Вале, гардиши гардун на ҳама вақт ба муроди мост. Ба мисли фоҷиаи холаи Сумангул, ки боре ҳам дар зиндагӣ на маводи нашъаоварро дида буду на нашъамандро. Фориғу фароҳаму бархӯрдор аз баракати рӯзгор дар пойтахти кишварамон ба сар мебурд, аммо ин ҳама ногаҳон бе ҳам шуд, ба гоҳе ки фарзанди сеюми ӯ рафторҳои ғайримуқаррарӣ пайдо кард - хотири парешон, нигоҳҳои асроромез, омадурафти зиёди дӯстони нав, хашму ғазаболудӣ ва одамгурезӣ ӯро ёр шуд. Баъдан ғайб задани маблағ ва ашёи гаронбаҳо аз хона модарро ҳушёрӣ дод. Баъди мушоҳидаҳои тӯлонӣ ва дарёфти бастачаи хокаи сафед аз ҷайби писар дунё пеши назараш тира гашт – чаро, ки ӯ дар чанги балои бад афтодани писарашро бӯ бурд. Баъди кӯшишҳои зиёд модар фарзандро барои табобат дар клиникаи наркологӣ бистарӣ кард.
– Итминони комил доштам, ки фарзандам пурра шифо меёбаду дигар раҳ ба хато намебарад. Азобҳои ӯро дида, худро мехӯрдам, ки дар тарбияташ чӣ саҳви азиме роҳ додаам? Барои чӣ баъди муолиҷа ӯ дубора ба истеъмоли маводи нашъаовар рӯ овард? Оё магар нашъамандӣ табобат надорад? – мегӯяд холаи Сумангул.
Табобат мешавад, агар…
- Нашъамандӣ бемории табобатшаванда аст, - мегӯяд Маҳмадраҳим Малахов, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғуломов. – Агар нашъамандон бо хоҳиши худ табобат ёфтан хоҳанд, самаранокӣ дар ин маврид бештар мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки беморон бо қарори худ ба маркази мо муроҷиат кунанд, дар 80 дарсади ҳолат муолиҷа меёбанд, - гуфт М.Малахов ва афзуд:
- Замоне маҷбурӣ онҳоро табобат мекардем, вале самаранокии он ниҳоят дар сатҳи паст қарор дошт. Чунки худи шахс, агар тасмим нагирад ва пеши худ мақсад нагузорад, муолиҷаи ӯ ғолибан ғайриимкон мегардад. Баъди табобат дубора ба истеъмоли маводи мухаддир рӯ овардан ва ё наовардан аз иродаи худи шахс бастагии зиёд дорад. Бемороне, ки баъди табобат бо мушкилоти рӯзгор, садамаи равонӣ ва ҳодисоти нохуш дучор меоянд, агар офият ёфта бошанд, бо истифода аз иродаи қавӣ дубора тан ба нашъамандӣ рӯ намедиҳанд.
Вазъ чӣ гуна аст?
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар то шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 6888 нафар истифодабарандаи маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки 162 нафари онҳо занон мебошанд (2,3 фоиз). Дар қиёс бо соли 2017, ки 7102 нафар нашъаманд дар қайд буд, аз ин теъдод 183 нафарро занон ташкил медоданд, яъне ин далели он аст, ки шумораи нашъамандон тамоюл ба коҳишёбӣ овардааст. Хушвахт Ҳасанов – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, иброз дошт, ки аз рӯи таҳлили омори расмӣ баландтарин қуллаи гирифторшавӣ ба бемории нашъамандӣ дар ҷумҳуриямон ба соли 2007 рост меояд, ки шумораи умумии нашъамандони дарқайдбуда 8744 нафар ва аз ин 436 нафар зан ва бори аввал ба қайд гирифташудагон 909 нафарро ташкил медоданд.
Дар давоми 10 сол дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъона ва ҳамоҳангии сохторҳои зидахли кишвар, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат роҳандозӣ шудааст, мо тавонистем мушкилоти нашъамандиро дар кишварамон то 20,6 фоиз дар маҷмӯъ ва 62,8 фоиз миёни занон коҳиш диҳем, - гуфт Х.Ҳасанов ва афзуд: - Муҳимтар аз ҳама то 50 фоиз коҳиш ёфтани ҳолатҳои бори аввал бақайдгирии нашъамандон дар Тоҷикистон дастоварди беназир на танҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Чӣ боиси коҳиш шудааст?
Аз тақвият ёфтани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад, инчунин, пайи шиддат гирифтани мубориза алайҳи қочоқбарон дар Тоҷикистон хатсайри нашъаҷаллобон тағйир хӯрдааст, - мегӯяд Рустам Досов, сардори шуъбаи таҳлилии раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД. – Ҳамакнун, қочоқбарон бештар ҳудуди дигар кишварҳо, аз қабили Покистону Эронро барои интиқоли маводи мухаддир истифода мебаранд. Феълан Тоҷикистон роҳи аслии қочоқи мухаддароти афғонӣ ба хориҷ маҳсуб намеёбад, - афзуд ӯ. Тибқи иттилои манбаъ ниҳоди мазкур соли сипаригашта 1 тоннаву 487 кг ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 733 кг маводи мухаддирро мусодира намудааст.
