оши буридаву туппа мавҷуданд. Аз ин рӯ, ба занони ҳомила аз семоҳаи аввал то шашмоҳагӣ истеъмоли инҳо тавсия дода мешавад. Ҳамчунин, то 12-ҳафтаи бордорӣ бояд туршии фолатро қабул намоянд. Инҳо аминокислотаву сафедаҳо буда, бо ин роҳ аз нуқсонҳои модарзодии тифл пешгирӣ карда мешавад, - мегӯяд Сеҳрангез.
Ба иқрори табиб дар як рӯз зани ҳомиларо лозим аст, то 5 маротиба ғизо тановул намояд. Дар се давраи он ғизои лозима ва ду маротибаи дигар сабзавоту меваҷот мебояд истеъмол кард. Инчунин, барои пешгирӣ намудани камхунӣ, тановули бештари гӯшт тавсия дода мешавад. Нафароне, ки имконияти ҳамарӯза харидорӣ намудани гӯштро надоранд, метавонанд гречка (марҷумак), лӯбиё, нахӯд ва мошро истеъмол фармоянд. Тановули бештари картошка, помидор, сабзӣ, карам ва оби ошомиданӣ низ тавсия дода мешавад. Аз кабудиҳо ба ҷуз, шибит дигар навъашро метавонанд бихӯранд.
- Бархе аз занҳо чунин андеша доранд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ҳатман ба ҷойи “ду нафар” хӯрок тановул намуд. Дар назар бояд дошт, ки ҳар як давраи ҳомиладорӣ миқдори махсуси ғизоро талаб менамояд. Барои зани ҳомиладор на миқдор, балки сифати ғизои тановулнамуда муҳим аст. Масалан, дар муддати якум триместр ба бунияи модари оянда, тӯли як шабонарӯз танҳо 100 килокалория (ин тақрибан як истакон шир ё афшура), дар муддати дуюм ва сеюм триместр (ҳафтаи ҳомиладории 28-40) – 300 килокалория зиёдтар (банан ё йогурт) лозим аст, - иброз медорад Сеҳрангез Норова.
Модарони оянда бояд реҷаи муайяни рӯз ва нақшаи пешакӣ тартибдодаи ғизогириро риоя намоянд. Чуноне ки маълум аст, ҳангоми ҳомиладорӣ якбора пайдошавии ҳиссиёти гуруснагӣ дида мешавад. Бино бар ин, пеш аз хона баромадан ҳатман ҳамроҳ барои хӯрдан тармева, нон ё йогурти нӯшиданӣ бояд гирифт. Ба занони бордор истеъмоли ғизоҳои тезтаёр тавсия дода намешавад. Зеро дар аксари онҳо чарбуҳои зараррасон мавҷуд аст, ки аз буния хориҷ нашуда, баръакс дар он ҷо ҷамъ мешаванд. Ҳамчунин, ҳасибҳои дудхӯрда, намакхӯрда, оби газноккардашуда ва шириниҳо ба миқдори хеле кам тавсия дода мешавад. Афзалиятро бояд ба маҳсулотҳои ширӣ, сабзавоту тармева, гӯшти обпаз ва ярма дод. Шабона хӯрок хӯрдан тавсия дода намешавад. Аммо агар модари оянда хеле гурусна бошад, пас метавонад пеш аз хоб тармева ё твороги беравған истеъмол намояд.
Ба андешаи табиб, Сеҳрангез Норова як моҳ пеш аз санаи тахминии таваллуд беҳтар аст, агар ба истеъмоли ғизои хубҳазмшаванда оғоз кард. Ба ҷойи тухм, моҳӣ, гӯшт сабзавоти дудкардашуда, маҳсулотҳои ширӣ ва ғалладонагиро тановул намудан ба маврид аст. Хуришҳои сабзавотӣ бо равғани растанӣ ё зайтун фоидаи калон доранд. Зеро, дар таркиби равған витамини Е мавҷуд буда, ҳолати бофтаҳо ва рагҳоро беҳтар мегардонад. Тавсия дода мешавад, ки 3-4 ҳафта пеш аз таваллуд аз истеъмоли шоколад ва меваҳои ситрусӣ даст кашид, зеро ин маҳсулотҳо метавонанд дар кӯдак ҳассосиятро ба вуҷуд оранд.
Дар зимн гурӯҳи ғизоҳои солим барои зани ҳомиларо пешкаш менамоем;
Ин ғизоҳоро бештар истеъмол намоед: нон, шавлаҳо аз донагиҳо, биринҷ, маҳсулотҳои макаронӣ, ғозҳои ғизоӣ (клетчатка), карбогидратҳои мураккаб, витаминҳо ва макро/микро элементҳо.
Мева ва сабзавот, витаминҳои гурӯҳи А, В, С, К, Р, бетакератинҳо, туршии фолат, макро-микро элементҳо, антиоксидантҳо;
Ин ғизоҳоро ба миқдори 20 фоизи хӯроки ҳаррӯза итеъмод фармоед: маҳсулотҳои гӯшти ҳайвонҳо, парранда, моҳӣ ва маҳсулотҳои ивазкунандаи онҳо
Маҳсулоти ширӣ, сафеда, витаминҳои гурӯҳи А, В, Д, ғозҳои ғизоӣ, оҳан, цинк, магний, минералҳо ва йод;
Ин ғизоҳоро ба миқдори кам истеъмол намоед: чарбуҳо, равғанҳо ва шириниҳо.
Бунафша