Диловарро модар бо сару рӯи хуншор дида, ҷонсарак шуд. Пеш аз он ки Фаришта даҳону бинии хунолуди писарашро пок созад, аз ӯ пурсид: «Кӣ дар пеши ту буд? Касе даст ба хуни лабу даҳонат зад?».
Диловар аз фаҳмондадиҳиҳои модар медонист, ки сироятёбии дигарон аз бемориаш тариқи хун аз эҳтимол дур нест ва посух дод: «Не, оча. Ҷӯраҳоямро намондам, то дар шустани хунҳои лабу даҳонам ба ман ёрӣ диҳанд». Ҷавоби писар лаҳзае ӯро аз вартаи эҳсосот бурун кашид. Ором шуд, аз он ки эҳтиёткории писараш чанд нафаре, ки аз дилсӯзӣ атрофаш ҷамъ омада буданд, аз гирифторшавии маризии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) наҷот ёфт…
Фаришта (ном иваз шудааст) аз сироятёбии худ ва ду фарзандаш пас аз ташхиси шавҳар, ки ӯро табибон аз мубталои маризии ВНМО буданаш дарак доданд, огаҳӣ ёфт. Замоне, ки Фаришта ҳамагӣ 19 сол дошт, кӯдаконаш Диловар дусола буду Ҳангома ҳаштмоҳа.
- Доғгузорӣ миёни аҳолӣ то ба дараҷае ба мафкураи инсон таъсир намудааст, ки кас зиёдтар аз дард не, аз гапи мардум ранҷ мекашад. Ман ҳам тарс доштам ва аз натиҷаи ташхиси табибон муддате одамгурез шудам. Ваҳм аз он доштам, ки мабодо ҳама аз ман ҳазар мекунанду дар танҳоӣ мемонам. Иродаамро мустаҳкам гирифтам ва дар пеши худ қавл додам, ки ақаллан ба хотири фарзандонам бояд зиндагӣ кунам. Чаро ки онҳо низ маризанду ниёз ба дастгириам доранд. Сари вақт дору истеъмол мекардам ва доимо таҳти назорати пизишкон будам,–иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Дар Тоҷикистон нахустин бор гирифторгаштаи ин маризиро соли 1991 ошкор намуданд. Чун дигар давлатҳои дунё Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои хосса ҷиҳати мубориза ва пешгирӣ бар зидди ВНМО-ро тарҳрезӣ намуд ва то имрӯз дар асоси он дар самти ҳифз ва таъмини амнияти аҳолӣ аз сироятёбӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ба гуфтаи Дилшод Сайбурҳонов, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» дар ҷумҳурӣ то имрӯз 10 ҳазору 842 нафар сироятёфтаи ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумор 2 ҳазор нафар фавтидааст. Барои маризони ВНМО табобати махсус таъйин шудааст, ки 5 ҳазору 611 нафар мавриди назорати муолиҷаи ҳамвораанд. Мутаассифона, 845 кӯдаку наврасони то 18–сола низ дар қайди марказанд. Азбаски қонунҳои ҷории кишварамон маҷбуран ба муолиҷа фаро гирифтани онҳоеро, ки бо ин намуди вирус зиндагӣ мекунанд, манъ намудааст, танҳо бо роҳи анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисон беморонро ба табобат ҷалб менамоянд. Тибқи маълумоти дастрас 826 сироятёфта аз муолиҷа саркашӣ дорад.
- Дар ҷумҳурии мо ташхис ва муолиҷаи шахсони сироятёфта аз вируси норасоии масунияти одам ройгон бувад. Шурӯъ аз соли 2006 доруворӣ бар зидди ин вирус аз Хазинаи глобалӣ харид мешавад ва ба маризони мубталои ВНМО бепул тақсим мегардад. Беморон вобаста ба марҳилаҳо ба табобат фаро гирифта мешаванд. Масалан, дар як сол масрафи муолиҷаи маризи дар зинаи аввалбуда 160 $ ва дар зинаи дуюм 600–650 $ мебошад. Сари вақт истеъмол накардани ҳабҳои зидди ретровирусӣ ва идома додани нашъамандию арақнӯшӣ муқоваматнопазирии доруҳоро дар буняи бемор ба вуҷуд меорад ва зарурати муолиҷаи марҳилаи ниҳоӣ ба вуқӯъ меояд, ки дар ин ҳолат барои табобати он аз 1000$ зиёдтар хазинаро тақозо мекунад,–таъкид намуд ҳамсуҳбатам.
Равоншинос Ризвон Ҷӯраева мегӯяд, ки гирифторони бемории ВНМО дар баробари муолиҷа бо ҳабҳои зидди ретровирусӣ ба маслиҳати пизишкону равоншиносон бештар ниёз доранд. Чаро ки назари манфии мардум ба ин маризӣ ва тамғагузорӣ байни аҳолӣ аз нигоҳи равонӣ аксари онҳоро шикастарӯҳу озурдаҳол намудааст. Бо иллати доғгузорӣ ба ВНМО онҳоеро, ки аз сироятёбиашон огаҳ мешаванд, худро аз табобат канор мегиранд. Доғгузорӣ ва поймол шудани ҳуқуқҳояшон онҳоро афсурдаҳол менамояд, ки пайомадаш сироят ёфтани дигарон аз бемории онон аст. Зеро, мубталогаштагони ин маризӣ ҳамеша дар ҳолати равонӣ қарор доранд ва нафарони ба дастгирии равонӣ ниёзманд, зери суоли «Чаро ман бемор шудам?» зиндагӣ мекунанд.
- Аҳолӣ чӣ қадар зиёд маълумоти кофӣ дар бораи ВНМО дошта бошад, муолиҷа ҳамон қадар осонтару паҳншавии маризӣ коҳиш меёбад,–иброз медорад равоншинос.
Мутахассисон бар онанд, ки шахс аз вируси норасоии масунияти одам асосан ба воситаи хун ба хун, аз шири модар ба кӯдак (албатта, модари гирифтори ВНМО) ва алоқаи ҷинсӣ сироят меёбад. Паҳнкунандаи ин вирус гурӯҳи осебпазир, яъне нашъамандони тазриқӣ, кормандони шаҳвонӣ, мардони ҳамҷинсгаро ва муҳоҷирон мебошанд. Аз суҳбат бо бемори ВНМО, бӯсидан, сулфа кардан, неш задани ҳашарот шахс ба ин маризӣ сироят намеёбад.
- Бемори мубталои ВНМО парҳез аз ягон ғизо надорад. Танҳо худдорӣ аз алоқаи ҷинсии номатлуб, аз машрубот ва нашъамандӣ, ки ба инсони солим ҳам ин амалҳо раво нест, аз онҳо тақозо мешавад. Понздаҳ сол пеш гирифторони ВНМО рӯзе 7–8 то 30 намуд ҳабро ду бор менӯшиданд, феълан бо рушди бемайлони соҳаи тиб истеъмоли ҳаби зидди ретровирусӣ як ё ду бор муайян гардидааст. Табобати тӯлониву ҳамвораи зидди ретровирусӣ ба мубталоёни ин маризӣ умри дароз ва зиндагии хубро кафолат медиҳад,–иқрор меояд Тоҳир Шерхонов, мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии МД МҶ «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО».
