Бино ба иттилои Дилшод Саидбурҳонов – муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО, вазъ дар Тоҷикистон низ басо ташвишовар мебошад ва тибқи омор аз оғози пайдоиш то кунун 10 227 нафар мубталои ин вирус гардида ва 2450 нафар аз он фавтидааст.
Бо кадом роҳҳо интиқол меёбад?
ВНМО дар маҳлулҳои биологӣ, аз қабили хун, нутфа, маҳлули маҳбал, ашк, луоби даҳон вуҷуд дорад. Тариқи ашк ва луоби даҳон сироят ёфтан қариб ки ғайриимкон аст, зеро танҳо дар ҳаҷми хеле зиёд будани онҳо сироят ба вуқӯъ меояд, лек дар хун, нутфа ва маҳлулҳои маҳбал баръакс, миқдори вирусҳо хеле зиёданд ва ҳангоми алоқаи ҷинсӣ эҳтимолияти пайдошавии микроҷароҳатҳо вуҷуд дорад, ки вирус тавассути он метавонад ба хун омезад. Ҳамчунин, аз модари сироятёфта ба кӯдак ҳангоми дар батн будан, валодат ва дар давраи синамаконӣ метавонад интиқол ёбад.
Киҳо бештар осебпазиранд?
Мувофиқи иттилои Д. Саидбурҳонов, нашъамандони тазриқӣ (бо истифода аз сӯзандору) асоси эпидемияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки дар байни худ ин сироятро паҳн кардаанд ва бештари онҳо мардонанд, вале занон низ ба мушоҳида мерасанд. Тибқи омор дар маҷмӯъ дар кишвар аз мубталошудагони ВНМО наздики 60 % мардҳо ва 40 % занон мебошанд. Инчунин, маҳбусон, занони ҳомила ва нафароне, ки ба хизматрасониҳои шаҳвонӣ даст доранд, осебпазир дониста мешаванд. Лек новобаста аз ҷинсият, син ва дигар нишондодҳо миёни ҳама қишрҳои аҳолӣ дарёфт шудани ВНМО имконпазир бувад. Воқеае, ки дар яке аз марказҳои саломатии ш.Душанбе ба қайд гирифтаанд, басо муассир аст. Марҳабо (номаш тағйир дода шудааст) 28 сол дорад ва ташхиси хуни ӯ дар давраи ҳомилагии дувум муайян сохт, ки сироятёфтаи ВНМО мебошад. Шубҳаи табибон, ки эҳтимол аз шавҳар интиқол ёфтааст, ботил баромад, чун натиҷаи ташхиси лаборатории хуни шавҳар соф баромад. Акнун зан зери шубҳаи ҳамагон қарор гирифт, вале чун фарзанди нахустини Марҳаборо, ки ҳамагӣ 8 сол дорад, ташхис карданд, дар ӯ низ ВНМО-ро пайдо намуданд. Баъди пурсишҳои тӯлонӣ муайян шуд, ки кӯдак як маротиба ҷарроҳии чурра ва бори дигар хатнаи суннатӣ карда шудааст. Бо баъзе омилҳо хуни бинии кӯдак пайваста ҷорӣ гардида, модар рӯи фарзандро бо ангушти аз корди сабзавотбурӣ захм бардоштааш пок мекардааст. Эҳтимол меравад, ки кӯдак ҳангоми ҷарроҳӣ ва ё хатна мубталои ВНМО шудаасту ба ин тариқ, дар натиҷаи алоқаи хуни кӯдак бо хуни модар вирус ба ӯ интиқол ёфта. Сари вақт муайян кардани беморӣ боиси он гардид, ки Марҳаборо бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифтанд ва тариқи буриши қайсарӣ тифли дувумаш солим ба дунё омад.
- Мутаассифона, имрӯзҳо имконият вуҷуд надорад, то мо муайян созем, ки вирус аз кӣ ба кӣ гузаштааст, зеро дар ин муддат кӯдакон ва ё калонсолон аз хизматрасониҳои даҳҳо муассисаҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ мегузаранд, ба монанди истифода аз хизматрасонии дандонпизишк, гинеколог, гӯшсӯрохкунӣ, хатнакунии суннатӣ, колаку хунгириҳои анъанавии миёни мардум, усулҳои ороишӣ, аз қабили татуаж, холкӯбӣ, пирсинг, сартарошӣ, ришгирӣ ва ғайраҳо, ки гепатитҳои вирусӣ ва ВНМО метавонанд аз тариқи афзори тамизнашуда ба шахси дигар интиқол ёбанд, - иброз намуд Д.Саидбурҳонов.
