Таҷрибаи кории бистуҳаштсола ба Гулмоҳ Ҷумъаева имкон дод, ки аз момодояи одӣ то ба дараҷаи якум бирасад. Ҳини муроҷиати ниёзманде, ҳамаи ташвишҳои зиндагиашро як сӯ монда, ба ёрӣ мешитобад. Ӯ доимо дар хизмати халқ аст ва ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ кас ҳаққи хизмат талаб накардааст. Гулмоҳи меҳрубонро ҳирси пулу молу чиз нест. Мехоҳад беморон аз дасти ӯ шифо ёбанду зиндагиашон фақат бо хурсандӣ бигзарад. Хизматҳои софдилонаи ӯ борҳо аз ҷониби раёсати беморхонаҳои шаҳрак ва шаҳри Гулистон қадр шудаанд.
Садоқат
Гулмоҳ шаҳраки Зарнисорро, ки пештар Олтинтопкан ном дошт, дӯст медорад. Беҳтарин лаҳзаҳои умраш дар ин макони зебоманзари кӯҳканон гузаштаанд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва рукуди корхонаҳои саноати кӯҳӣ шаҳрак рӯ ба харобӣ овард. Мутахассисони зиёде рафтанд, аммо ӯ хаёли кӯчбандиро дар сар надошт. Дилаш гувоҳӣ медод, ки рӯзе мерасаду Тоҷикистони дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дармонда, рӯ ба ободӣ мениҳад ва шаҳрак эҳё мешавад. Бо ин умед аз каму норасоиҳои рӯзгори нобасомон шиква накарда, заҳмат мекашид, тифлакони даврони истиқлолро бо меҳру муҳаббат истиқбол мегирифт. Хушбахтона, даҳсолаи охир туфайли фаъол шудани Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой симои шаҳрак ба таври куллӣ тағйир ёфт. Зиндагии мардум рӯ ба беҳӣ ниҳод…
Хушдоман устоди келин
Гулмоҳ Ҷумъаева ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар рушди касби худ модаршӯяшро устоди аввалини хеш меҳисобад. Хушдомани Гулмоҳ низ то охири ҳаёт дар беморхонаи шаҳрак ба ҳайси момодоя кору пайкор дошт. Богданова Нина Фёдоровна аслан зодаи Самарқанд, падараш лаҳистонию модараш рус буданд. Бо амри тақдир баъди хатми омӯзишгоҳи тиббии Самарқанд ба шаҳраки Зарнисор ба кор меояд ва бо ҷавонмарди тоҷик Валимуҳаммад Муъминови ронанда хонадор мешавад.
- Басо ғамхору меҳрубон буданд, хусуру хушдомани раҳматиям. Ман аз хушдоманам, ки дар таваллудхона ҳамкор будем, асрори касб омӯхтам. Ӯ дар касби худ доно ва тавоно буд, хеле мулоим ҳарф мезад. Камбудие сар занад, маро дар танҳоӣ насиҳат медод. Дар тарбияи се шоҳписарам ҳам нақши муассир дошт. Алҳол ману шавҳарам хушбахтем, ки писари калониамон Фарҳод баъди хатми донишгоҳ ҳамроҳи падараш дар ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой ҳамчун таркишгар заҳмат ба бор дорад. Шаҳром донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Муҳаммадвоҳид дар синфи нуҳум бо баҳои аъло мехонад.
Дар чандин чорабиниҳои фарҳангию фароғатии шаҳраки Зарнисор ба ҳайси шоиру рӯзноманигор иштирок варзидаам. Гулмоҳро мебинам, ки яке аз бонувони фаъоли ин маҳфилҳост. Шеъру суруду рақсро меписандад. Ба аҳли ҳунар ихлоси хосса дорад ва дар як суҳбат ҳам гуфта буд, ки дар наврасӣ орзу дошт, ки санъаткор шавад, аммо волидонаш розӣ нашуданд ва тавсия доданд, ки беҳтар аст, табиб шавад. Аз тавсияи волидон рӯ нагардонд ва хушбахт аст, ки маҳз ин касб ӯро ҳам соҳиби нон кардаасту ҳам соҳиби ном…
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Гулистон