Дар айёми гармо хурӯҷи бемориҳои шадиди меъдаю рӯда бештар аст. Ҳамчунин бемориҳои гулӯ (ангина), баногӯш (паротит) ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳавои гарм барои зиёдшавии ҳашарот мусоидат менамояд, бахусус магасҳо, ки фасли тобистон шуморашон бениҳоят аст. Бино ба иттилои Ифтихор Мирзода – табиби сироятшиноси Беморхонаи клиникии сироятии кӯдакона дар фасли гармо сирояти ротавирусӣ бештар ба қайд гирифта мешавад, ки онро аксаран «бемории дастони чиркин» низ ном мебаранд, яъне истеъмоли ғизо бо дастони нашуста, бозичаҳо, шиноварӣ дар ҳавзҳои умум, ки кӯдакон ба ин тариқ метавонанд обҳои ҳавзро фурӯ баранд, ҳамчунин истеъмоли ғизои пастсифат ва ё аз муҳлат гузашта, меваву сабзавоти нашуста ва ғайраҳо омилҳои сар задани бемории шадиди меъдаву рӯда мегардад. Магасҳо, ки бештар дар ахлотҷойҳо сукунат доранду баъдан ба болои ғизо, ки барои истеъмол омода шудааст, менишинанд ва ба ин тариқ, сироятро интиқол дода, исҳоли шадид (дизентерия)-ро ба вуҷуд меоранд.
Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз моҳи январи соли 2015 бо мақсади пешгирии фавти кӯдакони синни бармаҳал дар Тоҷикистон миёни тифлони 2 то 4 моҳа эмгузаронии ротавирусӣ ба роҳ монда мешавад. Зеро тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологӣ дар кишвар наздики 40 фисад ҳодисаҳои гирифтории кӯдакон ба исҳоли шадид – ин маҳз сироятҳои ротавирусӣ мебошад.
Бемориҳои шадиди меъдаю рӯда тариқи тамос ба нафарони солим метавонад сироят кунад, яъне бо либос, зарфҳои ошхона, тавассути оби тозанашуда, ҳатто ҳайвоноти хонагӣ. Ҳамчунин тавассути ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муошират ва алоқа бо бемор интиқол меёбад.
Бемориҳои шадиди меъдаю рӯда аксаран аломатҳои хоси худро дорост, аз қабили исҳоли шадид (дарунравии зиёд), дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, ҳароратбаландӣ, хушкшавии даҳон, бемадорӣ, камшавии вазн ва заифии бадан. Ба иқрори И.Мирзода ҷараёни вазнини беморӣ ба он оварда мерасонад, ки оби бадан ва микроэлементҳои он талафоти ҷиддӣ дида, ҳатто метавонад боиси марги кӯдак гардад. Мутаассифона, аксарияти волидайн худсарона ба муолиҷаи фарзандон мепардозанд ва дар натиҷаи тарзи нодурусти нигоҳубин кӯдаконро дар ҳолати вазнини беморӣ ба беморхонаҳо меоранд, ки табобат дар ин марҳила басо душвору асабхор аст.
– Хушбахтона, ҳастанд волидоне, ки дар ҳолати пай бурдани аломатҳои ин ё он беморӣ дарҳол ба духтур муроҷиат менамоянд, ба амсоли зани 31-сола, Умеда Кароматуллоева, сокини шаҳри Душанбе, ки бо писарчааш дирӯз дар беморхонаи мо бистарӣ гардидааст, - мегӯяд И.Мирзода.
– Писарчаам Алиакбар дирӯз таби баланд ва қайкунии зиёд дошт, - мегӯяд У.Кароматуллоева. – Аз ин ҳолат хеле ба ташвиш омадам ва интизор нашуда, ба ин беморхона муроҷиат кардам. Айни ҳол писарам табобат мегирад ва шукр, ки ҳолаташ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, - қайд намуд ӯ. Ба суоли сабаби беморшавии писаратонро дар чӣ мебинед? Чунин ҷавоб дод: - Писарам нӯшидани обро аз ҷумак дӯст медорад ва ҳарчанд эҳтиёт мекунем, чашмро хато карда, аз он об менӯшад, ҳамчунин пеш аз беморӣ яхмос низ хӯрда буд.
- Ҳамарӯза тахминан то 20-30 нафар кӯдакро ба Беморхонаи клиникии сироятии кӯдакона меоранд ва мутаассифона, баъзеи волидон бо сабабҳои оилавӣ аз табобати статсионарӣ даст мекашанд ва онро дар шароити хона ба роҳ мемонанд, - мегӯяд Ифтихор Мирзода ва илова мекунад: – Аз падару модарон хоҳиш дорам, ки дар ҳолати мушоҳида кардани аломатҳои зикршуда кӯдаконро ба духтурони оилавӣ нишон диҳанд ва ё ба Марказҳои саломатии минтақавӣ муроҷиат намоянд.
Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Табибон низ бар ин назаранд, ки пешгирии бемориҳо беҳтарин воситаи гарави тандурустист. Дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда зарур аст, ки ба кӯдакон аз хурдсолӣ гигиенаи шахсиро омӯзонем, аз қабили пеш аз ҳар як тановули хӯрок бо собун шустани дастон, истеъмоли меваву сабзавоти тару тоза ва ба хубӣ шусташуда, нӯшидани оби ҷӯшомада ва ё софкардашуда, таъмини тозагиву покизагии хона ва ашёҳои иҳотакардаи кӯдак, эҳтиёткорӣ ҳангоми шиноварӣ дар ҳавзҳои умум, даст кашидан аз ғизоҳои аз муҳлат гузашта, ҷудо кардани зарфҳо ва дигар ашёҳои бемор аз дигарон ва амсоли инҳо. Дар ҳолати пайдо гардидани аломатҳои беморӣ саривақт муроҷиат кардан ба табиб, гирифтани муолиҷа, истеъмоли нӯшокии зиёд барои барқарор кардани талафоти оби бадан, истеъмоли таомҳои парҳезӣ ва даст кашидан аз хӯрокҳои сахту серравған ва ширинӣ барои беҳбудии саломатии кӯдак басо муфид аст.
- Дар баробари истеъмоли доруҳои таъиннамудаи духтур ҳамчунин истифода аз маҳлули регидрон, ҷӯшобаи биринҷ ва бобуна, пӯсти анор низ метавонад барои табобати бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мусоидат намояд, - иброз дошт табиби сироятшинос Ифтихор Мирзода.
Ситора Ашӯрова