Ӯро дар кати беморӣ дида, хостем аҳвол пурсему баргардем то нороҳаташ накунем. Агарчӣ мақсади омаданамон ба бемористони марказии ноҳияи Муъминобод ошноӣ бо зиндагиномаи табиби ҳозиқ Мушкинисо Гулназарова ва суҳбат бо ӯ буд. Моро дидан замон, «иззати меҳмон-болои дида» гӯён ларзон-ларзон аз ҷой бархост. Ҳоли табоҳе дошт. Чашмони фурӯрафтаю ранги заъфаронаш аз маризии сангинаш гувоҳӣ медоданд. Маълум шуд, ки чандест аз дарди гурда ранҷ мекашаду табобат мегирад. Аммо, лутфу меҳрубониро нисбати мо арзонӣ медошт, гӯё ба ӯ чизе нашудаву ҳолаташ хуб бошад. Ҳамширае барояш дору мегузаронд, хостем то ба итмом расидани раванди табобат лаб накушоем. Чун аз ваҷҳи ба ҳузураш расидани мо воқиф шуд, нахост ноумед баргардем ва сари суҳбат омад.
Соли 2008-ум Мушкинисо аз ноҳияи Муъминобод озими шаҳри Душанбе мешавад. Мебоист дар як мушовараи Вазорати тандурустӣ ширкат варзад. Баъд аз анҷоми мушовара рӯз бегоҳ шуда буду тасмим гирифт, ки пагоҳ ба ноҳия бармегардад. Яке аз ронандаҳои деҳаро, ки ба кироякашӣ машғул буд, хоҳиш намуд, то ӯро субҳидам ба ноҳия бубарад. Он вақт сардухтури бемористон буду бояд субҳ дар ҷойи кор ҳозир мешуд. Ҳангоми ба роҳ баромадан, ронанда боз се мусофири дигарро низ бо худ гирифт, ки миёншон як зан бо кӯдакаш буд. Аз аввал авзои зан барои Мушкинисо аҷиб менамуд. «Шояд, ҷойи нишасташ ноҷо бошад, чун дар бағалаш кӯдак дорад»,-аз дил гузаронд ӯ. Бо ҳамин, мошин ба роҳ баромаду мусофирон андармони суҳбат бо ҳам роҳро кӯтоҳ менамуданд. Роҳ нисф шуду мошин ба нақб расид. Ногаҳон, дарди ногумон занро ба фиғон овард. Мушкинисо зуд ба ёрии ӯ шитофта, аз мошин берунаш кард. Дар аввал пай набурд, иллати ноҳинҷории ӯро. Баъдан маълум гардид, ки занро дарди кӯдак гирифтаасту дар ҳоли таваллуд аст.
- Ҳолати зан бисёр ташвишангез ба назар мерасид. Аз як ҷониб ӯро тарс фаро гирифта буду аз сӯи дигар мо дар нақб қарор доштем. Дуртар дарахте ба чашмам хӯрд. Беморро зери дарахт бурда хобондам. Бо хости Худованд тифлро ба дунё овард. Аммо, афзори нофбурӣ надоштам. Аз ронанда корд талаб кардам, ӯ зуд ёфта оварду бо он нофашро бурида, бо алаф бастам. Баъдан тифлро дар ҷӯйборчае, ки аз наздамон мегузашт, шуста бо либосҳои кӯдаки дигари он зан печондам. Зан, ки дар як вазъи ташаннуҷ қарор дошт, ҳатто рақами телефони шавҳарашро аз ёд бурда буд. Давоми ду соат, то расида омадани шавҳари зан, ӯро дар ҳамон ҷо нигоҳ доштем,- қисса мекунад ёдвораеро аз собиқаи табибиаш ӯ.
Ба иқрори бону Мушкинисо, ҳатто шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Чин, ки ба корҳои сохтмонӣ дар наздикии нақб қарор доштанд ва ин ҳолатро мушоҳида намуданд, хушҳол гардиданд. Чун аз рӯйи расму оинҳои он кишвар тавлид шудани тифл дар роҳ хосияти хуб доштааст. Ҳамин тариқ, бо гузаштани чанд вақт, волидони тифл аз Мушкинисо хоҳиш менамоянд, то ба фарзандашон номи мувофиқе гузорад. Табиби ҳозиқ дар маслиҳат бо ҳамкорони дигар ба ӯ номи Ҳилоларо раво мешуморад. Зеро, ба гуфтаи табибон, тифл мисли мурғи Ҳилол ба дунё омадаасту ин ном барояш мувофиқ мебошад.
Мушкинисо Гулназарова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, фаъолияташро ба ҳайси табиби занона шурӯъ менамояд. Дар маркази саломатӣ ҳоҷати занони корафтодаро бароварда, барои пешгирӣ аз бемориҳо ба онҳо маслиҳатҳо медод. Бо вуҷуди ҷавонӣ табибони ба сол бузургтар, аз ӯ маслиҳату машварат мехостанд. Ҳамин тариқ, муддати 4 сол дар маркази саломатӣ пурсамар фаъолият бурд. Кордониву сабукдастиашро дида, барои идомаи кор ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод ба номи Саттор Одинаев даъват менамоянд. Дар ин ҷо ба ҳайси мудири шуъбаи таваллудхона ифои вазифа мекунад. Дар баробари кор дар беморхона, чандин курсҳои бозомӯзиро пушти сар намуда, соҳиби ҷоизаву сертификатҳо низ мегардад. Ба ҳамин минвол оҳиста-оҳиста қадам мегузошт ҷониби орзуҳои даврони мактабиаш, ки бо мушкилиҳои зиёде ба он даст ёфта буд. Зеро қиблагоҳаш сахт мехост духтараш ҳуқуқшинос бошад.