- Сафи занони қочоқбари мухаддирот соли равон умуман ба қайд гирифта нашуд. Дар семоҳаи соли 2018 танҳо се нафар зан бо ҳаҷми нисбатан хурди маводи нашъаовар ба даст афтод, ки мақсади истифодаи онро доштаанд, - мегӯяд Р. Досов ва меафзояд: - Аксаряти занони мо имрӯзҳо ба соҳибкории хурду миёна машғуланд, ки ин, ба андешаи ман, яке аз омилҳои қатъи қочоқи мухаддирот аз ҷониби занон буда метавонад.
Ангезаҳои нашъамандӣ
Коршиносон ба он назаранд, ки нашъамандӣ ба сатҳи баланди нашъаҷаллобӣ бештар рабт дорад. Гурӯҳҳои муайян, ки машғули интиқоли маводи мухаддир ба хориҷ аз кишваранд, тиҷорати онро дар дохил низ ривоҷ медиҳанд. Ин гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ба афзоиши теъдоди муштариёни худ манфиатдоранд, яъне дастрасии осон ба маводи мухаддир метавонад ангезаи мубталошавии ҷавонон гардад. Коҳиш ёфтани теъдоди нашъамандон дар кишвар низ аз шиддатёбии мубориза алайҳи ҳамин қоҷоқбарон аст. Ба гуфтаи Алиҷон Ҷобиров, равонпизишк ва нарколог, бештар ҷавонон осебпазиранд ва аз сабаби иттилои кофӣ надоштан, дур мондан аз таълиму тарбия, дар ҳолатҳои афсурдаҳолӣ ва ғамбеморӣ (депрессия) онҳо метавонанд аз маротибаи якум ба истифодаи маводи нашъаовар пардозанд ва ё зина ба зина – аз истеъмоли тамоку шурӯъ карда, баъдан ба машрубот ва боз ҳам таскин наёфта, ба маводи нашъаовар рӯ оранд.
Пайомадҳои нашъамандӣ
- Нашъамандӣ дар инсон вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмониро барангехта, ниҳоят ба бемории сангин табдил меёбад, чун ҳангоми табобат беморон зиёд азият мекашанд ва онро маризии музмини мағзи сар гӯем ҳам мешавад, зеро ҷараёни патологиро дар он ҷо ба вуҷуд меорад, - иброз медорад А.Ҷобиров. Тибқи иттилои М.Малахов нашъамандони тазриқӣ, ки аксаран гурӯҳӣ ба истифодаи маводи нашъаовар даст мезананду аз як сӯзандору истифода мекунанд, метавонанд вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО/АНМО, истилоҳи русӣ ВИЧ/СПИД) ба дигарон интиқол диҳанд. Теъдоди умумии нашъамандони тазриқӣ дар ҷумҳурӣ 61 дарсадро ташкил медиҳад 36 фоизи онҳо мубталои ВНМО мебошанд). Миёни нашъамандон фавт низ ба мушоҳида мерасад. Агар як қисми беморон дар натиҷаи суистеъмоли маводи нашъаовар ба заҳролудшавӣ дучор шаванду фавтанд, як қисми дигар, ки тариқи сӯзандору мубталои ВНМО гардидаанд, масунияти баданашон паст шуда, ба бемориҳои гепатиту сил ва ғайра гирифтор шуда, ба ҳалокат мерасанд.
-Ҳангоми аз меъёр зиёд истеъмол кардани вояи нашъа, агар бемор кайфияти заруриро ба даст наорад, ба ғамбеморӣ гирифтор шуда, метавонад дар ин ҳолат ба худкушӣ даст занад, - мегӯяд табиб А.Ҷобиров. Ғайр аз ин, агар зан ба истеъмоли маводи нашъаовар даст дошта бошаду дар баробари ин ҳомила гардад, ин мавод ба ҷанини батн бетаъсир намемонад. Ба гуфтаи ӯ, ҷанин дар ин маврид метавонад заҳролуд гардад ва тифл бо нуқсҳои модарзодӣ, аз қабили ноқисулақлӣ, нуқсони дил ва амсоли инҳо ба дунё ояд.
Дастрасии хизматрасонӣ
Дар тамоми марказҳои наркологии ҷумҳурӣ 13 адад нуқтаҳои бахши табобати ҷойивазкунанда вуҷуд дорад, ки ба беморони гирифтори нашъамандӣ, ВМНО ва сил доруҳоро ба таври ройгон пешкаш менамоянд. Танҳо дар маркази табобати ҷойивазкунанда ҳамарӯза то 134 нафар бемори маризиҳои номбурда муроҷиат карда, доруҳоро бе ягон мушкилот дастрас месозад. Нафароне, ки ба ин бемориҳо гирифторанд, яъне дар баробари нашъамандӣ мубталои ВНМО, сил ва дигар бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошанд, ба ин марказҳо ҷалб шуда, доимо зери назорат қарор мегиранд ва миёни онҳо чорабиниҳои зиёдеро бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мазкур ба роҳ мемонанд.
– Мо барои амалисозии чунин тадбирҳои судманд ҳам аз буҷети давлатӣ ва ҳам аз ёрии башардӯстонаву шарикони ҳамкор васеъ истифода мебарем, то роҳи паҳншавии ин бемориҳоро гирифта тавонем, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Маҳмадраҳим Малахов, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғуломов.
Ситора ШАРИФӢ