Бинои 10. Тарс, ваҳм…
Воқеан, пас аз ташхиси ниҳоӣ ва тавсияи духтур барои табобат гирифтан дар бинои 10, беморхонаи Қарияи Боло дар дили ҳар бемор тарсу ваҳмро бедор мекунад.
- Маҳз дар ҳамин ҳолат ба бонувони бемор дастгирии равоншинос лозим аст. Барои зан намуди зоҳирӣ аҳамияти хосса дорад ва аз нигоҳи равонӣ бонувон зебоиро дар ҳар маврид дӯст медоранд, ҳатто дар вазъи шадиди маризӣ. Азбаски аксарашон бо сабаби огаҳӣ надоштан аз оқибатҳои бемориҳои ғадудҳои ширӣ ва ниҳоят гирифтор шудан ба марҳилаҳои охирин ба табибон муроҷиат мекунанд, билохира, таъхир боиси маҳрум гардиданашон аз узви хеш мешавад. Дар натиҷа ҳолатҳои рӯҳии зан ҳар рӯз тағйир меёбад, худро гунаҳгор эҳсос менамояд. Дар ин ҳолат равоншинос ба захираҳои равонии бемор такя мекунад. Асосан такягоҳи асосӣ барои ҳар фард оила, бахусус шавҳар ва фарзандон аст. Барои баъзеҳо эътиқоди динӣ ҳам такягоҳ буда метавонад, яъне аз Худованд зистанро талаб мекунанд, ки ин ҳам хуб аст, - мегӯяд равоншинос Нафиса Юнусова.
Ба иқрори мавсуф, натиҷаи ташхис, ки шаҳодати гирифтор будан аз саратони ғадудҳои шириро медиҳад, зан ба ҳолати сахти равонӣ (шок) меафтад. Баъдан ғазаб пайдо мешавад. Ғазаб ба савдо табдил меёбад. Ба худ дарафтидан ва баҳсҳо бо худ сар мезанад. Мубталои рӯҳафтодагӣ мегардад ва билохира шахс тан медиҳад ба беморӣ. Бо гузашти ин ҳолатҳои равонӣ аксаран инсон вақтро аз даст медиҳад, ки боиси ба марҳилаҳои ниҳоӣ расидани маризӣ мешавад.То расидан ба марҳилаҳои охири беморӣ мумкин аст, ки чанд соли дигар зиндагӣ кард, хароҷоти хонаводагиро ҳам сарфа намуд.
- Беш аз 20 бонуи гирифтори саратони ғадудҳои ширӣ ҳамеша аз ман маслиҳатҳои равонӣ мепурсад. Вобаста ба марҳилаи беморӣ ва давраҳои гузарондаи ҳолати рӯҳиашон бо онҳо муносибат мекунам. Марҳилаи чоруми ин беморӣ марҳилаи ниҳоӣ аст ва дар ин ҳолат ба мариз ёрии дастаҷамъона зарур мебошад. Атрофиён бояд беморро дастгирӣ кунанд, зеро аз нигоҳи равонӣ тан додан ба дард дар марҳилаи чоруми маризӣ дар вуҷуди инсон пайдо мешавад. Афсӯс, бештари мардон бо эҳсос намудани маризӣ дар зан кӯшиш мекунанд, то роҳи зиндагиашонро дигар намоянд,- мегӯяд ӯ.
Чаро МАН бемор шудам? Чӣ гуноҳ кардам?