- То хатми мактаб рӯз ба шумор монда буд. Сартабиби вақти беморхонаи марказӣ Қурбон Табар ба мактаб омаду аз рафти кори шифокорон ба мо қисса кард. Ҳамин буд, ки завқи ман нисбат ба касби табибӣ боло гирифт. Ба хона омада, падарамро аз тасмими худ дар ҷараён гузоштам, ӯ посухи рад дод. Ман низ дар тасмим истодагарӣ мекардам. Падар, ки барои истироҳат қасди сафари шаҳри Сочии Россия дошт, интихоби касбро ба худам ҳавола кард. Бовар надошт, ки духтари деҳотӣ тавонад шомили макотиби бонуфузи олие, чун донишгоҳи тиббӣ шавад. Мани деҳотӣ ҳатто дар куҷо ҷойгир будани ин донишгоҳро намедонистам ва ҳайрон будам, ки чи гуна то даргоҳи мазкур равам. Як рӯз тағоям барои хабаргирӣ омаданду аз ниятам огоҳ шуданд. Он кас низ гуфтанд, ки падарам инро намехоҳад. Ба неву нестонашон нигоҳ накарда, зориву тавалло намудам, ки маро барои ҳуҷҷатсупорӣ бубаранд,- пеши мо қисса намуд ӯ.
Падар вақте бармегардад, ки духтараш кайҳо имтиҳонҳои дохилшавиро супурда, сазовори номи донишҷӯ гардидааст. Ба ҷуз дуои нек дигар илоҷе ҳам надошт. Фотеҳаи неки падар буд, ки Мушкинисо яке аз табибони ҳозиқу шинохтаи ноҳия гардид. Дар баробари кор дар беморхонаи марказӣ ӯ як муддат дар шаҳри Душанбе низ фаъолият бурд. Дар дармонгоҳи №8 муддати 5 сол ба ҳайси табиби занона заҳмат кашид, аммо даъватҳои пай дар пай аз беморхонаи марказии ноҳия ӯро водор месозад, ки баргардад. Тайи 8 сол ба ҳайси сардухтури беморхона ифои вазифа кард. Дар давоми фаъолияташ дар беморхонаи мазкур ҳодисаи фавти модар ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта нашудааст.
...Чанде қабл ба беморхона духтари ҷавонеро оварданд, ки зоиши аввалинаш буд, вале ба иллати камхунӣ азият мекашид. Новобаста ба ин, фарзандашро таваллуд кард. Ҳама тадбирҳои лозимаро ба кор бурд ва чун модари ҷавон тифли солим ба дунё овард, аз шодӣ шукуфт. Аммо, хурсандии ӯ дер давом накард. Ҳангоми интиқол додан ба ҳуҷраи маъмулӣ фишори хуни ҷавонзан ногаҳон боло рафт, ӯ беҳушу бе ёд шуд. Се рӯз дар ин вазъ қарор гирифт. Аз беморхонаҳо табибони кордонро даъват намуд. Он рӯз дар хонадонаш маърака буду духтари ягонааш ҷашни издивоҷ дошт. Мебоист ӯ пайи тараддуди тӯй мешуд, вале андармони мубориза баҳри наҷот монд.
- Дар назарам тӯй наменамуд, пеши чашмам хандаҳои модари ҷавон ва тифлаки ӯ мечархид. Шабу рӯзро дар сари болини ӯ гузоронидам, то аз марг наҷоташ бидиҳам. Узвҳои асосӣ қариб ки кор намекарданд, ба шифо ёфтанаш эътимод кам буд. Дар ниҳоят, бо хости Худованд ва мадади табибон ӯро аз чанголи марги яқин раҳо бахшидем, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт табиби ҳозиқ.
Мушкинисо як замон аз касби интихобкардааш пушаймон низ гардида буд. Замоне, ки фарзанди нозанину ҷавони хушқаду қоматаш Ромиши ба айёми шаҳӣ расидаашро аз даст дод. Бо амри тақдир писараш, ки дар курси 3 таҳсил менамуд, ба садама афтод. Давоми 3 рӯз дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Ин муддат, Мушкинисо ҳамроҳи шавҳараш, ки ӯ низ табиб мебошад, тамоми чораҳоро ҷустанд, аммо аҷал кори худро кард. Ӯ талх гиристу рӯҳафтода, аз он ки «чораҷӯён дар илоҷи дарди худ бечораанд». Ин ҳам гузашт...
Ҳоло бошад, аз он шукрона мекунад, ки 3 фарзанду 5 набера дорад. Писарон соҳиби кору пайкори хеш буда, ягона духтарашро ба хонаи бахт гуселонид. Шавҳари ҳалиму меҳрубон дорад, ки дар тамоми пастиву баландиҳои рӯзгор канораш ҳасту танҳояш намегузорад.
Б. АБДУРАҲИМ,
ноҳияи Муъминобод