Ифтитоҳи беморхонаи марказии Нуробод соли 2009-ум зимни сафари кории Президенти кишвар ба ноҳия рост омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нав сифати баланди корҳои сохтмониро зикр намуданд. Пешвои миллат техникаву таҷҳизоти хуби замонавиро низ, ки ба ин беморхона ба тозагӣ ворид шуда буданд, аз назар гузаронда, баҳри бо шароити боз ҳам беҳтару мутахассисони сатҳи баланд таъмин кардани он ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Тавре сардухтури беморхона Усмон Қувватов иброз намуд, ҳоло дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 31 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд. Барои ҳифзи саломатии 76 ҳазору 661 нафар аҳолӣ 360 корманди соҳаи тиб камар бастааст. Аз ин шумора 47 нафар табиб тахассуси олӣ дорад, ки аз он 11 нафар занонанд.
Дар шуъбаи ҷарроҳӣ 5 нафар духтури соҳибпеша кор мекунад. Ин пизишкони ҷавону ҳозиқ амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ, аз қабили ҷарроҳии чурра, санги талха, илтиҳоби кирмрӯда, ворикосел, қайсарӣ, эхинакоки ҷигар, тонзиллотомия, полипотамия ва ғайраро мегузаронанд.
МАРКАЗИ РЕПРОДУКТИВӢ
Шаҳристон Шокирова аз соли 2010 ба ҳайси директори маркази солимии репродуктивии ноҳияи Нуробод кор мекунад. Ӯ дар Нуробод аввалин духтарест, ки тибқи Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст.
- Солҳои пеш духтарони кӯҳистонро хонданӣ намемонданд. Ҳозир бошад волидайн барои ба хондан рафтани духтарҳо бо ҳам рақобат мекунанд. Барои ба даст овардани як квота 10 духтар довталаб аст. Солҳои қабл дар ноҳия пизишкбонувон ва бахусус табибони бемориҳои занона як ё ду нафар буданд. Ин мушкилии аввалиндараҷаи соҳа ва занони ноҳия ба шумор мерафт. Бонувони мо барои одитарин муоинаву муолиҷа ба ноҳияи Рашт ё шаҳри Душанбе мерафтанд. Ҳатто дар мавридҳои зарурӣ барои гирифтани кӯдак аз батни модар дар амали қайсарӣ дасткӯтоҳ будем, ҳоло вазъият тағйир ёфтааст, - мегӯяд Ш. Шокирова.
Имрӯз дар беморхонаи ноҳия ҳашт духтури бемориҳои занонаи дорои таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад. Норасоии мутахассисони соҳа бошад, сол аз сол аз ҳисоби квотачиёну хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бартараф мегардад.
НАЗОРАТ ВА БАЙАЙДГИРӣ
- Назорат ва бақайдгирии занони қобили таваллуд, махсусан занони ҳомила низ нишондоди хуб дорад. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 977 зани ҳомила ба қайд гирифта шудааст. Назорати пешгирии ҳамли номатлуб, риояи фосилаи байни таваллуд, танзими оила ва банақшагирии он низ дар доираи фаъолияти ҳаррӯзаи марказ қарор доранд. Аз тарафи кормандони марказ баҳри ҳифзи саломатии модару кӯдак аз лаҳзаи обистан то замони таваллуд ҳама тадбирҷӯиҳо сомон дода мешаванд. Ҷойе кор ҳаст, он бе мушкилӣ низ намешавад. Норасоии мутахассисон ва дурии баъзе деҳаҳо, ки дар фосилаи дусад километр аз маркази ноҳия воқеъ мебошанд, боиси аз муоина ва назорати табибон дур мондани занони ҳомила мегардад, ки оқибатҳояш вазнинанд, - иқрор меояд Шаҳристон.
ОРЗУИ АМАЛИШУДА
Зарина Шафоатова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва интернатура соли 2002 ба зодгоҳаш ноҳияи Нуробод баргашту инак 16 сол боз мудири таваллудгоҳ аст.
- Аз хурдсолӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарваридам. Мушкил аст, аз як тараф кор бо беморон, аз сӯи дигар нигаҳдории хонаву оила ва ҳамсару фарзандон. Вале, ман, ки касбамро бениҳоят дӯст медорам ва ҳам ёрии ҳамвораи шавҳарамро эҳсос мекунам, корам пешрав аст. Шабу нимшаб аз кор ба хона ва ё баръакс аз хона ба кор рафтан пеш меояд. Баъзан ду шабонарӯз дар беморхона ё назди маризе дар минтақаҳои дурдаст дар гармову сармо мемонам. Дар тарбияи чор фарзанд шавҳарам ҳамеша паҳлуи ман ҳастанд, ки ҷиҳати дастгириҳояшон аз эшон миннатдорам, - қисса мекунад бону Зарина.
ПИЗИШКИ МАҲАЛЛӢ
Замоне ки Зарина корро оғоз намуд, дар ноҳия ғайри ӯ момопизишки дигаре набуд. Кораш душвории зиёд дошту хавфи фавти модару кӯдак ҳамеша пайгир.
- То соли 2001 момопизишконро аз пойтахт тибқи қарордод даъват менамудем. Дар шароити сангини кӯҳистон пизишкони шаҳрӣ ду-се моҳ тоқат мекарданду бармегаштанд. Аксар вақт таваллуд вазнин мегузашт. Бахусус барои модарони ҷавон. На мошин буду на роҳ, на техникаҳои нигоҳдории ҷодаҳо. Тавассути занбар аз роҳи дур маризонро ба бемористон меоварданд. Бо сабаби дер кардан, беморон баъзан мефавтиданд, - мегӯяд бо таассуф З. Шафоатова.
P.S.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 933 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор 511 зоиш дар беморхона, 334 таваллуд бо ёрии тиббӣ ва 88 зоиш дар хона сурат гирифтааст. Чор соли охир дар ноҳия фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст, ки ин нишондодро метавон ба сифати баланди хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия рабт дод.
Далери Сафар,
ноҳияи Нуробод