Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд:
«Ман борҳо изҳор доштаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону муҳтоҷонро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва намегузорам, ки онҳо дар ҳаёт худро бепарастор, бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд».
Рӯ овардан ба эҳсонкорӣ бо ҳидоятҳои падар
Маҳз бо ҳидояти падари саховатманду хайрпеша — Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон соли 2009
Фонди хайрияи «Лона»-ро таъсис дод.
Амволи фонди мазкур аз ҳисоби хайрияи шахсони воқеию ҳуқуқӣ, маблағҳои грантӣ, қарзҳои бонкӣ ва навъҳои дигари вомҳо, даромадҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон нагардидаанд, аз ҷумла аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии субъектҳои хориҷӣ ташаккул меёбанд.
Самти асоси фаъолият
Фонди хайрияи «Лона» аз рӯзҳои аввали таъсис ҳамкории самарабахшро бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор тақвият бахшида, дар ин замина бо шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва шуъбаи бемориҳои сӯхтаи бемористони клиникии №3 шаҳри Душанбе робитаи қавӣ ба роҳ мондааст.
Фонди мазкур шурӯъ аз соли 2010 лоиҳаеро таҳти унвони «Ёрӣ ба беморхона» роҳандозӣ менамояд, ки масъалаҳои муҳим, аз қабили пайдо кардани маблағ барои табобати кӯдакони бемор, харид ё дарёфту дастрас намудани доруҳои кимиёвию таҷҳизоти тиббӣ, маводи дармонӣ, амалӣ кардани ёрии моддӣ барои тайёр кардани коршиносони баландихтисоси тиббиро дар бар мегирад.
Ёрӣ ба кӯдакони бемор дар соли 2017
Ҳамкорӣ бо шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» аз самти афзалиятноки оинномавии фаъолияти «Лона» боқӣ мемонад. Дар шуъбаи мазкур, ки дорои 30 кат мебошад, кӯдакони аз синни таваллуд то 18- сола табобат мегиранд. Соли 2017 дар шуъбаи мазкур дар маҷмӯъ 995 кӯдаки бемор муолиҷа гирифт, ки аз онҳо 691 нафарашро беморони мубталои саратон ташкил медиҳанд. Ин кӯдакони бемор бо 10 намуд доруҳои «кимиёдармонӣ» ва то 20 намуд дорувории шифобахш ба таври ройгон таъмин шуданд, ки ин нишондод 95 % тамоми беморонро фаро мегирад.
Тавре зикр гардид, дуюмин самти бартаридоштаи фаъолияти фонд ин расондани ёрӣ ба кӯдакони мубталои касалиҳои сӯхта аз оилаҳои камбизоат мебошад. Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 дар маҷмӯъ дорои 165 кати бистарӣ буда, шуъбаи бемориҳои сӯхтаи он аз 60 кат, аз ҷумла 6 кати эҳёгарӣ, 27 кати кӯдакона ва 27 кати беморони калонсол иборат мебошад. Аз ҷониби фонд кӯдакони бемор аз оилаҳои камбизоат бо дорувориҳои мавриди ниёз таъмин мешаванд. Дар соли 2017 ин маблағ 73 403,00 сомониро ташкил дод.
«Лона» ёрии маънавӣ ҳам мерасонад
Гузарондани чорабиниҳои ҷашнӣ барои кӯдакони бемори марказҳои зикршуда низ яке аз самтҳои фаъолияти фонд маҳсуб мешавад. Кормандони он чун идомаи анъанаи солҳои пешин, соли 2017 низ маъракаҳои «Соли Нав», «Ҷашни Наврӯз», «Рӯзи ҳифзи кӯдакон», «Иди Қурбон», «Иди Рамазон», «Рӯзи Истиқлолият»-ро бо кӯдакони бемор ҷашн гирифта, барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, пешниҳоди барномаи ҳунарии хайриявӣ таҳти унвони «Фардо хуршед меояд» ва намоиши афсонаҳои ҷолиб, инчунин, омадани қаҳрамонҳои афсонавӣ ба аёдати беморон ва ғайраҳо.
Ҳамкории «Лона» бо фонди хайрияи Муҳаммад Рашид ал-Мақдум
Бо ташаббуси фонди хайрияи Муҳаммад Рашид ал-Мақдум, ки яке аз шарикони асосии фонди «Лона» дар минтақаи Ховари Миёна маҳсуб мешавад, аз 27 октябр то 4 ноябри соли гузашта гурӯҳи 27-нафараи ҷарроҳони қалб ва пизишкон аз 13 кишвари ҷаҳон аз Амороти Дубайи АМА ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Тамоми масъалаҳои марбут ба корҳои ташкилию ташрифотии сафари гурӯҳи мазкурро фонди «Лона» ба уҳда дошт.
Гурӯҳи мазкур муштаракан бо мутахассисони тоҷикистонӣ давоми як ҳафта 20 ҷарроҳии кушодаи қалби кӯдакони бемориашон шадид ва 40 ҷарроҳии усули ангиографиро бомуваффақият анҷом доданд. Ҳамаи ин 60 нафар кӯдаки ҷарроҳишуда пурра шифо ёфт.
Ба «Лона» номаҳои бешумори сипос ворид мешаванд
Волидони хурдсолоне, ки аз ранҷи бемории даҳшатбори саратон азият мекашанд ва Фонди хайрияи «Лона» дар табобати онҳо саҳм мегузорад, имрӯз аз муассис ва кормандони он изҳори сипосу қадршиносӣ мекунанд. Ба «Лона» номаҳои пур аз меҳру саршор аз миннатдории онҳо пайваста ворид мегарданд.
Сипосномаи меҳрбори наврасон ва пайвандони онҳо ба кормандони «Лона» илҳоми тоза бахшида, қадамҳои эшонро дар ин роҳи хайр боз ҳам қавитар мегардонад. Дар яке аз чунин номаҳо омадааст: «Ба муассиси Фонди хайрияи «Лона», ба шахси хайрхоҳу ёрирасон муҳтарам Озода Раҳмон! Сипоси бепоёни моро аз номи волидайни кӯдаконе, ки бо амри тақдир ба бемории даҳшатбори саратон гирифтор шудаанд ва ҳоло бо умеди зиёд дар табобатхона муолиҷа мегиранд, қабул намоед.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин ашхос пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Лекин барои бартараф намудани ин мушкилӣ он кифоя буда наметавонад. Дар баробари ин фонду ташкилотҳои хайриявӣ ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳе низ ҳастанд, ки бо дастгирии худ дар ин самт саҳмгузоранд. Аз ҷумла, Фонди хайрияи «Лона», ки бо ташаббусу дастгирии Шумо таъсис ёфтааст, ёрии худро ба кӯдакони мубталои бемории саратон дареғ намедорад.
Тасодуфӣ нест, ки фонд «Лона» номгузорӣ шудааст. Лона манзили чӯҷаҳои парандаҳо ба шумор рафта, ҷоест, ки ин чӯҷаҳоро аз хавфи нобуд шудан эмин медорад. Табиист, ки он хонаи умеди парандагон ва чӯҷаҳои ба тозагӣ ба дунё омадаи онҳо мебошад. Аз ин лона чӯҷаҳо бол кушода, парвози нахустини худро оғоз менамоянд. Бигзор фонди Шумо минбаъд низ барои эҳтиёҷмандон хонаи умед гардад.
Бо эҳтироми бепоён: Баҳромова Гулибоғ,
Одинаева Маҳбуба, Алиева Меҳринисо,
Эшмуродова Шоҳсанам, Бобомуродова Бахтигул, Саидов Муборак,
Холиқов Исматулло, Маҳмуродова Латофат, Гулоева Бунафша ва дигарон».
«Лона» доираи фаъолияти худро васеъ менамояд
Фонди хайрияи «Лона» тасмим гирифтааст, ки дар оянда мувофиқи дурнамо доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ба ин восита дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ёрирасони эҳтиёҷмандон бошад. Дар асоси дастури муассис кормандони фонд ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ бо кишварҳои марбутаи хориҷӣ ва дар доираи иҷрои бандҳои нақшаи солона, ба таври кулл бо кишварҳои хориҷӣ чанд мулоқот анҷом дода, қадамҳои аввалинро дар самти густариш ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба бо фонду ташкилотҳои хайриявии хориҷӣ гузоштанд. Ин ҳамкорӣ минбаъд низ вусъат дода мешавад.
Рухсораи НУР