Гоҳе, ки назарам ба маҷмаи тандурустии «Истиқлол» меафтид, ба ҳашамату бузургӣ ва тарҳи меъмории бо завқу салиқаи хос таҳиягардидаи он диққат медодаму ба даҳҳо суоли худ посух меҷустам.
Меболидам, ки пойтахти азиз дорандаи маҷмаи бузурги тандурустӣ гашта, дар радифи кишварҳои пешқадами дунё гом мениҳад. Зиёд мехостам, ки дохили ин маҷмаа гардаму бо чашми сар аз шукӯҳу азамат ва навгониҳои он дидан бикунам. Чунин фурсат ҳам расид. Ғайр аз даромадгоҳи асосии маҷмаа, ки ба шоҳроҳ мепайвандад, воридгоҳи дувум аз роҳи мошингарди соҳили рӯдхонаи Душанбе воқеъ мебошад, ки далолат аз масоҳати азими он менамояд – ин иншооти бузург дар майдони 105 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Аз гузаргоҳи соҳилӣ то ба бинои маъмурият зиёд роҳ паймудам, вале бо тамошои қисмҳои гуногуни биноҳои хурду азим, шурӯъ аз шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ» то ба қисмати пеши иморат, ки ташхисгоҳ он ҷо воқеъ аст, дурии масофа аз эътибор соқит монд. Дар муқобили маҷмаа таваққуф ва наззораҳо кардам. Аҷаб зебову хушнамо бо дарназардошти унсурҳои шарқиёна ороиш ёфтаасту заҳмати офарандагон, ки сохтмони ин иморатро бо сифати баланд ба иҷро расондаанд, зуд ба чашм мехӯрад. Маҷмаи тандурустии «Истиқлол» аз 38 бинои аз 1 то 9 ошёна иборат буда, дохили иморатҳо низ замонавиву зебо зиннат ёфта, ҳар як ҳуҷраву толору роҳрав бо технологияи ҷадид – сохтори воҳиди таъмини гармию сардӣ пайваст аст, ки маркази он дар бинои берунӣ ҷойгир асту аз он ҷо ҳарорати дохили биноҳо ба танзим дароварда мешавад.
Бино ба иттилои Муқимҷон Фатҳуллоев – мудири шуъбаи умумии Муассисаи давлатии Маҷмаи тандурустии «Истиқлол» ин нахустин ниҳоди бисёрсоҳаи тиббии кишвар аст, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар дармонгоҳи он тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати беморон аз тариқи компютер ба таркиби воҳид ворид карда мешавад. Ин маҷмаа дорои ташхисгоҳ, шуъбаи таваллуд, бемориҳои дарунии кӯдакона, маризии бистарии калонсолон, дармонгоҳ, ҷарроҳии кӯдакона, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии бо интернети баландсуръат пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад. Дар ин маҷмаа танҳо 650 кат барои беморони бистарӣ пешбинӣ шудааст. Суоле ба миён меояд, ки чаро дар масоҳати хеле зиёд миқдори катҳо барои беморон хеле кам аст? Дар ин бора М.Фатҳуллоев чунин гуфт:
- Мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳар як бемор масоҳати зиёд пешбинӣ шудааст. Масалан, барои ду зани таваллудкарда зиёда аз 40 метри мураббаъ масоҳат ҷудо мегардад, ба мисли бемористонҳои Аврупову Амрико.
Маҷмаа бо 612 дастгоҳи навини соҳаи тандурустӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки аз технологияҳои нодири аср маҳсуб ёфта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бесобиқа ба шумор меравад. Ин дастгоҳҳо якбора чанд амалро иҷро мекунанд. Ба гунаи мисол, дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳое насб шудаанд, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳанд. Заррабини муосир сифати баланди оптикиро доро буда, маводи ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то 2500 маротиба бузург нишон медиҳад. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ дастгоҳи махсус ҳангоми ҷарроҳӣ беморро аксбардорӣ карда, ҳамзамон табобатро низ ба анҷом мерасонад. Шахси осебдида тавассути ин дастгоҳ аз ташхиси рентгенӣ мегузарад ва ҳоҷат ба дигар ҳуҷра интиқол додани ӯ намемонад. Дар шуъбаи бемориҳои гӯшу гулу ва бинӣ дастгоҳи он якбора беморро ташхис, беҳис ва табобат менамояд. Ин дастгоҳҳо истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, ИМА, Ҷопон, Олмон, Финляндия ва Чехия мебошанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамчунин, дар маҷмаа дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ мавҷуданд, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони навзоди вазнашон то 500 грамм ва интиқоли ин гуна тифлон ба макони дигар ва амсоли инҳо зиёд вомехӯранд. Дар бинои ташхисгоҳ шуъбаи махсусгардондашудаи тибби суннатӣ амал менамояд, ки дар ҷумҳурӣ ягона буда, хизматрасонии он бобати анҷом додани маросими маъмулӣ, аз қабили амалиёти хатнаи писарчаҳо ва сӯрох намудани гӯши духтаракон васеъ ба роҳ монда мешавад.
Бо фаро расидани фасли гармо ва зиёд шудани арзу дархостҳои мардум шумораи автомашинаҳои ёрии таъҷилии тиббиро маъмурияти маҷмаа то ба 15 адад расондааст, ки дар он се дастаи ёрии наҷотбахшӣ фаъолият менамояд ва ҳамзамон, дар зеристгоҳи маҷмаа як адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод хидмат мерасонад.
Ин маҷмаа, агарчи шаҳрист, аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон беморон ба ин ҷо муроҷиат менамоянд. Бемороне, ки ба таври оҷил ба ёрӣ ниёз доранд, ба маҷмаа дарҳол қабул мегарданд, дар сурати ғайр аз навоҳии дурдаст тариқи роҳхат аз минтақаи хизматрасонии муассисаи худ дар ин ҷо бистарӣ мешаванд. Мутобиқи Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти № 600 нафароне, ки ба гурӯҳи имтиёзнок дохил мешаванд, дар ин маҷмаа аз хизматрасонии ройгон бархӯрдор мебошанд. Дигар шаҳрвандон дар асоси нархномае, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардидааст, маблағро ба хазина супурда, дар рафти муолиҷа бо хӯрок ва дору таъмин мешаванд.
Бино ба қавли М.Фатҳуллоев, дар маҷмаа зиёда аз 3 000 корманд фаъолият мебарад, ки аз ин миқдор 1443 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ 36 нафари онҳо номзадҳои илми тиб, 3 доктори илми тиб ва 1 нафар академик мебошанд.
Барои қомат афрохтани бинои маҷмаи тандурустӣ беш аз 700 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки дар корҳои сохтмониву васлкунӣ 500 миллион ва барои харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомонӣ сарф шуда.
- Маҷмаи тандурустии «Истиқлол» туҳфаи бебаҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат барои кормандони соҳаи тиб ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат бо сиёсати созандаву хирадмандонаи хеш баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва риштаҳои дигар азму талошҳо доранд ва самари онро метавон дар амну осоиштагӣ, сохтмони иншооти бузург ва тараққиёти ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд, - иброз дошт дар итмоми суҳбат Муқим Фатҳуллоев.
Ситора ШАРИФӢ