Давраи ниҳонӣ
Бино ба иттилои Худойбердӣ Қамчинов, табиби Маркази саломатии №7-и пойтахт, ВНМО давраи ниҳонӣ (инкубатсионӣ) дорад, ки мушкилот маҳз дар ҳамин аст. Агар нафаре мабодо бемор шуд, баъди як ҳафта давраи ниҳонӣ ба анҷом мерасад ва нишондиҳандаҳои клиникӣ пайдо мегарданд. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки 3–10 сол қабл сироят ёфтаанду дар худ ягон нишонаҳои бемориро эҳсос намекунанд ва ғофил аз ин дигаронро сироят менамоянд. Ғайр аз ин, байни сироятёфтагон марҳилае ба вуқӯъ меояд, ки онро ба русӣ «период окна» ном мебаранд, ки шурӯъ аз 20 рӯз, то 3–6 моҳ ташхисҳои лабораторӣ ва тест-системаҳо мавҷудияти вирусро ошкор намесозанд.
Табъиз ва тамғагузорӣ
Мушкилоти дигаре, ки беморони ВНМО бо он дучор меоянд, ин ангуштнамо гардидани онҳо миёни ҷамъият аст. Агар ҳолати бемор ба атрофиён ошкор гардад, ба ӯ «тамға» мегузоранд ва риштаҳои дӯстиву пайвандиву ошноиро гусаста менамоянд. Поймолгардии ҳуқуқи чунин нафаронро аз тарафи корфармоён, хешовандон, ҳамсоягон ва дигарон метавон мушоҳида кард. Дар Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо ВНМО» чорабиниҳои зиёде ҷиҳати паст намудани табъиз ва тамғагузорӣ ба шахсони сироятёфта пешбинӣ шудааст, вале ба ин нигоҳ накарда, ин мушкилот то кунун вуҷуд дорад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси тандурустии ҶТ маълумот дар мавриди бемории ҳар шахс аз ҷониби табибон набояд паҳн гардад ва онҳо муваззафанд, то сирри беморро махфӣ нигоҳ доранд. Роза Нуриддинова – табиби оилавии МСШ №7-и пойтахт дар ин бора гуфт, ки сабаби тамға шудани беморон ин иттилои кофӣ надоштани баъзеҳо оид ба ВНМО мебошад, чун ин беморӣ тариқи суҳбат, ҳамнишинӣ, нафаскашӣ, зарф ва ғайраҳо намегузарад, ки баръакси ин бемориҳое ҳастанд, ки ба ин тариқ озод ба атрофиён сироят мерасонанд, аз қабили бемории сил, оташак, зуком ва ғ.
Ташхис чӣ гуна аст?
Тибқи қонунгузорӣ дар кишвар ду навъи озмоиш мавҷуд аст – ихтиёрӣ ва ҳатмӣ, ки дар ҳар ду ҳолат онҳо ба таври махфӣ сурат мегиранд. Занони ҳомила, шахсони никоҳшаванда, донорони хун, наздикони бемор, ки эҳтимолияти сироятёбӣ доранд, ба таври ҳатмӣ аз ташхис мегузаранд. Бино ба иттилои Д.Саидбурҳонов то соли 2014 тамоми аҳолии кишвар аз ташхиси ройгон бархӯрдор буданд. Мутаассифона, аз оғози соли 2014 шарикони ҳамкор танҳо барои баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ, ки зери хатари баланди гирифторшавӣ қарор доранд, ташхиси ройгонро пешбинӣ намудаанд.
Вазъи табобат
Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор табобати зиддиретровирусӣ ва дигар хизматрасониҳо дар муассисаҳои давлатӣ ройгон ба роҳ монда шудааст. Ҳангоме ки шахси сироятёфта табобати зиддиретровирусӣ мегирад, сарбории вирусӣ дар бунён коҳиш хӯрда, то сатҳи ноаёнӣ мерасад ва сироятрасонӣ ғайриимкон мегардад. Дар ҳолати қатъ кардани табобат баръакс, шумораи вирусҳо меафзояд ва масунияти бадан заиф шуда, шахси бемор аз нигоҳи эпидемиологӣ боз хатарнок дониста мешавад.
Чӣ бояд кард?
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО вуҷуд дорад, ки ташхис ва табобат дар ин ҷойҳо ба таври ройгон сурат мегирад. Қарни 21, ки марҳилаи техника ва иттилоот аст, ҳар шахсро зиракиву ҳушёрии ҳатмӣ лозим меояд. Ҳини хизматрасониҳои табибон аз маводи яккарата истифода бурда, дар кошонаҳои ҳусн аз мавҷудияти дастгоҳҳои тамизкунӣ огаҳ шаванд ва талаб созанд, ки бо афзори покшуда ба ӯ хизмат расонанд. Умуман, он амалҳое, ки хатари сироятёбиро зиёд месозанд, бояд ҳар нафар дар мизони ақл бар кашида, аз оқибатҳои фоҷиабори он андешад, худ ва наздиконашро зери хатари маризшавӣ нагузорад.
С. ШАРИФӢ