Орзуи ҳар табиб аст, ки дар беморхонае амсоли ин ҷо фаъолият дошта бошад. Соли 2004, ҳангоми давраи омӯзишие дар Швейтсария чунин марказро дида, орзу карда будам, ки кош ҳамин гуна беморхонаи муосир ва муҷаҳҳаз дар Тоҷикистон низ рӯи кор ояд. Бубинед, бо инояти Парвардигор ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин беморхона якто не, чанд адад сохта шуд, аз ҷумла дар ноҳияи мо.
Хизматулло Шамсов, табиб
Амалиёти пайвандсозӣ
Беморхона аз 14 шуъба иборат буда, дар баробари ҳама намуди амалиёт ин ҷо яке аз вазнинтарин намуди ҷарроҳӣ – пайвандсозӣ ё ба истилоҳ трансплантатсияи узвҳои инсон гузаронда мешавад. Соли 2017 табибони беморхона 20 амалиёти пайвандсозии гурдаро бомуваффақият анҷом доданд. Дар семоҳаи аввали имсол 4 адад чунин намуди ҷарроҳӣ гузаронда шуд. Донорҳо аз ҳисоби хешовандони беморон интихоб гардиданд. Соли рафта дар беморхона 103 адад амалиёти гемодеализи гурда анҷом ёфт.
- Амалиёти пайвандсозӣ дар ҷаҳон аз амалиёти серхазина ба ҳисоб меравад, зеро дар рафти он аз дорувориҳои гаронарзиш истифода мешавад. Мувофиқи Қарори 600-уми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарроҳии пайвандсозии гурда 47 ҳазору 882 сомонӣ муқаррар шудааст. Харҷи амалиёт зиёдтар аз ин аст, аммо нисфи хароҷотро давлат пардохт мекунад. Дар оянда ният дорем, тамоми намуди ҷарроҳии вобаста ба пайвандсозии узвҳоро, ки дар дунё анҷом медиҳанд, дар беморхона ба роҳ монем. Дар ин ришта 4 табиб дар Маскав таҷриба омӯхта, маҳорати тиббӣ ва ҷарроҳии худро хеле сайқал бахшиданд. Анестезиолог, реаниматологҳои кордон, ҳамшираҳои сатҳи заруриро аз ҳисоби занҳо омода кардем, - зикр намуд Хизматулло Шамсов, сардухтури беморхонаи мазкур.
Байни донишгоҳи Склифасовскии шаҳри Маскав ва беморхонаи мазкур қарордоди анҷоми ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар низ ба тасвиб расидааст, ки моҳҳои наздик табибон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни русашон ин намуди ҷарроҳиро дар Данғара аввалин маротиба анҷом хоҳанд дод.
Яке аз дастовардҳои дигари табибон анҷоми босифати ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард аст. Мутахассисони ин бахш тоза аз давраи омӯзишӣ аз давлати Ҳиндустон баргаштанд. Имсол бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон беморхона соҳиби дастгоҳи нави ангеографӣ гашта, табибон дар наздиктарин фурсат бо ёрии мутахассисони ҳиндӣ амалиёти стентгузориро дар қалб шурӯъ карданианд.
Наврӯз Абдуллоев - табиби ҷавонро дар ташхисгоҳ пайи анҷоми рисолат дарёфтем. Нафарони зиёде паси дари мутахассис навбат мепоиданд. Зимни суолу ҷавоб бо корафтодагон мушаххас кардем, ки нархи ташхисҳо ин ҷо дар муқоиса бо пойтахт нисбатан арзонтар аст. Барои мисол, арзиши ташхиси томографии қисмати сар дар Данғара 150 сомонӣ, боқимонда узвҳои бадан 145 сомонист.
Роҳамон аз назди хонаи ҷарроҳӣ мегузарад. Чашмамон ба табиби шинохта, ректори Донишгоҳи тиббии вилояти Хатлон Маҳмадшоҳ Гулов меафтад, ки аз ҳуҷраи амалиёт бо либосҳои махсус берун меояд.
- Аз соати 5 то соати 9 аллакай 4 ҷарроҳӣ гузарондам. 2 адад амалиёти шикастагии бинӣ, 2 ҷарроҳии васеъшавии варидҳо. Ҳоло ба назди донишҷӯён шитоб дорам, - мегӯяд табиби ҳозиқ.
Хизматрасонӣ ба модару кӯдак
Беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара дорои таваллудхонаи муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба тамоми стандартҳои ҷаҳонист. Дар минтақаи Кӯлоб, вақте ки ҳолати зани ҳомиладор вазнин арзёбӣ мешавад, зуд ба ин ҷо интиқол меёбад. Навзодонеро, ки бо нуқсҳои вазнини модарзодӣ ба дунё меоянд, барои нигоҳубину табобати минбаъда ба беморхонаи мазкур мегузаронанд. Ба гуфти роҳбарияти таваллудхона, соли равон ин ҷо омори фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст. Соли 2017 дар таваллудхона 72 ва дар 4 моҳи соли 2018 – ум 20 кӯдаки норасид ба дунё омад. Ба иқрори мутахассисон занони минтақа дар давраи ҳомиладорӣ бештар аз бемориҳои камхунӣ ва дарди гурда азият мекашанд.