Мегӯянд, ки ҷомеаи солимро модари солим ба вуҷуд меорад. Ба суоламон, ки оё аз зани сироятёфтаи ВНМО фарзанди солим ба дунё меояд, табиби акушер-гинеколог Саодат Ватанова чунин посух дорад:
- Бале, модари сироятёфта аз бемории ВНМО дар сурати таҳти назорати доимии пизишкон будан ва истифода аз доруҳои зидди ретровирусӣ имкони таваллуд намудани фарзанди солимро дорад. Зани сироятёфтаи ҳомила аз давраҳои аввали ҳомилагӣ ва баъди таваллуд мебоист аз истеъмоли ҳабҳои зидди ретровирусӣ даст накашад. Ҳатто бо муайян шудани миқдори ноаёни вирус зан имкони бо роҳи табиӣ таваллуд намудани тифлро дорад. Баъзан бо иллати аворисҳои акушерӣ, яъне, агар оби наздитифлӣ шаш соат пеш аз тавлиди кӯдак рафта бошад ё миқдори вирус дар буняи зан зиёд мушоҳида шавад, буриши қайсарӣ тавсия дода мешавад. Дар бисёр мавридҳо бо баланд будани вирус дар буняи зан ширмакониро иҷозат намедиҳанд. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тариқи ройгон модарони сироятёфта бо шири сунъӣ таъмин мешаванд. Навзодро ба хотири он ки мабодо ҳангоми таваллуд аз оби наздитифлӣ ё аз хун сироят наёфтанаш ва пешгирӣ аз ин вирус аз ташхис мегузаронанд ва баъди 48 соати таваллуд муолиҷаи зидди ретровирусиро дар тифл тавсия медиҳанд.
Ба таъкиди Саодат Ватанова, дар нуҳ моҳи соли гузашта 169 зани ҳомилаи гирифтори ВНМО дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 101 нафар ҳомилагии дуюму сеюмро пушти сар мекунад. Ба гуфтаи мавсуф, заноне, ки бо гурӯҳҳои осебпазир зиндагӣ мекунанд, бояд таҳти назорати табибон бошанд ва то давраи таваллуд аз ташхисҳои такрорӣ гузаранд.
- Хадамоти хун яке аз сохторҳои муҳими таркибии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, мақсади он таъмин намудани сифат, бехатарӣ ва дастрасии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он ба беморон мебошад. Мутаассифона, эҳтимолияти ба маризиҳои сироятӣ мубтало гаштан корафтодагонро аз истифодаи ин навъи ёрии тиббӣ боз медорад,–тазаккур медиҳад Азмиддин Қутбиддинов, муовини директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун».
Ба иқрори ӯ, воқеан ҳам, мувофиқи омори ҷаҳонӣ ба воситаи хун роҳҳои интиқолёбии вирусҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин лиҳоз, ба хотири бехатарии хуни донорӣ дар маркази мазкур хуни аз донорҳо ҷамъовардашуда якчанд зинаи таҳлилу ташхисро мегузарад.
Мутахассисони корозмудаву пуртаҷрибаи соҳа дар санҷишу таҳлили хун, бахусус, ҷиҳати ошкор намудани вирусҳои бемориҳои гепатитҳои С в? ?, а В, оташак, ВНМО ҷиддӣ кор мебаранд. Донорҳое, ки хун месупоранд, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузаранд ва баъдан дар феҳристи миллӣ таҳлил карда мешаванд, ки мабодо дар қайди марказҳои мубориза бо бемориҳои сил, наркологӣ ва ВНМО набошанд. Дар зинаи сеюм бо таври ташхисгузории таҳлилҳои иммуноферментӣ дар реагентҳои ҳассосиятиаш баланд дар якчанд зина ва минбаъд дар занҷираи полимеразӣ барои муайян намудан оинаи серонегативӣ (яъне, шахси сироятёфта давраи инкубатсиониро нагузарондааст, муайян менамояд), хуни донорон санҷида мешавад.
АНОҲИТО
P.S. Онҳоеро, ки хавфи гирифтор шудан ба ин беморӣ таҳдид мекунад, метавонанд ба телефонҳои 234–22–24, 234–33–43 занг зада, бо мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» дар тамос шаванд. Маслиҳат, ташхис ва табобат ройгон аст.