Ман бегуноҳам! Ин нидои қалби садҳо бонувону кӯдакон ва ашхосест, ки на бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва нашъамандӣ гирифтори вируси норасоии масунияти одам гаштаанд. Чаро ки сироят ёфтани маризии ВНМО-ро маъмулан мардум бо ҳамин воситаҳо медонанд ва назарашон ин аст, ки аслан нафарони тардоман ва нашъаманд мубталои ин маризӣ мегарданд. Коршиносон собит намуданд, ки ҳар нафар метавонад бо роҳҳои дигар низ гирифтори ВНМО шавад. Масалан, тариқи хунгузаронӣ ва амалҳое, ки бо хун алоқамандӣ дорад (эҳтимолияти гузаштан аз асбобҳои дандонпизишкӣ, акушерӣ…).
Пизишкон Фариштаро (ном иваз шудааст), ки пайи ҳам мубталои бемориҳои сироятӣ мешуд ва ахиран гирифтори маризии сили рӯда гардида буд, барои ташхиси хун фиристоданд. Ташхис муайян кард, ки ӯ гирифтори ВНМО будааст.
- Баъди шунидани ҷавоби ташхис аз дарёфти вирус дар организмам гӯё замину осмон дар назарам чарх зад. Чаро ки аз рӯи фаҳмиши онвақтаи ман мубталои ВНМО онҳое мешаванд, ки нашъманданд ё фоҳишаанд. Муддате дар ҳолати «шок» қарор гирифтам. Фақат ба худ суол мекардам, ки чаро ман бемор шудам? Барои чӣ? Гарчанде шавҳарам дар муҳоҷират асту моҳҳо мо ба дидори ҳам нарасидаем, вале хиёнатро боре ҳам барояш раво надидаам! Ин чароҳо хобро шабу рӯз аз чашмонам бурда буданд. Тарс аз шавҳари раҳдурам доштам, ки чӣ посухаш мегӯям. Ҳатто чандин маротиба қасди худкӯшӣ ҳам кардаам. Қасди ҷон аз он кардам, ки шармсор ва ангуштнамои мардум мешавам. Яъне, тамғагузории атрофиён зиндагиямро торик месозад. Аз ифшои роз ба атрофиёнам тарс доштам. Ягона шахсе, ки ба ӯ аз бемориам гуфтам, ин хоҳарам буд. Ӯ ҳам бо иллати надоштани маълумот аз ВНМО марҳаме бароям нашуд. Танҳо гиря мекарду халос ва ҳатто бо ҳама дилсӯзиҳояш кӯшиш мекард, то аз ман дуртар бошад. Баъдан шавҳарамро низ огаҳ сохтам, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Бо тавсияи пизишкон аз шавҳараш хоҳиши тезтар ба Ватан баргаштанашро намуд, то аз ташхис ҳар чӣ зуд гузарад. Вале Диловар (ном иваз шудааст) гуфтаҳои Фариштаро рад менамуду ӯро ба сабукпоӣ муттаҳам сохт. Дӯғу пӯписаҳои шавҳар ӯро якбора аз по афтонд. Хабари бистарӣ шудани Фаришта Диловарро ба зодгоҳаш овард. Фаришта мегӯяд, ки баъдтар пеш аз издивоҷашон гирифтори ВНМО буданашро шавҳараш иқрор мешавад. Маълум шуд, ки Диловарро рафиқонаш пас аз марги модараш, барои раҳоӣ аз ҳолати ошуфтаҳолӣ бо сӯзандору сироят кардаанд.
- Шавҳарамро дӯстони наздикаш, ки онҳо нашъманди тазриқӣ буда, риштаи хешу таборӣ доранд, сироят кардаанд. Хоҳиш мекардам, ки аз рӯи нишондоди духтурон табобатро риоя кунад, вале эътимод ба гуфтаҳои табибон надошт. Ташхисро, ки аллакай чандин маротиба мавҷуд будани вирусро дар хунаш муайян сохтааст, нодуруст мепиндошт ва доруҳояшро истеъмол намекард. Аз он ки ВНМО дар аввал нишонаҳои ба худ хос надорад, ӯ ҳам худро маризи эҳсос намекард. Аммо чанде пас ба бемории сил гирифтор шуду ба истеъмоли сарбории ҳабҳои муқобили маризии сил тоб наоварда, аз олам гузашт. Хонаводаи шавҳар, ки то ин дам косаю пиёлаи маро дар лаби дастархон роҳ намедоданд, «касофатам» номиданду аз дар ронданд. Ҳол он ки ВНМО тариқи ҳамнишинӣ, бо даст салом кардан ва дар як косаю табақ таом хӯрдан намегузарад. Сари ин мавзӯъ даҳҳо бор духтурону мушовирони соҳаи тиб бо аҳли хонадон суҳбат ҳам намуда бошанд ҳам, вале онҳо маро қабул надоштанд. Ғам болои ғам ба сарам омад, - бо ашки шашқатор, мегӯяд ӯ.
Фариштаро дар ҳоле ба бемористон оварданд, ки ба қавле «ҷасадаш болои даст» буд. Аз он ки маризиҳои зиёдро гузаронидаву бо марги шавҳар шикастабахт гашт, аз ғуссаи зиёд мадор дар танаш намонд. Модараш муттакояш шуд.
- Табибон аз модарам хоҳиш мекарданд, то ҳамеша, бе танаффус ҳабҳои таъйиннамудаашонро хӯрам ва таҳти назорати доимии эшон бошам. Дар бораи он ки ВНМО-ро барои инсон нуқтаи охири зиндагӣ мешуморем, рад карда, маслиҳат доданд, то атрофиёнро огаҳ созем, ки гирифторони ин маризиро бо василаи табобати зидди ретровирусӣ ба зиндагии оянда умедвор кардан мумкин аст. Соли ҳафтум аст, ки аз доруҳои тавсиянамудаи табибон истеъмол менамоям. Шукр, саломатиам хуб аст. Маълумоти пурра доштан дар бораи беморӣ муносибати наздиконамро ба ман тағйир додааст, ҳоло онҳо бо ман қадринанд, - иброз дошт Фаришта.
Мегӯяд, ки дигар худро бечораву ноилоҷ эҳсос намекунад. Тавсияҳои табибонро сархати зиндагиаш қарор додааст. Фаришта ҳамчунин машварат бо пизишкони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО» барои ҳар нафар, новобаста аз бемор будун ё не, зарур мешуморад. Хонандаи азиз, ба телефонҳои 234-22-24, 234-33-43 занг зада, маълумоти лозимаро дар хусуси ВМНО ба даст оред. Саломатии Шумо орзуи ҳамешагии мо аҳли қалам аст.
Қутбияи Неъматулло