Аксарияти ҷиноятҳое, ки имрӯзҳо дар кишвар содир мешаванд, дар ҳолати сархушӣ рух додаанд. Шаҳри Кӯлоб низ аз ин рӯйхат истисно нест. Тибқи омор ҷавонони зиёде низ ба ин иллат фавтидаанд, зеро қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон интиқол ёфта, шаҳри Кӯлобро убур месозад, ки фурӯши ғайриқонунии он дар ин шаҳр низ ба роҳ монда мешавад. Бино ба иттилои сармутахассиси Маркази вилоятии бемориҳои наркологии шаҳри Кӯлоб Сайлонбӣ Тағоева, дар натиҷаи гузаронидани корҳои тарғиботӣ сафи гирифторони ин беморӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Аз ибтидо теъдоди беморон 750 нафарро ташкил медод ва аз соли 2014 инҷониб шумораи умумии нашъамандон 381 нафар мебошад.
- Дар шаҳри Кӯлоб соли 2012 табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ҷорӣ гардид, ки ин боиси шифоёбии беморон гардида, теъдоди нашъмандон низ коҳиш ёфт. Айни ҳол, 283 нафар бемор дар ин дармонгоҳ ба қайд гирифта шудаанд, ки 112-тои онҳо шифо ёфтаанд,-иброз дошт номбурда.
Дар ин Марказ дар баробари мардон занҳои гирифтори нашъамандӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Аз соли 2013 то ҳол занҳое, ки дар ин марказ табобат мегиранд, ҳамагӣ 10 нафарро ташкил медиҳанд. То кунун як нафар зан ба ҳалокат расида, 1 зани дигар ба қайд гирифта шуд. Занҳое, ки ҷойи зисти доимии худро иваз намудаанд, дар ҷойи дигар табобатро идома додаанд. Синни занҳои гирифтори ин беморӣ аз 26 то 49 соларо дар бар мегирад,- мегӯяд сармутахассиси марказ.
Табобат ба пуррагӣ ройгон буда, ба беморони мӯътоди маводи мухаддир доруҳо низ ба таври ройгон дастрас мегарданд. Дар ин самт ҳашираҳои тиб ва табибони оилавӣ дар шаҳру навоҳии атроф оид ба роҳҳои пешгирии нашъамандӣ миёни аҳолӣ ташвиқоту тарғиботи зиёд низ мегузаронанд.
- Қисми зиёди занон аз аломатҳои зоҳирии нашъамандӣ огаҳӣ надоранд, аз қабили дарунравӣ, пӯсиши дандонҳо, сурхшавии чашмон, паридани ранги рӯй ва рехтани мӯйи сар, ки нишонаҳои асосии ин бемориянд. Дар натиҷаи маълумот пайдо кардан баъзе занон фарзандони бемори худро ба марказ оварда, дар қайд гузоштанд, - гуфт С.Тағоева.
Боиси тазаккур аст, ки табобати нашъамандӣ марҳила ба марҳила анҷом дода шуда, давомнокии он аз 7 то 21 рӯзро дар бар мегирад.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