Садафмоҳ (ном иваз шудааст) бемори саратони ғадудҳои ширӣ аст. Ӯро бори аввал халазании сина соли 2013 безобита намуда буд. Зиндагии нобасомон, ки дошт, фикр кард, ки дилаш аз мушкили зиндагӣ ба дард омада. Духтури қалб ҳам чунин гуфт, ки рагҳои хунгарди дилаш «шамол хӯрдааст». Чанде пас ҳангоми саршӯӣ дар пистонаш ғударо эҳсос кард. Дилаш таҳ кашид. Ба духтури оилавӣ муроҷиат намуд. Табиб тавсия дод, то ҳатман ба хидмати саратоншинос рӯ оварад. Ташхиси пизишк ӯро қаноат надод. Бо маслиҳати писараш ба духтурони Русия эҳтиёҷ бурд. Саратоншиносони рус нӯшидани чанд намуди ҳабро барояш тавсия карданд. Ғуда дар ғадуди шириаш гум шуд. Соли 2017 дар синаи дигараш чунин ғударо дид. Бо мушкилоти хонаводагӣ натавонист, то ба пизишк оҷилан муроҷиат кунад. Бо далели вақтро гузарондан ғуда афзоиш намуд. Духтурон ба Садафмоҳ тавсияи ҷарроҳӣ доданд.
- То ҷарроҳӣ ҳатто фикр намекардам, ки ман аз узви баданам маҳрум мешавам. Дар зеҳнам ин буд, ки ғударо мезудоянду халос. Баъди ҷарроҳӣ дидам, ки пурра пистонамро буридаанд. Афсудаҳолӣ сахт дар ман гирифт. Гиря кардам, ки чаро ман ба ин дард гирифтор гаштам? Ба касе бадӣ накардаам - ку? Ба дард тан додам, зеро илоҷ надоштам. Дигар чун солҳои қаблӣ дар маъракаҳо ҳазлу шӯхӣ намекунам, намерақсам, доиранавозӣ наменамоям. Ба ҳар куҷо ҳам намеравам, метарсам, ки мабодо мардум аз ман ҳазар кунанд, - таассуфомез иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Омилҳои гирифторӣ ба саратони ғадудҳои ширӣ зиёданд…
- Бемории саратони ғадудҳои ширӣ аз ҷумлаи омосҳои бадсифат буда, ба гурӯҳи хатарнок дохил мешавад. Тибби муосир собит намудааст, ки дар ҳар зани аз 59 то 70-сола эҳтимолияти гирифторшавӣ ба бемориҳои ғадудҳои ширӣ вуҷуд дорад. Сабабҳои мубтало гаштан ба маризии саратони ғадудҳои ширӣ сину сол, тағйирёбии ирсӣ ё худ ирсият, истеъмоли зиёди маводи синтетикӣ, чарбу, истеъмоли зиёди чойи сиёҳ, қаҳва, оби газнок, ки дар занҳо баландшавии ҳормонҳоро меафзояд, буда метавонад. Изтироб ё асабоният, афсурдаҳолӣ (стресс) ва фарбеҳӣ, муддати зиёд набудани муносибатҳои марҳамона байни зану шавҳар, нурҳои ултрабунафши офтоби сӯзон ҳам боиси пайдоиши ин беморӣ мебошанд, - мегӯяд маммолог – саратоншинос Наргис Ғайратова.
Мавсуф ба бонувони ҷавон таъкид медорад, ки бачамаконии бардавом ва тарзи ҳаёти солимро интихоб намоянд, чаро ки исқоти ҳамл, истифода аз ҳабҳои зиддиҳамл, ки ба баландшавии ҳормонҳои ҷинсӣ мусоидат мекунанд, шояд сабаби дигари пайдо шудани бемориҳои пешазсаратонӣ, аз қабили мастопатияи мавқеӣ, фиброаденомияи баргмонанд ва гиперплазаи хушсифати ғадудҳои ширӣ гарданд. Дар буняи инсон чанде аз ин омилҳо дар якҷоягӣ метавонад боиси беморшавӣ гардад ё танҳо як омили таъсиркунанда сабаб мешавад.
