Духтури бемориҳои чашм Меҳрангез Нӯъмонова иқрор меояд, ки беш аз 30 сол пизишк аст ва дар муқоиса ба солҳои пеш нафарони зиёде аз бемориҳои чашм шикоят доранд, бахусус наздикбинии чашм. Мавсуф мегӯяд, ки алоқамандии зиёд бо технологияи муосир ба чашми инсон сарборӣ овардааст. Яъне, саргарми истифодабарии ҳамарӯзаи компютеру телефони мобилӣ, телевизиору планшет шудан одамонро аз ҳаракат боз доштааст. Бахусус, наврасону хурдсолон, ки аз беэҳтиётии волидон аз ҳад зиёд назди монитори телевизору компютер соатҳои дароз менишинанд, гирифтори бемории наздикбинии чашм мебошанд. Ҳамчунин, хурӯҷи бемориҳои дигар дар инсон аз қабили маризиҳои диабети қанд, фишорбаландӣ ва рагҳои хунгард, ки аслан солҳои охир миёни одамони калонсол хеле афзудааст, боиси камнурии чашм шуда метавонад.
Омили дигари бемории наздикбиниро дар чашм мавсуф иртибот ба ирсият медиҳад. Яъне, наздикбинии чашм ҳам ирсӣ буда метавонад. Аз ин хотир, волидоне, ки дорои бемории наздикбинии чашм ҳастанд ё нафаре дар авлодашон мубталои ин маризианд, ҳатман мебоист фарзандонашон таҳти назорати мутахассисон ва духтурони бемориҳои чашм бошанд. Чаро ки эҳтимолияти гирифторшавии ин тоифа одамон ба бемории наздикбинии чашм бештар аст ва ҳар як чиз боиси авҷи касал буда метавонад. Масалан, зарбаи сахт хӯрдани сар, паст шудани масъунияти бадан, нарасидани витаминҳо дар буния, зуд-зуд гирифтори бемории зуком гаштан ва ғайра.
Шоҳинро соле пештар падараш барои омӯхтани усулҳои каратэ ба назди мураббии варзиш бурд. Мураббӣ хоҳиш кард, то ҳуҷҷати ташхиси пизишконро барои машғули варзиш шудан омода созад, то ин ки писараш тамринро дар бахши каратэ идома диҳад. Духтури чашм аз бемории наздикбинии чашм будани Шоҳин волидонашро дарак дод.
- То ҷое огаҳам дар авлоди мо нафаре бемории наздикбинии чашм надорад, вале дар хешони дури падарии фарзандам чанд нафаре ҳастанд, ки айнакӣ мебошанд. Пизишк ҳам ҳамин нуктаро гуфт, ки сабаби гирифторшавии писарам ба бемории наздикбинии чашм ирсӣ будааст, аммо гуфта наметавонам, чӣ боиси авҷи бемории писарам шудаст, - иқрор меояд модари Шоҳин.
Бо тавсияи пизишки бемориҳои чашм волидони Шоҳин тасмим гирифтанд, то писарашон тамринро дар бахшҳои сабуки варзиш, аз қабили гимнастика, оббозӣ ва баскетболу тенниси рӯи миз давом диҳад. Чаро ки дигар намудҳои варзиш ба саломатиаш хатарнок буда, аз машқҳои вазнин афзудани дараҷаи баланд дар бемории наздикбинии чашм аз эҳтимол дур буда наметавонад.
Меҳрангез Нӯъмонова дар давраҳои аввали гирифторшавӣ ба ин намуди бемории чашмро табобатшаванда мегӯяд:
- Аксаран волидон бо дархост намудани варақаи тиббӣ аз ҷониби роҳбарияти боғчаю дабистон ё ягон муассисаи дигар бе тавсияи духтурон ба қавле барои сарфаи вақти худ аз дармонгоҳҳо ҳуҷҷати тиббии тасдиқкунандаи тайёрро мегиранд. Аниқтараш мехаранд. Вале зодмандон мебоист нисбат ба солимии фарзандашон вақтро дареғ надоранду аз назари духтурон кӯдаконро гузаронанд. Бемориҳое низ мавҷуданд, ки на ҳар вақт ба чашм аён мебошанд. Масалан, маризии наздикбинии чашм. Вақте кӯдак аз хурдӣ оламро хира мебинад ва ба он одат мекунад, то он даврае, ки дараҷаи беморӣ боло наравад бемор буданашро намефаҳмад. Ё ин ки тарсу ваҳм ва зарб хӯрдан якбора боиси пайдо шудани ин намуди беморӣ мешавад, ки бо дер муроҷиат намудан ба пизишкон аллакай табобати касал номумкин мешавад ва зарурати пӯшидани айнак меояд, ки на ба ҳар кас писанду қулай аст.
Посухи мутахассис ба суоли кадом маҳсулот барои биноии чашм бештар зараровар ё фоидабахш аст, чунин буд:
- Таомҳои тезу тунд, шӯр, обҳои газнок, машруботи спиртӣ ва истеъмоли аз ҳад зиёди қаҳва ба чашм зиёноваранд. Барои чашм беҳтарин ғизо мева ва сабзавотест, ки ранги норинҷӣ дорад, аз қабили сабзӣ, афлесун ва ғайра. Истеъмоли зиёди намудҳои моҳии серравған, творог ва ҷигар низ чашмро қувват мебахшад. Баъдан, дар як рӯз 2-3 маротиба чашмҳоро машқ додан ҳатмист, бахусус баъди кор бо компютер, планшет ва тамошои телевизор.
Қутбияи Неъматулло