-Бар асари ин беморӣ ҳарорати бадан баланд шуда, дарди сар ва заифӣ инсонро фаро мегирад. Инчунин, ҳисси хушкшавии қисми болоии узвҳои нафаскашӣ ва сӯзиши он, атсазанӣ ва сулфаи хушк беморро ором намегузорад. Беморӣ то ду ҳафта метавонад тӯл кашад, - мегӯяд Ш.Сабурова
Аксарият зукомро шамолхӯрии оддӣ пиндошта, ба он чандон эътибор намедиҳанд. Ш.Сабурова қайд мекунад, ки беморон набояд бе тавсияи духтур аз дорухона дору дастрас намоянд ва худсарона ба табобат пардозанд.
- Шахси мубталои беморӣ бояд аз меваю сабзавот зиёд истеъмол намояд, чунки дар таркиби онҳо витамини «С» зиёд аст, ки он дар мубориза бо вируси зуком таъсирбахш арзёбӣ мешавад. Барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани бемор вай бояд аз меъёри муқаррарӣ бештар об нӯшад, то шиддати беморӣ паст гардад, - мегӯяд табиб.
Мутахассисон барои нафароне, ки дар шароити хона зукомро табобат кардан мехоҳанд, чунин маслиҳатҳо медиҳанд: нӯшидани чой аз асал, лимӯ, мураббои марминҷон ё қулфинай масъунияти баданро қавӣ намуда, барои ба зудӣ бартараф кардани зуком мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, дар табақчаҳо пиёз ё сирпиёзро бурида, ба ҳар гӯшаи хона гузоштан манфиатбахш аст. Тозаву озода нигоҳ доштани хона ва хусусан бо латтаи намнок фаршро зуд-зуд шустану чангу ғуборро зудудан бар манфиат аст.
- Сабаби асосии гирифтор шудан ба беморӣ заиф будани масъунияти арзёбӣ мегардад. Махсусан дар ин давра кӯдакону пиронсолон бештар осебпазиранд. Барои гирифтор нашудан ба ин беморӣ бояд неруи муҳофизатии бадан қавӣ бошад. Дар ин давра бештар бояд аз маҷмуи витаминҳову ғизоҳои лозимӣ истифода намуд. Дар мавсими зуком барои пешгирӣ истифода аз ниқоби муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан дар нақлиёту ҷойҳои серодам бамаврид мебошад, - таъкид медорад Ш.Сабурова.
Фарзона Восеева