- Аслан, дар синаи зан ё ғадудҳои ширии зан ягон ғуда, сахтӣ ё ноҳамворӣ набояд эҳсос шавад. Аз ин рӯ, мебоист бонувон аз худмуоинакунӣ истифода кунанд. Яъне, чӣ тавр? Дар 7–8-уми рӯзи давраи ҳайз дар назди оина ё дар ҳолати якпаҳлу хобидан пистонҳои худро ламс намоянд. Дар сурати ҳис намудани ғуда, резиши обияти сабзмонанд, хун, фасодравӣ аз нӯги сина ба марказҳои саломатӣ муроҷиат кунанд. Дар ҳамбастагӣ бо марказҳои саломатӣ, саратоншиносону маммологҳо аз муоина ва ташхис гузаранд. Маврид ба ёдоварист, занҳои ҷавоне, ки дар ирсият бемории саратони ғадудҳои ширӣ доранд, ба хотири солимии хеш дастикам ҳар шаш моҳ аз назорати мутахассисони саратоншинос гузаранд, - мегӯяд пизишк.
Ба иқрори Наргис Ғайратова бо муроҷиати саривақтӣ ба табибон дар марҳилаи аввали беморӣ ҷарроҳии узвнигоҳдоранда гузаронда мешавад, ки ба ин васила хунравию фасод ва пӯсиши омос пешгирӣ мешавад. Ҳамчунин, боиси хисороти зиёди буҷети хонаводагӣ намегардад. Аз он ки бештари маризон вақтро сарфи худтабобаткунӣ менамоянд, дар натиҷа саратон ба тамоми узв реша медавонад ва зарурати истифода аз кимиёдармонӣ, табобати нурӣ ва ҳатто гирифта партофтани узв ба миён меояд. Ӯ мутаассиф аст, ки гирифторони саратони ғадудҳои сина асосан дар марҳилаҳои сеюм ва чоруми маризӣ ба духтур муроҷиат мекунанд.
- Байни мардум мегӯянд, ки агар ба захм теғ расад, оқибати бад дорад. Ин гуфтаҳои беасос дар дили бемор бимро бармеангезад ва аз табобати бармаҳал худдорӣ мекунад. Занҳоеро медонам, ки бо табобати саривақтӣ 25–30 сол аст, ки байни одамон кору зиндагӣ доранд. Баъдан, аз тамғагузорӣ ё доғгузорӣ байни аҳолӣ тарс доранд, ки гӯё бемории саратони ғадудҳои ширӣ гузаранда аст ва атрофиён аз онҳо ҳазар хоҳанд кард. Аз ин хотир, дарди худро пинҳон медоранд, то лаҳзаи охирини ба истилоҳ «ҷон ба лаб омадан». Ин дар ҳолест, ки саратони ғадудҳои ширӣ сироятӣ нест ва тамоми намудҳои хушсифати он дар сурати сари вақт ба табобат фаро гирифтан, қобили табобат мебошанд. Гирифторони ин намуди маризӣ баъди ҷарроҳӣ муддати шаш моҳ дар назорати духтур мемонанд ва баъдан ҳар сол барои ташхис ба маммолог муроҷиат мекунанд. Занҳои солим низ бояд ҳар сол як маротиба аз ташхиси маммограф, ултрасадо гузашта, аз маслиҳати маммолог бархӯрдор шаванд.
P.S. Чанде пеш дар мизи мудавваре роҷеъ ба ин мавзӯъ Умарзода Саида Ғайрат, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, зикр намуд, ки табобати бемории саратони ғадудҳои ширӣ хароҷоти зиёдро талаб мекунад, бахусус онҳое, ки эҳтиёҷ ба кимиёдармонӣ доранд. Зеро гузарондани ҳар навбати кимиёдармонӣ пас аз ҷарроҳӣ то 1700 сомонӣ буда, на ҳар бемор тавоноии пардохташро дорад. Аз ин хотир, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ВТҲИА ҶТ тасмим гирифтааст, маблағи муайяне (650 ҳазор сомонӣ) барои дармонбахшии гирифторони маризии номбурда сарф намояд. Бошад, ки ин иқдом мавриди баҳрабардории беморон қарор гирад.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО