Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навовариҳо ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самти риштаи тандурустии кишвар садҳо тан мутахассисони соҳибтаҷриба тарбия ва ба воя расидаанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба меҳану миллат анҷом медиҳанд.
Шоҳназарова Матлуба Шакаршоевна аз чеҳраҳои шинохтаи тибби вилояти Хатлон аст, ки 32 соли фаъолияташ дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба даврони рукуду эҳёи дубора ва марҳилаи навини бунёдгузориҳои сохтори тандурустии минтақа рост меояд. Ӯ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омада, баъди хатми МТМУ №4 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил мешавад. Соли 1986, вақте донишгоҳро бо ихтисоси духтури кӯдакона хатм кард, ӯро бо роҳхати Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фиристоданд.
- Фаъолияти касбиро ба ҳайси духтури кӯдакона дар беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов оғоз бахшидам. Афсонаву орзуҳои хаёлӣ ба воқеият табдил ёфтанду хилъати сафед ба бар беморонро муоина мекардам. Он шуълаи меҳру муҳаббат ба зиндагӣ ва ҳаяҷону эҳсосоти наҷибе, ки аз рӯзҳои аввали амалӣ шудани орзуҳои кӯдакӣ маро фаро гирифта буд, то кунун дар қалбам маъво гирифта, - мегӯяд М. Шоназарова.
Ӯ дар ин шаҳр дар баробари бонгу ном дар арсаи ҳифзи сиҳатии мардум бахти худро ёфту соҳиби хонаву фарзандони зебову дӯстрӯяк гардид. Дар соли замони рӯи кор омадани барномаҳои ҷадиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти солимии кӯдакон донишу таҷрибаи пешқадами Матлуба Шоҳназароваро ба инобат гирифта, ӯро барои идомаи фаъолияти касбӣ ба маркази саломатии кӯдаконаи маркази вилояти Хатлон фиристоданд. Бо мурури тақдир муддате ба симати духтури минтақавӣ, сипас ба ҳайси мудири шуъба ва баъдан муовини сардухтури беморхонаи шаҳрӣ фаъолият дошт.
Авҷи фаъолияту пешрафтҳои касбии Матлуба ба солу замоне рост омад, ки дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар кишвар барномаи омодасозии мутахассисони тибби оилавӣ рӯи кор омад. Аз сӯи дигар, он солҳо дар партави сиёсати гендерии давлат бобати ба вазифаҳои баланди роҳбарӣ пешбарӣ намудани кадрҳои арзандае ба мисли Матлуба Шоҳназарова таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардид. Ин буд, ки соли 2004 номзадии Матлуба Шоҳназарова ба вазифаи директори маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон пазируфта шуд.
- Дар ин муассиса зиёда аз 1585 духтур дар бахши тибби оилавӣ омода карда шуд, ки имрӯз тавассути марказу амбулаторияҳои тибби оилавӣ ба мардум хизмат расонда истодаанд. Таваҷҷуҳи қишри аъзами сокинони вилоят ба хизматрасонии тибби оилавӣ бозгӯи он аст, ки дар ояндаи наздик кулли шаҳрвандон қасди ҳифзи тандурустии худ ба ин шакли хизматрасонии тиббӣ рӯ меоранд, - аз фаъолияти хеш дар ин ҷода қисса дошт М. Шоҳназарова.
Ӯ, ки аз соли 2009 вазифаи муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлонро ба зимма дорад, Истиқлолияти давлатиро неъмати бебаҳои халқ ва асоси пешрафту тараққиёти хоҷагии халқ, бахусус дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат мешуморад.
- Бо таъсиси гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷҳои тиббӣ дар 22 шаҳру навоҳӣ як мушкилии умдаи замони шӯравӣ - норасоии ҳамшираҳои шафқат ва дигар ихтисосмандони миёнаи тиб дар вилояти Хатлон ҳалли худро пайдо кард. Яке аз рӯйдодҳои муҳиму хотирмони даврони соҳибистиқлолии кишвар ифтитоҳи Донишкадаи давлатии тиббии Данғара мебошад, ки дар ҳалли мушкилоти соҳаи тиб нақши ҳалкунанда мебозад, - иқрор омад дар ҷараёни суҳбат Матлуба Шоҳназарова.
Дастоварди касбии табибони вилояти Хатлон дар ин давра амалиёти пайвандсозии гурда дар беморхонаи ноҳияи Данғара ва гузарондани мушкилтарин ҷарроҳиҳо дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов арзёбӣ мегардад. Айни замон, дар муассисаҳои тандурустии вилоят 24 нафар номзади илм ва 3 нафар доктори илми тиб фаъолият доранд.
Тибқи омор солҳои пеш ба як духтури минтақавӣ 700–750 нафар вобаста гардида буд. Ҳоло ба як духтури тибби оилавӣ 1300–1500 сокин вобаст буда, ҳамзамон ба ин теъдод аҳолӣ ду ҳамшира ва як духтури сатҳи олӣ рост меояд.
Тавре мусоҳиби мо иқрор шуд, нисбат ба даврони шӯравӣ ҳаҷми кору дӯшбори табибон осонтар гардидааст, чаро ки дар он солу замонҳо дар баробари камшумории мутахассисон теъдоди муассисаҳои тандурустӣ дар музофоти кишвар ҳам камтар буд.
– Солҳое, ки ба ҳайси духтури минтақавии маркази саломатии кӯдакон фаъолият доштам, рӯзе то 20–25 хонаро мегаштем. Рушди имрӯзаи соҳаи тиб аз файзу баракати Истиқлолияти давлатист, ки бо истифода аз воситаҳои пешрафтаи соҳа фаъолияти пайравони пешаи Сино даҳчанд осон шудааст. Фароҳам гардидани шароити мусоид ва таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоту воситаҳои тибби муосир аст, ки дар қиёс ба солҳои пеш сатҳи бемориҳои домана, зардпарвин, табларза ва дигар касалиҳои сироятӣ коҳиш ёфта, дар самти ташхису табобати беморони сил ба пешравиҳои зиёд ноил шуда истодаем, - иброз медорад Матлуба Шоҳназарова.
- Ба ин ҳад таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлат нисбат ба масъалаи солимии модару кӯдакро тоҷикистониён дар ягон давру замон ёд надоранд. Як мисоли барҷастаи он бунёди марказҳои солимии репродуктивӣ дар тамоми 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аст, ки вазифаи асосии онҳо расондани ёрии амалии усулӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон аст. Аз ин лиҳоз, Истиқлолият на танҳо мояи озодию шароитҳои роҳати иҷтимоӣ, балки оғози иқдомҳои ҷадиди Сарвари давлат баҳри бунёди ҷомеаи солим буд, ки сатҳу сифати имрӯзи хизматгузории тиббӣ аз пайомадҳои неки назаррасаш шинохта мешавад. Зеро, соҳибистиқлолӣ, яъне, аз решаи аслии хеш баҳраманд будану нумӯ ёфтани ҳар миллату давлат аст ва ба масал: «То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст», - бо ифтихормандӣ иброз медорад Матлуба Шоҳназарова.
Ҷ. Усмон,
вилояти Хатлон