Шабнам Собирова, мутахассиси соҳаи мамалогия аст. Роҳбарият аз ӯ чун мутахассиси ҷавону соҳибдониш тавсиф мекунад. Шабнам ба ҳайси коршинос бо таассуф бештар дар хусуси кори ҳаррӯзааш - бемории занон мегӯяд:
- Мутаассифона, омори пайдоиши омоси бадсифати ғадуди сина дар байни занҳо афзудааст. Худи бонувон камтар ба нишонаҳои аввали беморӣ диққат медиҳанд. Ба табибон дер муроҷиат мекунанд. Омилҳои ин беморӣ зиёданд. Сармохӯрдагӣ, афсурдаҳолӣ, номунтазам будани алоқаи ҷинсӣ байни зану шавҳар метавонад сабаби пайдоиши омоси бадсифат гардад.
Табобат ройгон аст
Ба гуфти роҳбарият, хизматрасонии олӣ, ташхиси сифатноку табобати пурраи бемор ин ҷо харҷи зиёде надорад. Хизматрасонии тиббӣ ройгон аст, аммо маблағи маводи дорувориро бемор худ пардохт мекунад. Кормандон мунтазам барои такмили ихтисосу бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷ фиристода мешаванду мутахассисони хориҷӣ ба маркази мазкур меоянд. Норасоии табибон ин ҷо эҳсос намешавад.
- Солҳои пеш, вақте оҷилан маризи вазнинеро меоварданд, мутахассисонро аз чанд ҷо даъват мекардем, ташхису муайянкунии беморӣ рӯзҳову ҳафтаҳо тӯл мекашид, ки ин муддат бемор ва наздиконаш хеле азият мешуданд. Ҳоло ин раванд дар они воҳид мегузарад. Ҳамагӣ 2–3 соат пас бемории инсон маълум ва табобат зуд шурӯъ мешавад. Рӯзҳои наздик интизори як гурӯҳ ҷарроҳони швейтсариягӣ ҳастем. Аз 4 табиби ҷарроҳ 1 нафараш зан асту ӯро махсус барои табобати бонувон даъват кардем, - тазаккур медиҳад сардухтур.
Табиб Рухшона Бобоева тоза аз давраи омӯзишӣ баргаштааст. Мавсуф муддати 35 рӯз дар яке аз клиникаҳои бонуфузи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар хусуси босифат анҷом додани эхокардиографияи дил таҷриба андӯхт. Рухшона мутахассиси шинохтаи соҳаи фаросавтӣ -УЗИ дар минтақаи Кӯлоб аст. Вай аз мушоҳидаҳои кориаш мегӯяд, ки бемориҳои узвҳои даруна, аз ҷумла омоси ҷигар байни мардум афзудааст. Вақте Рухшона ягон намуди бемориҳои омосиро дар бемор муайян мекунад, барои ташхиси саҳеҳтар ӯро ба ташхиси томографӣ мефиристад.
Моро ба шуъбаи эҳёгарии беморхона мебаранд. Ҳуҷраи калону барҳаво, тамизу ором. Ду бемор баъди ҷарроҳӣ бистарист. Яке ҷарроҳии гурда ва дигарӣ ҷарроҳии буриши қайсариро паси сар кардааст. Дастгоҳҳои махсуси дохили ҳуҷраи онҳо вазъи ҳарлаҳзаинаашонро ба сохтори умумии назорат интиқол медиҳад. Табиби навбатдор назди монитор нишаста, вазъро назорат мекунад.
- Дар сурати эҳсоси камтарин хавф навбатдор бонги изтироб дар медиҳад ва табибон зуд ба назди бемор ҳозир мешаванд, - шарҳ медиҳад Х. Шамсов.
- Орзуям ин аст, ки касе бемор нашавад. Хоҳишам аз тамоми сардухтурони марказу беморхонаҳо ин аст, ки ба сифати хизматрасонии аввалияи тиббӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Бояд беморӣ сари вақт муайян карда шавад, то ба дараҷаи вазнинӣ нарасад. Мардум ҳам бояд нисбат ба саломатиашон муносибати ҷиддӣ дошта бошанд. Як мисоли одӣ, гарчанде ки мо амалиёти пайвандсозии узвҳои инсонро анҷом дода, инсонро аз марг наҷот медиҳем, аммо ӯ то охири умр вобаста аз дорувориҳо мешавад. Пешгирии беморӣ осонтар аз табобат гуфтаанд, ки ин нукта бе баҳс аст, - мегӯяд дар поёни суҳбат мутахассиси варзидаву инсони воқеан заминӣ, табиб Хизматулло Шамсов.
Гулноза Бобомуродова,
Душанбе – Данғара - Душанбе